Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ

Матбааи «Аржанг» китоби нави профессор Мурод Муродовро бо ин ном  аз чоп баровард. Таълифи мазкур дар шакли маҷмӯа буда, пажӯҳишҳои илмии муаллифро вобаста ба паҳлуҳои гуногуни матбуоти даврии тоҷик дар бар мегирад. Он аз нигоҳи тақсимбандии мавзӯот ба се қисмати алоҳида, «Истиқлолият ва матбуот», «Публитсистика ва замони муосир» ва «Тақризҳо» ҷудо карда шудааст.  Қисматҳои маҷмўа паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба матбуот ва публитсистикаро фаро гирифтаанд.

Қисмати аввал бо мақолаи «Омилҳои рушди матбуоти тоҷик дар замони истиқлол» шурўъ мешавад. Муаллиф дар ин нигошта чанде аз омилҳои инкишофи матбуоти тоҷик дар даврони истиқлол, аз қабили омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбиро бо зикри хусусиятҳои умумӣ ва ҷудогона баррасӣ намуда, ба ин васила понорамаи васеъи рушди матбуоти тоҷикро дар замони муосир нишон додааст. Дар замони имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаби матбуоти даврии тоҷик, омўхтани вазъи нашрияҳои музофотиву маҳаллӣ ва дарёфти роҳҳои самаранок гардонидани фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад. Ин масъала аз таваҷҷуҳи муаллиф берун намондааст. «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон ва зарурати пажӯҳиши он», «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ», аз  мақолаҳоеанд, ки дар ин қисмат ҷой дода шудаанд. Агар дар мақолаи аввал аҳамияти ин типи матбуот дар шароити имрўз, зарурати пажӯҳиши он бо назардошти вазъи дирўзу имрўз ва дурнамои он, таъсири матбуоти маҳаллӣ ба афкори  омма мавриди омўзиш ва масъалагузорӣ қарор гирифта бошад, дар мақолаи дуюм вазъу ҳолати баъзе нашрияҳои вилояти Хатлон ба риштаи таҳқиқу баррасӣ кашида шудааст. Дар ин қисмат ҳамчунин мақолаҳои  «Андар пажӯҳиши як нашрия», «Маърифати омӯзгор дар низоми матбуоти соҳавӣ», «Дар талоши фановарӣ», «Рахмимъ чӣ гуна рӯзнома аст?» ва «Баъзе проблемаҳо дар баргузории нишастҳои матбуотӣ» ҷой дода шудаанд, ки ба пажӯҳиши ин ё он паҳлуи матбуот бахшида шудаанд ва ҳамагӣ аҳамияти вежаро моликанд.

Дар қисмати дуюми китоб, ки «Публитсистика ва замони муосир» ном гирифтааст, чор нигошта бо унвонҳои, «Баъзе масъалаҳои таҳқиқи публитсистика дар замони муосир», «Чеҳранигорӣ ва масъалагузорӣ дар публитсистикаи муосир», «Тасвири инсони бунёдкор дар публитсистикаи имрӯз»,  «Шаклҳои тозаи ҳаҷвнигорӣ дар матбуоти даврии тоҷик», мақом доранд, ки ҷанбаъҳои гуногуни публитсистикаро фаро гирфтаанд.

 Қисмати сеюми китоб чуноне аз унвонаш пайдост, даҳ тақризи муаллифро таҳти унвонҳои «Осори пурарзиш, «Иқдоми хуб ва пайгирона», «Фарҳанги ҷашнороӣ», «Рисолати фарзанддорӣ», «Иқдоми нек», «Илҳом аз бунёдкориҳо»,  «Солномаи пирӯзиҳо»,  «Маъвои ганҷ»,  «Бухорои шариф дар таҳқиқи Абдухолиқи Набавӣ» ва «Роҷеъ ба як омили маҳорат» фаро гирифтаанд. Дар ин тақризҳо ҳусну қубҳи асарҳои гуногуни публистистиву адабӣ, ки ба тозагӣ интишор гардидаанд, тариқи таҳлилу баррасиҳо нишон дода шудааст, ки аз аҳамияти  асарҳои мавриди тақриз дарак меиҳанд.

 Умуман китоби мазкур дорои муҳтавои ғанӣ ва мавриди ниёзи соҳа ва аҳли соҳа мебошад. Бидуни ҳеҷ муболиға гуфта метавонем, ки таълифоти олими пурмаҳсули соҳаи журналистика профессор  Мурод Муродов ҳамагӣ арзанда, шомили таҳқиқоти васеъ, аз ҳамдигар фарқкунанда ва дар қолаби услуби хоси илмии эшон навишта шудаанд, ки дар онҳо ибораҳои муғлақу сарбаста, андешаҳои нофаҳмо ҷой наёфта, осонфаҳму равон мебошанд.

Китоб таҳқиқоти  илмии муаллифро доир ба раванди рушди матбуоти даврии замони истиқлол, вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ ва амсоли инро дар бар гирифта, он барои муҳаққиқон, аспирантону унвонҷӯён, донишҷӯён ва ҳаводорони лми журналистика пешниҳод мешавад.


Қадриддин ИСОЕВ,
Ходими калони илмии шуъбаи ахбори омма
ва табъу нашри
Пажӯҳишгоҳи Вазорати фарҳанг.

барчасп: