Ария

АРИЯ (итал. Aria – суруд, оҳанг),1) суруди мукаммали шаклан итмомёфта, порча аз опера, оратория, ки ҳофиз дар ҳамоҳангии оркестр иҷро мекунад. А. одатан барои ифшои эҳтиросоти ботинӣ, хислат ва майлу рағбати қаҳрамони опера кўмак мерасонад ва санъати баланди сарояндагиро тақозо менамояд. Дар мусиқии Европаи Ғарбӣ А. ҳанўз а. 15 маълум буд. Дар Франсия (а. 16) навъҳои гуногуни А. пайдо шуданд. Баъзе композиторони франсавӣ (М. Ламбер, М. Лабар) А. - ро шаклан такмил дода, ба он бандҳои иловагии вариатсиядорро илова намуданд. Марҳилаҳои дигари инкишофи А. бо эҳёи мусиқии вокалӣ-операвии италиявии а. 17 – 18 вобастагӣ доранд. А. минбаъд дар санъати операи ҷаҳонӣ тадриҷан нақши намоён пайдо кард (мас., А.-и Кармен аз операи «Кармен»-и Ж. Бизе, А.-и Баттерфляй аз операи «Чио-Чио Сан»-и Пуччини, А.-и Мефистофел аз операи «Фауст»-и Ш. Гуно). Авҷи инкишофи А. дар мусиқии операвии рус ба эҷодиёти М. И. Глинка иртибот дорад. Имконият ва ҷиҳатҳои хоси А. дар эҷодиёти композиторони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ С. С Прокофев, Д. Д. Шостакович, Д. Б. Кабалевский, З. П. Палиашвилӣ, А. А. Спендиаров, М. А. Ашрафӣ ва дигарон фаровон истифода шудааст. Композиторони тоҷик барои ифшои эҳсосот ва эҳтироси ботинии қаҳрамонони операҳо аз А. моҳирона истифода намудаанд (А.-и Комде аз операи «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, А.-и Пўлод аз операи «Пўлод ва Гулрў»-и Ш. Сайфиддинов). Инчунин А. дар операҳои «Бозгашт»-и Ё. Сабзанов, «Лаънаткардаи халқ» ва «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, «Рустам ва Сўҳроб»-и Т. Сатторов ва дигарон хеле рўҳнавоз истифода шудааст. Ариетта, ариозо, каватина, каболетта ва ғ. навъҳои А. мебошанд; 2) пйесаи консертии шабеҳи А.-и операвӣ барои яккахон; 3) номи пйесаҳои мавзун дар мусиқии созӣ.