586 истилоҳоти соҳавии гирдовардашуда дар як сол

Дар як сол ба луғати истилоҳотии соҳаи китобдорӣ 586 истилоҳи соҳавӣ гирд оварда шуд. То имрўз ба 2320 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва 200 нусха бо забони русӣ рақамгузорӣ карда шудааст.

Китобхонаи илмии ПИТФИ фаъолияташро дар асоси нақшаи корӣ амалӣ намуда, барои пешрафту рушди илмҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, китобхонашиносӣ, фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ ва ғайра саҳмгузор аст. Дар соли 2017 адабиёти нави ба фонди китобхона воридшуда тибқи ҷадвали таснифотии китобдорӣ-библиографӣ гурўҳбандӣ карда шуд ва иловатан аз муассисаву ташкилотҳо ва идораи рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ маводи дар фонд мавҷуднабуда, ҷамъоварӣ карда шуд. Бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо, аз қабили “Наврўзи байналмилалӣ”, “Ваҳдати Тоҷикистон”, “Касбу ҳунарҳои мардумӣ”, “Ҳамкориҳои адабӣ-фарҳангии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ” рўйхати тавсиявии адабиёт тартиб дода шуданд. Ҳамзамон дар тамоми чорабиниҳои баргузорнамудаи ПИТФИ намоиши китобҳои тозанашр ташкил карда шуданд.

Барои ворид намудан ба луғати истилоҳотии соҳаи китобдорӣ 586 истилоҳи соҳавӣ гирд оварда шуд. То имрўз ба 2320 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва 200 нусха бо забони русӣ рақамгузорӣ карда шуда, барга тартиб дода шудааст, адабиётҳо тибқи феҳристи алифбоӣ ҷо ба ҷо гузошта шудаанд, ки кормандони соҳаи фарҳанг метавонанд аз он истифода намоянд.

Шамсуддин Абдуллоев,
котиби илмии ПИТФИ

барчасп: