Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар соли сипаришуда бо интишори 471 маводи чопӣ фаъолияти пажуҳишии худро густариш додааст.
Дар соли 2017 аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 471 маводи чопӣ, аз ҷумла 19 китоб, 191 мақолаи илмӣ ва публисистӣ, 261 мақолаи энсиклопедӣ ба табъ расиданд. Ҳамзамон, 3 сенария барои филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба рақси анъанавии тоҷик, ҳунарҳои адрасу атласбофӣ ва зардўзӣ таҳия гардида, дар ҳамкорӣ бо МД “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шуданд.
Дар пажўҳишгоҳ лоиҳаи матни “Низомномаи намунавии Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Аз қисми 7-и «Китоби фарҳанги ғайримоддӣ», бозиҳои кўдакона аз забони тоҷикӣ ба забони арабӣ тарҷума гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 12-и «Нақшаи чорабиниҳо аз 5 апрели соли 2017, № 26/10-87 оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни эҷодкор 20 марти соли 2017 баён гардидаанд», дар ПИТФИ аз ҳисоби воҳидҳои кории шуъбаҳои Мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва Таърих ва назарияи фарҳангшиносӣ Маркази мероси фарҳангии тоҷикон таъсис дода шуд. Вобаста ба ин дар сохтори ПИТФИ тағйирот ворид карда шуда, Оинномаи такмилёфтаи он ва Низомномаи «Маркази мероси фарҳангии тоҷикон» бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Бахшида ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, Муҳаммадинов Ҳ.Ваҳдатофарин» таълиф ва дар ҳаҷми 80 саҳифа ба табъ расида, ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба таври ройгон фиристода шуд. Ҳамзамон ходими пешбари илмӣ Муҳаммадинов Ҳ. рисолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва сенарияи намунавии ҷашни Меҳргонро барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо номи “Номаҳои меҳргонӣ» дар ҳаҷми 120 саҳифа ба чоп расонид.
Шамсуддин Абдуллоев,
Котиби илмии ПИТФИ