Activities calendar

11 июня 2026

Омодагии муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии ВМКБ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Истиқлолияти давлатӣ  беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиши миллӣ  маҳсуб ёфта, омили асосии рушду тараққиёт ва пешрафти ҳар як давлату миллат,  ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад.Тоҷикистон дар давоми 35-соли истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандона, оқилонаву одилона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ташаббусҳои ин шахсияти таърихӣ,..

барчасп: 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ МУТТАҲИДКУНАНДАИ МИЛЛАТ

Мароҳили расидан ба ҳувият ва ё худшиносии миллӣ дар ҳар кишваре ҳар гуна сурат мегирад. Миллате ба он тайи чанд даҳсола мерасад ва барои дигаре ҳам сад сол ҳанӯз басанда нест. Дар касби ҳувият як рукни хеле муҳим - маориф нақши бориз дорад. Маърифат аст, ки афроди ҷомеаро чашм мекушояд ва онҳоро мусаллаҳ бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ месозад, то ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ талош варзанд...

барчасп: 

ИСТИФОДАИ МАФҲУМИ ОБ ДАР ДУОВУ НАФРИНҲО

Дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём об мавқеи хоса дошта, ниёгони мо дар ҳама давру замон чундигар унсурҳои муқаддас онро гиромӣ медоштанд. Табиист, ки ҳаёти инсонро бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ҳанўз аз замонҳои қадим мардум кушиш ба харҷ медоданд, ки барои истиқомат бештар мавзеъҳои серобро интихоб намоянд...

барчасп: