Аз равзанаи қомусҳо

Ошноӣ бо асбобҳои мусиқӣ - АРФА

АРФА (итал. arpa, нем. – harfe), сози тории қадимаи мусиқӣ, ки шакли секунҷа дошта, ба чанги амудӣ монанд аст. Аз поён то болои ин соз торҳои ҷўрашон гуногуни дарозиашон ҳархела гузаронда мешаванд. А. яке аз созҳои қадима буда, авв. а. 19 такомул ёфтааст. А. 46 тор (зеҳ) дошта, қаторовози хроматикиаш (бо бемол) бо ёрии 7 фишанги пой ҳосил карда мешавад. Ҳар фишанг метавонад овозҳои номбаршударо дар ҳама октаваҳо ним парда ё як парда бардорад. Меъёри овози А. аз Ces то fis 4 (аз до-бемоли контроктава то фа-диези октаваи 4) мерасад. Партияи А.

Ошноӣ бо мусиқӣ - АРПЕҶИО

АРПЕҶИО, арпеҷо (итал. Arpeggio – монанди арфа), пайиҳам садодиҳии овозҳои аккорд; ҷудо-ҷудо навохтани овозҳои аккорд, ки бештар аз пардаи поён сар мешавад. Ҳангоми навохтани созҳои клавишдор(тугмачадор) одатан мавҷҳои овозӣ пеш аз аккорди дигар то охир риоя мегарданд. Ҳангоми навохтани созҳои торӣ А. мувофиқи имкониятҳои хоси онҳо танҳо дар 2 овози боло ё як овози баландтарин риоя мешавад. Суръати А.-навозиро хусусиятҳои пйеса муайян мекунад. Ҳоло аккордҳои (бисёровоза) А.-ро аз қаторовози поёнӣ навохта ба боло мераванд. Пештар онро аз боло ба поён менавохтанд.

Аркони мусиқӣ

АРКОНИ МУСИҚӢ, унсури зарбиест, ки дар мусиқии классикии тоҷику форс низоми зарби дафро дар оҳанг ба вуҷуд меорад. А. м. одатан ба иқоъ мутааллиқ буда, аз сабабу ватад ва фосила иборат аст. Агар атонини  ягон оҳангро ба назар гирем, муайян мешавад, ки он аз кадом рукнҳо таркиб ёфтааст, яъне аз рўи гаронию сабукии зарбҳо А. м. маълум мегардад. Мас. А.

Ария

АРИЯ (итал. Aria – суруд, оҳанг),1) суруди мукаммали шаклан итмомёфта, порча аз опера, оратория, ки ҳофиз дар ҳамоҳангии оркестр иҷро мекунад. А. одатан барои ифшои эҳтиросоти ботинӣ, хислат ва майлу рағбати қаҳрамони опера кўмак мерасонад ва санъати баланди сарояндагиро тақозо менамояд. Дар мусиқии Европаи Ғарбӣ А. ҳанўз а. 15 маълум буд. Дар Франсия (а. 16) навъҳои гуногуни А. пайдо шуданд. Баъзе композиторони франсавӣ (М. Ламбер, М. Лабар) А. - ро шаклан такмил дода, ба он бандҳои иловагии вариатсиядорро илова намуданд. Марҳилаҳои дигари инкишофи А.

Арғунун

АРҒУНУН (юн. organon – соз), сози мусиқии қадимаи юнониён. А. як навъи созҳои забончадору бодист. А. портативӣ, дастӣ,позитивӣ ва бузург мешавад. А. сози нисбатан мураккаб буда, аз қисмҳои зерин иборат аст: найчаҳо (дами ҳаводеҳ ва найҳои ҳавогузарони чӯбӣ), дастгоҳи танзим (ҷойи клавишҳо барои даст ва пой), вентилятор ва муҳаррики электрӣ. Дар тарафи чапу рости арғунуннавоз воситаҳои навозиш – дастаҳои бӯъдӣ, тугмаҳо ва фишангҳои кӯмакӣҷой дода шудаанд, Найҳо ва найчаҳои ҳавогузарон дар дохили баданаи чӯбии А. насб шудаанд.