арпеҷио

Ошноӣ бо мусиқӣ - АРПЕҶИО

АРПЕҶИО, арпеҷо (итал. Arpeggio – монанди арфа), пайиҳам садодиҳии овозҳои аккорд; ҷудо-ҷудо навохтани овозҳои аккорд, ки бештар аз пардаи поён сар мешавад. Ҳангоми навохтани созҳои клавишдор(тугмачадор) одатан мавҷҳои овозӣ пеш аз аккорди дигар то охир риоя мегарданд. Ҳангоми навохтани созҳои торӣ А. мувофиқи имкониятҳои хоси онҳо танҳо дар 2 овози боло ё як овози баландтарин риоя мешавад. Суръати А.-навозиро хусусиятҳои пйеса муайян мекунад. Ҳоло аккордҳои (бисёровоза) А.-ро аз қаторовози поёнӣ навохта ба боло мераванд. Пештар онро аз боло ба поён менавохтанд.