Таърихи мусиқии халқи тоҷик, давраҳои гуногуни пайдоиш ва ташаккулу такомули санъати мусиқӣ, жанру намудҳои гуногуни он, ҳаёту фаъолияти эҷодии олимону ҳунармандон, ҳофизону мутрибон, композиторон ва донандагони хуби фарҳанги мусиқии мардуми моро меомўзад. Бохабар будан аз гузаштаи фарҳанги халқи хеш, омўзиши таърихи бою рангини мусиқии мардуми тоҷик, донишҷўёнро бо давраҳои гуногуни инкишофи он шинос намуда, дар ташаккули ҷаҳонбиниву ахлоқ ва рушди маънавии онҳо саҳми назаррас мегузорад.
Мусиқии мардуми тоҷик ба дарахти азиме шабоҳат дорад, ки решаҳояш ба умқи қарнҳо фурў рафта, аз танаи устувор, шоху барги ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва меваҳои асалину шаҳдбор мураттаб гардидааст.
«Шашамақом»–у «Фалак», «Мавригӣ», «Нақш», «Гўрғулӣ» ва дигар суруду навоҳои мардумӣ маҳсули тафаккур ва эҳсоси олии халқ мебошанд, ки тўли садсолаҳо ташаккулу такомул ва таҳким ёфта, то ба мо расидаанд. Мусиқии ҳирфавии мардуми мо аз Борбади Марвазӣ ва ҳамасрони ў ибтидо гирифта, тавассути олимону шоирон, ҳофизону ҳунармандони мардумӣ ва донандагони илму амали мусиқӣ аз аср ба асру аз насл ба насл, гирдбоду тўфонҳои таърихро убур карда, то замони мо расидааст.
Соли гузашта Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо бо номи “Таърихи мусиқии касбӣ-композитории тоҷик”, ки онро номзади илмҳои таърих, дотсент Абубакр Зубайдӣ гирдоварӣ кардааст, чоп намуд. Китобро мураттиб дастури илмӣ номидааст ва он зери назари Шариф Комилзода интишор ёфта, профессор Ҷӯрахон Обидпур ва доктори илмҳои санъатшиносӣ Б.Қобилова тақриз навиштаанд.
Тавре дар муқаддима омада, ин “барномаи таълимӣ тарз ва
роҳу воситаҳои омўзиши фанни таърихи мусиқии халқи тоҷик (мусиқии касбӣ–композитори)–ро аз нимаи дуюми солҳои 30 асри XX то ба имрўз дарбар мегирад. Барнома барои донишҷўёни курси 2 шуъбаи мусиқӣ ва суруди факултети мусиқӣ–омўзгорӣ, шуъбаҳои эҷодиёти сарояндагони мардумӣ ва ансамбли мусиқии мардумии факултети фарҳангшиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода тартиб дода шудааст, ки ҳамчун маводи роҳнамо ва ёрирасон ба омўзгорони фанни таърихи мусиқӣ тавсия дода мешавад.
Устодони фанни таърихи мусиқӣ ва донишҷўёни
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов,
факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Б. Ғафуров, коллеҷи мусиқии шаҳри Душанбе ба
номи А. Бобоқулов, коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи
Содирхони Ҳофиз дар мавриди зарурӣ метавонанд аз ин дастур истифода баранд”.
Шакли комили дастур: Таърихи мусиқии касбӣ-композитории тоҷик