Омодагии муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии ВМКБ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Истиқлолияти давлатӣ  беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиши миллӣ  маҳсуб ёфта, омили асосии рушду тараққиёт ва пешрафти ҳар як давлату миллат,  ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад.Тоҷикистон дар давоми 35-соли истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандона, оқилонаву одилона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ташаббусҳои ин шахсияти таърихӣ, ки тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи  байналмилалӣ барои худ касб намояд, ба давлати мустақил ва пешрафта табдил ёфт.

Дар даврони истиқлол бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои хоҷагии халқ рушд намуда, аз ҷумла дар самти маориф ва фарҳанг низ дигаргуниҳои назаррас ба вуқуъ пайваст.

Бо мақсади омӯзиши вазъи воқеии рафти корҳои созандагиву ободонӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ гурӯҳи корӣ дар ҳайати панҷ нафар ба ВМКБ сафар намудем.  Дар равнди сафари корӣ мушоҳида гардид, ки ороиши кӯчаву хиёбонҳо, сифати насби шиору овезаҳо бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дастгирии ҷавонон дар меҳвари сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, зимни ҳама вохӯриҳо ва суханрониҳои хеш ҷавононро ҳамчун қишри созанда ва нерӯи пешбарандаи давлату ҷомеа меҳисобанд. Ҳамзамон дар ин замина пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонони моро зарур аст, то ба омӯзиши касбу ҳунар машғул гардида, дар ҷомеа ҳамчун мутахассиси варзида мавқеи худро ёбанд, соҳиби обрӯ ва эҳтироми хосса гардида, ояндаи худ ва Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу дурахшонтар намоянд. 

Дар рафти сафар ба шаҳру ноҳияҳои зикршуда маълум гардид, ки дар ноҳияҳои вилоят нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ, ҷашнӣ бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, корҳои созандагиву ободонӣ рангубор ва таъмиру навсозии муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили китобхона, хонаи фарҳангӣ, қаср ва клуб  идома доранд. Дар ноҳияи Дарвоз бо омадани 35-солагии  Истиқлолияти давлатӣ як китобхонаи навбунёд дар деҳаи Сангев бо иштироки раиси вилоят кушода шуд ва як хонаи фарҳанг аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Инчунин дар н. Ванҷ 1 қасри фарҳанг дар деҳаи Жамак ҷамоати деҳоти Язгулом як хонаи фарҳанг навсозӣ, як китобхона ва як мактаби мусиқӣ то ҷашни 35-солагӣ ба истифода дода  мешаванд. Дар ноҳияи Рушон бошад як мактаби мусиқӣ сохтмонаш идома дорад ва як китобхона дар деҳаи Шуҷанд таъмир карда шудааст. Ҳамзамон  дар н. Шуғнон 3 муассиса таъмир ва азнавсозӣ шуда истодааст. Дар ин мавзеъ 2 хонаи фарҳанг ва 1 китобхона мавҷуд аст. Дар ш. Хоруғ бошад, муассисаҳои фарҳангӣ дар сатҳи хуб қарор доранд, насби шиору овезаҳои ҷашнӣ, баннерҳо бо мазмуни ватандӯстӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар н. Ишкошим қасри фарҳанги замонавӣ дар ҳолати азнавсозӣ қарор дорад. Таъмири клубу китобхона ва хонаҳои фарҳангиро ба нақша доранд то ҷашни истиқлол аз таъмир бароранд. Дар н. Рошқалъа низ корҳои ободонӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Худи муассисаҳои фарҳангӣ бошад, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар н. Мурғоб 8 хонаи фарҳанг 3 клуб, 13 китобхона, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхона, 1 театри халқӣ, 1 мактаби мусиқӣ, 1 мактаби санъат фаъолият дорад. Худи масъулони ноҳияи номбурда муассисаҳои фарҳангиро ба нақша гирифтаанд, ки аз таъмир бароранд. Бунёди иншооти ҷашнӣ (қаср хонаҳои фарҳанг ва китобхона, боғҳои фарҳангӣ) бо маром идома дорад. Ба масъалаи кабудизоркунӣ ва ороиши гулгаштҳо диққати махсус дода шудааст.

Дар ҳама муассисаҳо насби шиору овезаҳои ҷашнӣ, баннерҳо бо мазмуни ватандӯстӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ таъсис ёфта, нақша-чорабиниҳои фарҳангӣ тасдиқ шудаанд.

Ҳайатҳои эҷодии маҳаллӣ ба таҳияи сенарияҳо, барномаҳои нав ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнвораи миллии 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардидаанд. Сифати ороиши саҳнаҳо ва майдонҳои баргузории чорабиниҳо аз назари касбӣ мавриди таҳлил ва машварат қарор дода шуд.

Умуман дар равнди сафари навбатии мо дида шуд, ки сокинони шаҳру навоҳии мазкур бо ҷидду ҷаҳд ва завқи комил барои истиқболи ҷашни тақдирсоз омодагии ҳамаҷониба мегиранд, ки муассисаҳои фарҳангӣ дар ин самт дар саргаҳ қарор доранд. 

 мудири шуъбаи фаъолияти

иҷтимоӣ-фарҳангӣ

Шарипов Абдусамад.

барчасп: