Баҳси “Фалак” дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Бахшида ба рӯзи “Фалак” дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон ва ходимони санъат конфронси илмӣ баргузор гардид.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар сухани муқаддамотии худ Фалакро қадимитарин мусиқии суннатии кишвар хонд ва гуфт, ки сар аз соли 2007 ҳар сол 10-уми октябр чун рӯзи ҷумҳуриявии “Фалак” таҷлил мешавад.
Шариф Комилзода аз таърихи эҳёи ин мусиқии бостонӣ ёд кард ва гуфт, ки 20 уми июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис шуд ва баъди 12 сол ПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба он мақоми давлатӣ дод. Ин анчамбл ҳоло дар назди Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ амал мекунад. 
Дар конфронс Арбоби Ҳунари Тоҷикистон. Профессор Ҷӯрахон Обидпур дар мавзуъи “Иҷроиши “Фалак” дар дастаҳои ҳунарии созӣ”, узви Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов дар мавзуъи “Пажуҳиши “Фалак” дар Тоҷикистон”, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов оид ба “Фалак” дар чорчӯбаи мусиқии асил, ҳунарманди шинохта ва яке аз фалаксароёни муваффақи кишвар Умар Темур дар бораи мақоми сози ғижжак дар “Фалак”, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов  оид ба нақши рӯбоӣ дар мусиқии халқӣ ва классикӣ, профессор Қурбони Қурбониён оид ба силсилаи лаҳнии “Фалак” суханронӣ карданд.
Устоди мусиқӣ ва таронаи тоҷик Давлатманд Холов бар ин назар аст, ки Фалак аз қадимитарин мусиқии миллии тоҷикӣ буда, як жанри хеле озод аст ва аслан қолабро намеписандад. Муҳаққиқон ва мутахассисон мегӯянд фалак аслан ифодагари рӯҳи озодихоҳи инсон аст. Садои озод синаро гӯё мешикофад ва аз қафаси тангу зиндонӣ берун меҷаҳад, паёми ин озодиро ба атроф паҳн мекунад, атрофиёнро тасхир мекунад ва руҳе, ки озод шуд, ба ҳадаф худро мерасонад.
Дар қисмати охири нишаст донишманди шинохтаи Афғонистон, доктор Шамсуллҳақи Орёнфар оид ба умумиятҳои мусиқии халқҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ибрози назар намуд.
Ҳамчунин пажуҳишгари тоҷик Ҷонибеки Асрориён ва чанде дигар аз ширкаткунандагон андешаҳои худро роҷеъ ба гузашта ва имрӯзи “Фалак” баён дошанд.
Ҷонибеки Асрориён аз ҷумла гуфт: «Нуқтае, ки мардум бисёр дар он талош мекунанд, ки дар фалак ҷой кунанд, инро шикоят аз фалак медонанд. Вале мо хуб медонем, ки мардуми мо бо тамоми  овоз шикоят  намекунанд, аввал ин ки аз Парвардигор шикоят намекунанд, ҳар чизе ки ҳаст, ба он  шукр мекунанд- агар мо фалакро дар симои Парвардигор бишносем. Дигар ин ки метавонанд ба тариқи муноҷоти хеле оддӣ ва содда ва ҳам бисёр дар дил аз Худованд ҳар чиз тақозо кунанд, на бо доду фарёди беҳуда. Чаро мо бояд шикоят кунем аз Парвардигор? Мардуме бояд шикоят кунад, ки аслан дар таърих қаҳрамонзода надоштанд. Ва мегӯянд, ки тавлидгоҳи Фалак аслан кӯҳистони Хатлон аст. Мардуме, ки муқобили Искандари Мақдунӣ меҷангиданд, арабҳоро шикаст доданд ва шери аввалини тоҷикӣ тавлид шуд. Аввалин муқовиматро онҳо шурӯъ карда, ба муқобили муғул ҷангиданд, муқобили ворисони Темур Хоҷа Юсуфи Хатлонӣ исён кард. Восеъ муқобили манғитҳо ҷангид ва ин мардум аз мардуми заифу тарсу нестанд, ки шикоят кунанд. Ин тарз бояд, ки набошад».
Маврид ба ёдоварист, ки дар рушд ва тавсеъаи Фалак ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми зиндаёд Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Соҳиба Давлатшоева ва чанд тан аз ҳунармандони варзида бузург аст.

Бархе аз суханрониҳои ин нишаст ба зудӣ чоп хоҳад шуд.

барчасп: