Арғунун

АРҒУНУН (юн. organon – соз), сози мусиқии қадимаи юнониён. А. як навъи созҳои забончадору бодист. А. портативӣ, дастӣ,позитивӣ ва бузург мешавад. А. сози нисбатан мураккаб буда, аз қисмҳои зерин иборат аст: найчаҳо (дами ҳаводеҳ ва найҳои ҳавогузарони чӯбӣ), дастгоҳи танзим (ҷойи клавишҳо барои даст ва пой), вентилятор ва муҳаррики электрӣ. Дар тарафи чапу рости арғунуннавоз воситаҳои навозиш – дастаҳои бӯъдӣ, тугмаҳо ва фишангҳои кӯмакӣҷой дода шудаанд, Найҳо ва найчаҳои ҳавогузарон дар дохили баданаи чӯбии А. насб шудаанд. Намои А.-ро найҳои қатори устувонавӣ оро медиҳанд, вале қисман ин найҳо барои навохтан низ истифода мешаванд ва ду тарзи садобарорӣ – лабӣ (ҳавоӣ) ва резонаторӣ (садо дар натиҷаи ларзиши пластинаи оҳангӣҳосил мешавад) доранд. Гурӯҳи найчаҳои як тембр, ки тамоми диапазони А. ва ё як қисми онро ташкил медиҳанд, бӯъди А. ном доранд ва аз як мавод таркиб ёфта, дорои шакли якхела мебошанд. Дарозии найчаҳои садобарор (аз якчанд мм то 10 – 11 м) ба фут андоза мешаванд. Найҳои А. аз руҳ, филизи махсус, ҳамчунин гили кулолӣ, чӯб, коғаз ва пластмасса сохта мешаванд. Теъдоди бӯъдҳо андозаи А.-ро муайян мекунанд. А.-и хурд аз 1 то 16 бӯъд, миёна – аз 17 то 35, калон – аз 36 то 80 ва А.-и бузург аз 81 то 200 ва зиёда аз он бӯъд дорад. Бӯъдҳо ҳар яке дорои номи хос мебошанд. Найҳои бӯъде, ки 8 фут дарозӣ доранд, мувофиқи сабти нотавӣ садо мебароранд: 4 ва 2-футӣ 1 – 2 октава боло ва 16 – 32-футӣ 1 – 2 октава поён. Ҳар як найчаи бӯъдҳои асосии А. фақат як хел садои бетағйир (аз назари баландӣ, тембр ва қувва) мебарорад. Барои ифоданокии садо арғунунсозон механизми наве ихтироъ намудаанд, ки ба воситаи он баъзе садоҳо гӯё аз дур меоянд. Чунин навъи А.-ҳо с. 1670 дар Англия пайдо шуда, аз с. 1712 маъмул гаштанд ва А.-ҳои франсавии а. 19 (А.-и толори калони Консерваторияи Москва) аз беҳтарин ва мукаммалтарин намунаҳои он мебошанд. Дар а. 19 барои А. боз як механизми нав ихтироъ гардид, минбаъд А. ба воситаи навард садо мебаровард ва баъзе бӯъдҳои он созҳои қадимтарини азбайнрафтаро ба хотир меовард. Найҳо аз боде, ки ба воситаи дам ба меъёри муайян равона мешавад, садо мебароранд. То миёнаҳои а. 19 ҳаво ба дамҳо ба воситаи насосҳои дастӣ равона мегардид. Дар А.-ҳои имрӯза аз муҳаррики электрӣ истифода мебаранд. Бо он ҳама мураккабӣ А.-ро як кас менавозад. А. аз 1 то 7 мануал (дастгоҳе, ки дар он клавишҳо барои даст ҷойгиранд) дорад, ки теъдоди клавишҳо дар он ба 60 – 62 (5 октава, аз С то с) мерасанд.
Клавиатураи пойӣ (педал) 32 клавиш дорад (2 2/3 октава, аз С то д) ва он ба нӯги по ва пошна пахш мешавад. Созҳои волинк, шэн (Хитойи Қадим) ва найи Панаи европавӣ тимсоли А. мебошанд. Шакли қадимаи А. гидравлос (А.-и обӣ) аст, ки онро дар Искандария (а. 3 то м.) Ктесибия ихтироъ намуд. Мисриёни қадим, юнониён, римиён ва аҳли Византия А.-ро дар мусиқии дунявӣ (дар сапреҳо, сирк, театр ва маҷлисҳои дарборӣ) истифода мекарданд. Соли 660 папаи Рим Виталиан А.-ро дар мусиқии обидонаи калисо кор фармуд. Соли 980 дар калисои Уинчестер (Англия) А.-и 400 най ва 2 мануаладор пайдо шуд. Қисмбандии найҳо мувофиқи регистр (бӯъд) аз а. 12 оғоз ёфт. Шакли муосири А. тақр. ба а. 16 мувофиқ меояд. Дар Италия ҳанӯз барои А. аз а. 14 Ф. Лезеро, Д. да Качча ва Ф. Ландино асарҳо эҷод кардаанд. Намояндаи бузурги арғунуннавозӣ дар Испания А. де Кабесон буд. Услуби ӯро И. Кабанилес пайравӣ карда, ба он обуранги хос ва тобишҳои бисёровозӣ бахшид. Намояндагони машҳури ин санъат дар а. 17 арғунуннавозони оҳангсоз С. Шайдт, И. Я. Фробергер, И. А. Рейнкен, В. Любек ва дигарон буданд. Баъди онҳо (нимаи авв. а. 18) бузургтарин арғунуннавозу композитор И. С. Бах ба арсаи санъати ҷаҳонӣ омад. Ҳамчунин Ф. Менделсон, Ф. Лист, М. Дюпре, П. Хиндемит, Г. Трекслер (Германия), Н. Давид (Австрия), М. Майзес (Чехия), Б. Шабелский ва Ж. Гандшин, Н. Вакадзин, И. Браудо, А. Гедике, Л. Райзман, В. Бакеева, А. Котляревский, Н. Оксентян, В. Стамболсия, З. Ҷафарова, С. Дайч, О. Янченко, Л. Дигрис, Х. Лепнурм, Р. Уусвяли (арғунуннавозон ва композиторони шӯравӣ) маълуму машҳуранд. Консертҳои А. дар хориҷа, одатан, дар калисоҳо – ҷойе, ки А.-ҳои беҳтарин мавҷуданд, ташкил мешаванд. Э. Каспарини, З. Хилдебрантд (а-ҳои 17 – 18), Ладегаст (А.-и ӯ с-ҳои 1885 – 1959 дар толори хурди Консерваторияи Москва гузошта шуда буд) беҳтарин А.-ҳоро сохтаанд. Навъи нави «А.»-и романтикӣ»-ро а. 19 А. Кавайе-Кол (ягона А.-и сохтаи ӯ дар толори калони Консерваторияи Москва гузошта шудааст) ихтироъ кард.
А.-и Калисои Домро фирмаи немисии Валкор сохтааст. Он басо бузург буда, 117 бӯъд, 4 мануал ва педал дорад. А.-ҳои фирмаи Чехословакия Ригер-Клосс дар толори ба номи П. Чайковскийи Москва, Театри операи Одесса, Консерваторияи Қазон, толори консертии «Баҳор»-и Тошкент, Филармонияи Ереван, толори консертии «Эстония» насб гардидаанд. Аз А.-ҳои фирмаи А. Шуке (Потсдам) дар консерваторияҳои Горкий, Тбилиси, Алма-ато, толори хурди Консерваторияи Москва истифода мебаранд. Дар адабиёти бадеӣ ва маъхазҳои таърихии форсу тоҷик (а-ҳои 9 – 17) оид ба А. ва тарзи навохти он маълумоти зиёде вомехӯрад. Чунин маълумотро аз таснифоти Абуабдуллоҳи Хоразмӣ (а. 12), Кавкабии Бухороӣ (а. 15), Дарвешалии Чангӣ (а. 17) ва ғ. пайдо карда метавонем. Мас. Абуабдуллоҳи Хоразмӣ аз асбоби торӣ будани А. ва шакли кадумонанд доштани он хабар медиҳад. Кавкабии Бухороӣ мавҷудияти А.-и даҳониро зикр кардааст. Дарвешалии Чангӣ мегӯяд, ки А. сандуқмонанд буда, 900 тор дошт ва онро 40 кас менавохт. А.-и яктораи ҳиндӣ низ машҳур будааст. Дар Тоҷикистон нахустин А. дек. 1979 дар толори консертии ДДСТ ба номи М. Турсунзода насб гардид, ки он маҳсули фирмаи чехии Ригер-Клосс буда, 28 бӯъд, 2 мануал, педал ва швеллер (оҳанпардаи новашакл) дорад. Бо пайдоиши А. дар чумҳурӣ композиторон як теъдод асарҳое эҷод намуданд, ки «Хаёлот ва пассакаля»-и Б. Пиговат, «Достони миллӣ» ва силсилаи овозии «Рубоиёти Умари Хайём» барои баритон ва А.-и Ю. Мамедов, достони «Тасниф»-и Х. Ниёзӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Аввалин арғунуннавози тоҷик Дилбар Валаматзода буд.