Соли 2018 дар моҳи март ду рўйдоди муҳим моро интизор аст. Дар баробари таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби СММ 22-юми март Рўзи ҷаҳонии об эълон шудааст ва дар ин рўз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад, ки он ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти кишвар ва ҳар як шаҳрванди он ҳодисаи муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Паёме, ки бо зикри дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, арзёбии фаъолияти ҳар як самту соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, интиқоди камбудиҳои ҷойдошта ва баёни нақшаву дастурҳо ба кулли тоҷикону тоҷикистониён ифтихор мебахшид. Чи тавре ки дар оғози суханронии Пешвои миллат таъкид шуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад». Ин қадамҳои устувор мансуб ба соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ баъдтар як-як шарҳу тафсир шуда, дастуру тавсияҳои ҳатмӣ ба муассисаҳову шахсони масъул дода шуданд”.
Соли 2018 дар моҳи март ду рўйдоди муҳим моро интизор аст. Дар баробари таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби СММ 22-юми март Рўзи ҷаҳонии об эълон шудааст ва дар ин рўз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад, ки он ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал – «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мо аҳли илму фарҳанг ва санъатро намегузорад, ки бетараф бошем. Мавзўи гиромидошт ва истифодаи оқилонаи об дар ҳар давру замон муҳиму актуалӣ буд ва мемонад. Бо истифода аз ин сатрҳо тамоми соҳаҳои аҳли эҷодро даъват мекунам, дар масъалаи омўзиш ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни об таваҷҷуҳ карда, асарҳои арзишманди илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ, таърихӣ ва монанди инҳоро эҷод кунем ва дар татбиқи амалии ин қатъномаи бонуфузи ҷаҳонӣ ибтикори Пешвои миллатамонро ҷонибдорӣ ва пайравӣ намоем. Намунаҳои беҳтарини асарҳои эҷод кардаамонро ба забонҳои хориҷӣ тарҷума намуда, тавассути мақолаву китобҳо, сомонаҳои Интернет ва созмон додани намоишҳои ҳунарӣ ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати тоҷик бо роҳбаладии Пешвои муаззами худ яке аз узвҳои муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои муҳими соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ инчунин ба рушди туризм, таблиғи намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ тавассути сабти онҳо дар феҳристҳои ЮНЕСКО ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин самтҳо дар асл пайванди якдигар буда, бо мақсади муаррифии фарҳанги тоҷикон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми шарифи кишвар матраҳ шудаанд. Маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон маҳсуб мешавад. Кишвари мо дорои табиати зебою афсункор ва фарҳанги зебою нотакрор буда, метавонад ҳамасола ҳазорон сайёҳону табиатдўстонро ба сўи худ ҷалб созад. Аз ин хотир, аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар заминаи мусоиде фароҳам овард.
Дастгирии воқеии дигари косибону ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ки Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти ҳунармандӣ мебошад. Ин ҳама тадбирҳо бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешида шудаанд.
Воқеан, мазмуни Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва гулгулшукуфии ҷумҳурии азизамон дастур ва тавсияномаи дақиқу амиқ мебошад. Зеро, чи тавре ки Пешвои миллат дар поёни суханрониашон қайд намуданд: «мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».
Дилшод Раҳимов,
Муовини директори Пажўҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва
иттилооти Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон.