ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ МУТТАҲИДКУНАНДАИ МИЛЛАТ

Мароҳили расидан ба ҳувият ва ё худшиносии миллӣ дар ҳар кишваре ҳар гуна сурат мегирад. Миллате ба он тайи чанд даҳсола мерасад ва барои дигаре ҳам сад сол ҳанӯз басанда нест. Дар касби ҳувият як рукни хеле муҳим - маориф нақши бориз дорад. Маърифат аст, ки афроди ҷомеаро чашм мекушояд ва онҳоро мусаллаҳ бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ месозад, то ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ талош варзанд. 

Дар давлате, ки сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ ҳукумфармост, он давлат ҳамаҷониба пеш меравад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву созандагӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои сарҷамъ омадани миллат, ҳифз кардани истиқлолияти давлатӣ, фарҳаги бой ва пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳои ҳаётӣ нақши беназир дорад.

Ваҳдати миллӣ ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави пешрафт ва ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Ин ҷашни фархунда дар ҷомеаи мо тимсоли сулҳу субот, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, боиси рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар ва масъулияти дастаҷамъона барои зиндагии дурахшони ҳозираву оянда дар Тоҷикистон аст.

Агар мо ба фарҳанг нигарем мебинам, ки вожаи “Ваҳдат” дар он ҷо ба маънои ягонагӣ омадааст. Аз ин рӯ мо шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд якдилу яктан ва якҷо бошем. Вақте, ки ҷамъият муттаҳид аст, вақте ки мо муттаҳид ҳастем, пуртавон ба ҳама амали нек ва шоиста мегардем ва ба пешравиҳо комёб мешавем. Ваҳдат ва ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, рафоқат, интизоми хуб, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ иборат буда, арзиши олӣ доштани ҳаёт ва худи инсонро ифода мекунад.

Аз ин ҷост, ки Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи кишвар мебошад. Ваҳдати миллӣ, истиклолияти давлатии тоҷиконро нигоҳ дошта, барои расидан ба вазифаҳои дар наздаш гузоштаи он мусоидат менамояд.

Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди ҷомеаи кишвар ҳамчун дастоварди бебаҳо ва неъмати худододӣ буда, нигоҳ доштани он барои мо қарз ва  ифтихор аст.

Вахдати миллӣ  на танҳо натиҷаи истиқлолияти давлатӣ, балки мисли ғояи умумимиллӣ дар қатори мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст. Он чун як омили пешрафти сиёсати давлатӣ монанди қутбнамо дар тафаккури мардуми Точикистон нақши муҳим мебозад.

Дар шароити кунунӣ, ки ин қадар ҷаҳон дар ҳолатҳои ҳассос қарор дорад, ҳамдигарфахмию таҳаммулпазирӣ дар давлатдории миллӣ муҳимтар аз ҳама гаштааст. Зеро, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ҳар гуна муқовимату низоъро аз байн мебарад.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи миллат ва рушди давлатдории миллӣ дониста мешавад. Боиси сарфарозист, ки мардуми тоҷик бо дарки ин нукта, барои бунёди давлати миллӣ ва ҷомеаи босубот талош доранд ва иттиҳоди худро тақвият мебахшанд.

Саидзода Мафтуна Саид

ходими илмии шуъбаи илмӣ-методӣ

 

барчасп: