Сафарҳои хидматӣ ҷиҳати анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва пажуҳишӣ аз вазифаҳои муҳими Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аст. Соли 2017 бар пояи як силсила сафарҳои хидматӣ чандин кори пажуҳишӣ дар мавзуъҳои мухталиф анҷом ва натиҷаи он ҷамъбаст гардид.
Мутобиқи фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Ш. аз 17.02.2017 №8 с/х ба муҳлати 7 (ҳафт рўз) аз 24 феврал то 2 марти соли 2017 бо роҳбарии муовини директор оид ба корҳои методии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот номзади илми филология, Раҳимов Д. ва кормандони илмии пажўҳишгоҳ Холмуродов З. ва Аминов А. ба шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъоварии мавод оид ба таҳияи номинатсияи «Санъати чакандўзӣ дар Тоҷикистон» сафари хидматӣ анҷом доданд. Дар асоси маводи гирдоваришуда номинатсияи «Санъати гулдўзии чакан» бо ҳуҷҷатҳояш дар ҳаҷми 35 саҳифа ба забони англисӣ таълифу таҳия гашта, Штаб-квартираи ЮНЕСКО фиристода шуд. Натиҷаи ин сафари хидматӣ дар шакли ҳисобот ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, маводҳои сабтшуда ба бойгонии электронии пажўҳишгоҳ супорида шуд.
Бо Фармоиши Вазири фарҳанги ҶТ Орумбекзода Ш. аз 23. 02. 2017 № 9-с/х ба мўҳлати 10 (даҳ) рўз аз 27 феврал то 08 марти соли 2017 гурўҳи олимони Пажўҳишгоҳ бо роҳбарии Зубайдов А. «Ҷиҳати анҷом додани экспедитсияҳо оид ба ҷамъоварӣ ва тавзеҳи рақси тоҷикон ва ҳунарҳои бадеии халқӣ» Қличева Н., Носирова Л., Ниёзова М. ва Абдуллоев А., дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сафари хидматӣ доштанд. Дар ин сафари хидматӣ чунин натиҷаҳо ба даст омаданд: мусоҳиба бо 43 нафар ҳунармандони касбу кори гуногуни соҳаи фарҳанг; сабти аудиоӣ – 50 дақиқа; сабти видеогӣ – 125 дақиқа; аксҳо – 200 адад ва пур кардани варақаҳои инвентаризатсионӣ – 7 адад. Маводҳои гирдовардашуда ба бойгонии ПИТФИ супорида шуданд.
Тибқи фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Ш. аз 22. 04. 2017 № 9-с/х кормандони пажўҳишгоҳ, муовини директор оид ба корҳои методӣ Раҳимов Д. ва мудири шуъбаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ Холмуродов З. аз 22. 04. 2017 то 28.04 2017 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари хидматӣ анҷом доданд. Дар ҳамоиши севуми байналмилалии мутахассисони фарҳанги ғайримоддӣ, таҳти унвони “Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ҷиҳати устувории муҳити зист”, ки рўзҳои 23-24 апрели 2017 дар Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии шаҳри Теҳрон баргузор шуд, Раҳимов Д. дар мавзўи “Қудсият яке аз роҳҳои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ва Холмуродов З. Дар мавзўи “Танзими унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар мисоли бозии савории бузкашӣ” суханронӣ намуданд.
Кормандони илмии пажўҳишгоҳ бо роҳбарии муовини директор оид ба корҳои методӣ Раҳимов Д. Холмуродов З., Абдуллоев А., Аминов А., тибқи фармоиши директори ПИТФИ №22-с/х аз 11. 05. 2017 ва бо мақсади баргузор намудани экспедитсияҳои илмӣ ва гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ вобаста ба омўзишу ҷамъоварӣ намудани мавод ба муддати 10 рўз, аз 17 то 26 май ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари хидматӣ анҷом дода, натиҷаҳои зеринро ба даст оварданд: мусоҳиба бо 63 нафар ҳунармандони касбу корҳои гуногуни соҳаи фарҳангу ҳунар, 120 дақиқа сабти аудио, 130 дақиқа сабти видео гирдоварӣ шуд. Ҳамзамон 620 акс гирифта шуда, 5 варақаи инвентаризатсионӣ пур карда шуд. Се унсури нав барои такмили Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣкашф гардид.
Тибқи фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон № 61 – с/х аз 14. 07. 2017, аз 20-ум то 29-уми июли соли 2017 кормандони ПИТФИ Холмуродов З., Носирова Л., Ниёзова М., Абдуллоев А. ба ноҳияи Балҷувон ва Аминов А., Ғафуров Ҷ., Бердиева Ш. ва Каримова Г. ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафари хидматӣ анҷом доданд. Мақсад аз ин экспедитсияҳо ҷамъоварии мавод оид ба вазъи рақси тоҷикон ва ҳунарҳои бадеии халқ ва омўзиши он равона гардида буд, ки ба натиҷаҳои зерин ноил шуданд.
Дар ноҳияи Балҷувон:
- бо 68 нафар ҳунарманд мусоҳиба сурат гирифт; 436 адад акс бардошта шуд; дар натиҷаи мусоҳибаҳо 19 адад варақаи инвентаризатсионӣ пур карда шуд; аз ҷараёни кори ҳунармандон 113 дақиқа дар шакли аудио ва 111 дақиқа сабти видео сабт гардида, ба захираҳои иттилоотии ПИТФИ супорида шуд.
Дар ноҳияи Ховалинг:
- бо 46 нафар ҳунарманд суҳбат гузаронида шуд; 308 адад акс бардошта шуд; дар натиҷаи мусоҳибаҳо 17 адад варақаи инвентаризатсионӣ пур карда шуд; аз ҷараёни кори ҳунармандон 164 дақиқа сабти аудиоӣ ва 119 дақиқа сабти видеоӣ омода гардида ба захираҳои иттилоотии ПИТФИ супорида шуд.
Корманди дигари пажўҳишгоҳ Ҷумъаев М. бо мақсади омўзиши вазъи нашрияҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Зафаробод, Мастчоҳ, Бўстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва анҷом додани тадқиқоти сотсиологӣ дар байни кормандони нашрияҳои шаҳру ноҳияҳои зикршуда, аз 15 то 24 май сафари хидматӣ намуд. Дар натиҷа доир ба нашрияҳои «Соҳил»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Гулистон, «Паёми Бўстон»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон, «Иқбол»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Зарбдор»-м Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, «Паёми Спитамен»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, «Машъал»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Масчоҳ, «Хуҷанд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Паёми Истаравшан»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва «Чашмаи Шаҳристон»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон маълумотномаи қомусӣ таҳия карда, мақолаи илмӣ таълиф намуд.
Тибқи фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №66-с/х ва мутобиқи нақша-чорабиниҳои мавзўъҳои илмии «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» (солҳои 2016 – 2020), «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг» (солҳои 2016 – 2020) барои такмили ихтисос, бозомўзӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои нави илмии соҳаҳои фарҳангшиносӣ ва китобдорӣ ва ҳамзамон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобила дар самти ташкилу баргузории ҳамоишҳои илмии тахассусӣ, интишори нашрияҳои илмӣ, ворид намудани нашрияи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг» ба рўйхати маҷаллаҳои илмии ВАК-и Россия, барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мероси фарҳангӣ ва табии ба номи Д. С. Лихачеви Федератсияи Россия, ба тасвиб расонидани шартномаи литсензионӣ оид ба сабту пахши нашрияҳои илмии электронӣ (китобҳо ва рисолаҳои илмӣ) байни ҶММ “Китобхонаи илмии электронии номгўи иқтибосгирии илмии Россия” ва Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, директори ПИТФИ Ш. Комилзода тўли 10 рўз (аз 2 то 11 августи соли 2017) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафари хидматӣ анҷом дод.
Аз 26 октябри соли 2017 то 4 ноябр ходими калони илмӣ Исоев Қ. ба мақсади омӯзиши вазъи кунунӣ ва дурнамои нашрияҳои «Тахти Қубод», «Навиди Балх», «Вахш», «Бохтар» ва «Баҳористон», ба ноҳияҳои Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Бохтар ва Абдураҳмони Ҷомӣ сафари хидматӣ ба анҷом расонид. Дар ҷараёни сафар барои муайян кардани вазъи кунунии нашрияҳои номбаршуда бо сармуҳаррирон ва кормандони нашрияҳо пурсишҳои сотсиологӣ анҷом дод, ҳолати кории редаксияҳоро мушоҳида намуд, бо собиқадорони матбуот вохўрда суҳбат орост ва ба ин васила маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ намуд. Шумораҳои дусолаи панҷ нашрияи мазкурро бо худ овард, ки дар пажўҳишҳои минбаъда истифода хоҳад шуд. Доир ба сафари хидматӣ дар шуъба гузориш ироа шуд ва Исоев Қ. вазифадор гардид, ки аз натиҷаҳои сафари хидматӣ як мақолаи илмӣ навишта барои чоп ба маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг” супорад.
Рўзҳои 30-31 октябри соли 2017 дар шаҳри Москва Конгресси дуюми байналмилалии «Мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ: дастрасии наслҳо чун ангеза барои рушд ва муколама» баргузор шуд, ки дар кори он директори ПИТФИ Ш. Комилзода иштирок ва суханронӣ кард. Ҳамзамон дар кори Конгресс бештар аз 50 нафар афроди касбӣ: таҳлилгарон аз кишварҳои ИДМ, намояндагони НК ИКОМОСи Россия, мутахассисони Маркази байналмилалии ҳифз ва барқарорсозии арзишҳои фарҳангӣ (ИККРОМ), намояндагони объектҳои мероси байналмилалии Русия дар кишварҳои ИДМ, намояндагони идораҳои тахассусӣ, ташкилотҳои динӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони Сафоратҳои кишварҳои ИДМ дар Федератсияи Русия, ҳамчунин таҳлилгарони хориҷӣ, ки дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиӣ фаъолият мекунанд, ширкат карданд. Дар доираи Конгресси байналмилалӣ имзои тантанавии созишнома миёни Институти илмӣ-таҳқиқотии мероси фарҳангӣ ва табиии Россия ба номи Д. С. Лихачёв ва Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Таҷрибаи дар тўли сафари хидматӣ омўхташуда имкон медиҳад, ки минбаъд ҳангоми таҳияи нақшаҳои илмӣ, барномаҳои корӣ ва лоиҳаву мавзўъҳои илмӣ таҷрибаи муфиди Институти илмӣ-таҳқиқотии мероси фарҳангӣ ва табиии Россия ба номи Д.С.Лихачёв ва маводи илмии аз ҷониби коршиносони ин муассиса интишорёфта мавриди истифода қарор гиранд ва ҳамкориҳои мутақобила дар самти таҳияи барномаву мавзўъҳои нави илмӣ оид ба рушди робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Россия, интишори мақолаву маҷмўаҳои илмӣ, ташкилу баргузории экспедитсияҳои илмӣ, таҳқиқотҳои сотсиологӣ ва таҳияи номинатсияҳо, густариш ёбанд.
Мутобиқи фармоиши директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот Комилзода Ш. аз 04.12.2017 №54 ба муҳлати 6 (шаш рўз) аз 5-ум то 10-уми декабрисоли 2017 2 нафар кормандони ПИТФИ – Д. Раҳимов ва А. Аминовба сафари хидматӣ намуданд. Мақсади сафар ҷамъоварии мавод доир ба мавзўи «Вазъи имрўзаи фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар: мушкилот ва дурнамо» маҳсуб ёфта, натиҷа аз сафарҳои хидматӣ дар бойгонии пажўҳишгоҳ нигоҳдорӣ карда мешаванд.
Дар охири сол кормандони ПИТФИ тибқи фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон № 127-с/х аз 07.12.2017, муҳлати 8 (ҳашт) рўз, аз 12 то 19 декабри соли 2017 ҷиҳати ҷамъоварии мавод оид ба тавзеҳи рақси тоҷикон ва ҳунарҳои бадеии халқӣ ба шаҳри Хуҷандаи вилояти Суғд ва ноҳияҳои Вахшу Бохтари вилояти Хатлон сафари хидматӣ анҷом доданд.
Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки экспедитсияҳои илмӣ ва сафарҳои хидматӣ ҷиҳати омўзиши фарҳанги миллӣ, ки аз ҷониби олимону ходимони илмии ПИТФИ дар тўли соли 2017 гузаронида шуданд, дар ҷаласаи ҳисоботӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, минбаъд бо мақсади истифода намудани кормандони соҳаҳои гуногуни фарҳанг ва муҳаққиқон дар бойгонии ПИТФИ нигоҳ дошта мешаванд.
Шамсуддин Абдуллоев,
Котиби илмии ПИТФИ