арғунун

Арғунун

АРҒУНУН (юн. organon – соз), сози мусиқии қадимаи юнониён. А. як навъи созҳои забончадору бодист. А. портативӣ, дастӣ,позитивӣ ва бузург мешавад. А. сози нисбатан мураккаб буда, аз қисмҳои зерин иборат аст: найчаҳо (дами ҳаводеҳ ва найҳои ҳавогузарони чӯбӣ), дастгоҳи танзим (ҷойи клавишҳо барои даст ва пой), вентилятор ва муҳаррики электрӣ. Дар тарафи чапу рости арғунуннавоз воситаҳои навозиш – дастаҳои бӯъдӣ, тугмаҳо ва фишангҳои кӯмакӣҷой дода шудаанд, Найҳо ва найчаҳои ҳавогузарон дар дохили баданаи чӯбии А. насб шудаанд.