АРКОНИ МУСИҚӢ, унсури зарбиест, ки дар мусиқии классикии тоҷику форс низоми зарби дафро дар оҳанг ба вуҷуд меорад. А. м. одатан ба иқоъ мутааллиқ буда, аз сабабу ватад ва фосила иборат аст. Агар атонини ягон оҳангро ба назар гирем, муайян мешавад, ки он аз кадом рукнҳо таркиб ёфтааст, яъне аз рўи гаронию сабукии зарбҳо А. м. маълум мегардад. Мас. А. м.-и усули «Рамал» чунин аст: Аз рўи зарбот вай ба доираи чоруми зарбӣ муттаалиқ буда, рукни он аз 3 зарб, яъне 8 нақра иборат аст, ду сабаби сақилва як фосилаи кубро: тана-тана-тананин, бака-бака-бака-бум.