Дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём об мавқеи хоса дошта, ниёгони мо дар ҳама давру замон чундигар унсурҳои муқаддас онро гиромӣ медоштанд. Табиист, ки ҳаёти инсонро бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ҳанўз аз замонҳои қадим мардум кушиш ба харҷ медоданд, ки барои истиқомат бештар мавзеъҳои серобро интихоб намоянд. Об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун неъмати муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ аз нигоҳи илмҳои гуногун таҳқиқ ва баррасӣ гардад.
Дар ин самт тасмим гирифтем дар бораи об ва мавқеи он дар фарҳанги мардуми тоҷик, махсусан, дар дуову нафринҳо чанд андешаеро дар такя ба гуфтаҳои мардум иброз намоем.
Қобили зикр аст, ки дуоҳои мардуми тоҷик ба таври пурра ва аз ҳар минтақа гирдоварӣ нагаштааст. Одатан, тоҷикон, баъди тановули таом – дуои дастархон, ҳангоми гусел ба сафар – дуои сафар, барои шод кардани руҳи гузаштагон – дуои хатми Қуръон ва ё дуо ба арвоҳи гузаштагон, дуои ворид гаштан ба манзил барои меҳмонӣ – дуои хайрияти қадам, дуои хайрро бошад, дар ҳар маврид истифода мебаранд. Ҷавонон кўшиш мекунанд, ки аз пирон дуо гиранд.
Дуоҳои тоҷикӣ, ки марбут ба об ҳастанд, одатан кўтоҳ ва фарогири ду-се ҷумлаи мансур ва ё дорои насри мусаҷҷаъ мебошад. Дар дуоҳои тоҷикӣ аз Парвардигор баракати оби равон ва ҳосили фаровон талаб карда мешавад. Дуоҳои тоҷикӣ, тибқи анъана бо калима ва ибораҳои «Поко, Парвардигоро», «Илоҳо омин (Илоҳӣ омин)», «Ё раб», «Раббано…» ва амсоли инҳо оғоз гашта, бо калимаи «Омин. Аллоҳу акбар» хотима меёбанд. Масалан, дар ин дуои хайр мебинем:
«Илоҳӣ омин. Поко парвардигоро! Худат бақои имон, нишоти хонадон, баракаи оби равон, барори кори деҳқон, шифои беморон, наҷоти қарздорон, озодии зиндониёнро диҳӣ. Дўстба зор, душманба хор нагардонӣ. Аз гавҳари имон, ки ато фармудӣ, ҷудо нагардонӣ. Омин, ё раббул оламин. Аллоҳу акбар».
Дар ин дуо риояи насри мусаҷҷаъ дида мешавад. Доир ба об бошад, баракати оби равон талаб карда мешавад.
Одатан, баъди чорабиниҳо ва ё меҳмонӣ як нафар пири кордида ва ё мулло дуо мехонад ва дигарон «омин» мегўянд. Ҳама иштирокчиёни маросим бо гуфтани омин ба гўяндаи дуо шарик ва ҷонибдор буданашонро изҳор мекунанд. Дар як дуо, ки Р. Раҳмонӣ дар Бухоро сабт кардааст, дар қисмате аз дуо фаровон гаштани об ёд шудааст: «…Худойо, худовандо, фазилати мамлакати мо зийод аст, аз инам зийодтар гардон. Обҳойи мамлакати моро ҷорӣ, ҳосилотҳойи мамлакатҳойи моро бобаракат гардон; касбу кори деҳқону коргар-ба баракат ато фармо!...»
Дар ин дуо аз Худованд обҳои ҷорӣ ва ҳосили бобаракат талаб карда шудааст.
Дар дуои баъди хўрок, дуои дастархон ҳам чунин талаб ба назар мерасад. Масалан, дар ин дуо қисме ба об марбут мебошад:
«Ба йошо умри дароз, ба пиро гавҳари имони Муҳаммадиро (с) ҳамроҳ кунӣ. Аз хазинаи ғайбаш саломат ато кун; баракати оби равон кун; шифойи беморон кун; ҷумла калимагўйро ба муроду махсадашон расон…»
Дар матни дуоҳо ба ғайр аз он ки баракати оби равон талаб карда мешавад, инчунин аз об – селу обхезӣ ва дигар офатҳое, ки ба об робита доранд, паноҳ талаб мегардад. Дар ин дуо аз чанд офтат ва аз ҷумла об паноҳ талаб гаштааст:
«Ҷамийи соҳиби хона, фарзандакошона, наберакошона, меҳмонойи акойи азида, худойо, худовандо, фарзандакошона ҳамеша аз офати замон, аз гуноҳойи гарон, аз шарри шайтон, аз туҳмати ногаҳон, аз раҳ раста, об, олов, сераҳа, чорраҳа, мошин худат дар паноҳи исматат нигаҳ дор…».
Дар як қатор дуоҳои тоҷикӣ талаби об бо шеър гуфта мешавад, ки ҳамоно аз осори адибони форсу тоҷик иқтибос гирифта шудааст. Як қатор дубайтӣ, рубоӣ ва қитъаҳои шоирон ҳамчун дуо дар байни халқ паҳн гаштаанд ва табиист, ки тағйир ёфтаанд ва ё вариантҳои нав ба вуҷуд омадааст, ки ин хоси осори фолклорӣ мебошад. Ин рубоии Абўсаиди Абулхайр ҳамчун дуо ва талаби борон гуфта шудааст, ки ба дуоҳои кунунӣ хеле монанд мебошад:
Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист,
В-аз хони карам неъмати алвон бифирист.
Аз баҳри лаби ташнаи тифлони набот,
Аз синаи абр шири борон бифирист.
Дар амалҳои динӣ ва ибодатӣ ҳам ба назар мерасад, ки дуо бо шеър хонда мешавад. Масалан, ҳангоми масҳи сар дар таҳорат ин дубайтӣ хонда мешавад:
Сарам хоки раҳи ҳар чор сарвар.
Абўбакру Умар, Усмону Ҳайдар.
Нишинанд чор бурҷи ҳавзи Кавсар,
Диҳанд обе ба мо ёрони пайғамбар.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуоҳое ҳастанд, ки ба об рабт доранд ва хеле кўтоҳ мебошанд. Ҳангоме, ки наврас ва ҷавоне кори хуберо нисбати калонсоле мекунад, бузургсол чунин дуо мекунад «Илоҳӣ, умрат об барин дароз шавад!» ва ё «Умри оба бинӣ, баччам» мегўяд. Варианти шўхиомез ва барои наврас ва ҷавони хонадорнашуда гуфташавандаи ин дуо ҳам ҳаст, ки чунин аст: «Худо тува умри оба, зани боба тияд» - худованд ба ту умри об ва зани боб – нек ва некўкор.
Дар дуоҳо дида мешавад, ки умри дароз ба об ташбеҳ карда мешавад.
Дар баробари дуоҳо нафринҳое ҳам ҳастанд, ки ба хусусияти об нигаронида шудаанд. Гирифта рафтани об касеро ва ё чизеро ба маънои марг ва ё нобуду нестшавӣ аст. «Очата об барад!», «Хоната об барад» ва ғайра нафринҳо ва ё дуоҳои бад ҳастанд, ки дар он нафрати як нафар нисбати дигар кас гуфта мешавад. Нафринҳое ба мисоли «Додарата дарё дам кашад», «Мурдашў рўта шўяд», «Илоҳим ташна мурӣ» ва амсоли инҳо бо хоҳиши маргталабӣ марбут мебошанд. Нафринҳои марбут ба об нисбатан кўтоҳ буда, ба он касе омин намегўяд ва танҳо ҳиссу нафрати гўянда бо он ифода меёбад.
Дуоҳо ва нафринҳо доир ба об дар байни тоҷикон хеле паҳн гашта,
ҷанбаҳои мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Ба қавли мардум, об ҳам ободкор ва ҳам вайронкор мебошад. Дар матни дуоҳо ба ғайр аз он ки баракати оби равон талаб карда мешавад, инчунин аз зиёни об – селу обхезӣ ва дигар офатҳое, ки ба об робита доранд, мардум паноҳ талаб мекунанд. Ҳамин тариқ, дар дуоҳои неки мардумӣ образи обҳои нек, баракатдиҳанда, ободгар ва ризқи мардум тасвир шудаанд.
Зафар Ҳусейнзода

