Баҳси ҷашни Сада дар мизи гирди Вазорати фарҳанг

Коршиноси масоили фарҳангӣ Дилшод Раҳимов мегӯяд: «Имрўзҳо дар ҷашни Сада афрўхтани гулханҳои бузург аз чанд ҷиҳат мувофиқ нест. Ҳам сўзишвории зиёд сарф мешавад, ҳам хатари сўхтор вуҷуд дорад. Бигзор гулханҳои хурд ҳамчун рамзи ҷашни Сада афрўхта шаванд.  Чун Сада  ҷашни нуру рўшноӣ аст, мо бояд дар солҳои оянда масъалаҳои таблиғи нуру рўшноӣ, обод кардани нерўгоҳҳои барқӣ, сохтани нерўгоҳҳои офтобӣ ва монанди инҳоро ба назар гирем.»

Рўзи  29 январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот  суҳбати мизи гирд  зери унвони «Эҳёи ҷашни Сада ва аҳамияти таҷлили он» баргузор гардид.  Дар ҳамоиш кормандони муассисаҳои зертобеъи Вазорати фарҳанг ва рўзноманигорон ширкат варзиданд. 

Ҳамоишро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни Сада муборакбод намуд. 

Сипас, аз рўи барнома маърўзаи ходими пешбари шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фароғатии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Ҳасани Муҳаммадӣ дар мавзўи «Мафҳум ва истилоҳи «Сада» дар сарчашмаҳои илмию адабӣ»  шунида шуд. Муҳақиқ зимни суханрониаш оид ба мафҳуми вожаи «сада» аз нигоҳи забонӣ ва ҳамзамон дар мавриди ҷашни махсус бо номи «Сада» дар фарҳанги мардуми орёитабор андешаронӣ намуд.

Муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимов  зери унвони «Ҷанбаҳои асотирии ҷашни Сада» маъруза кард. Мавсуф бо овардани далелҳои махсус аз сарчашмаҳои мўътамади таърихӣ зикр намуд, ҷашни Сада аслан ҷанбаи асотирӣ дошта, дар маркази он оташ ҳамчун рамзи Хуршед қарор дорад.

Мудири шуъбаи илмӣ-методӣ Абдулфаттоҳ Аминов дар мавзуъи «Маросимҳои шабеҳи ҷашни Сада дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик» суханронӣ кард.  Мавсуф қайд намуд, ки гарчанде пас аз сулолаи Ғазнавиён ҷашни Сада махсус миёни мардуми тоҷик таҷлил нагардида бошанд, ҳам дар шаклҳои дигар ва ё ба маросимҳои дигар намунаҳои онро таҷлил мекарданд. Ба андешаи муҳаққиқ маросимҳои чоршанбесурӣ ва ҷашни Ҳут бозмондаҳои ҷашни Сада мебошанд.

Дар қисмати музокираҳо маърузакунандагон ба суолҳои ҳозирини ин нишаст посухҳои дақиқ доданд. Ва ба суоли  Вазири фарҳанг, ки чӣ гуна бояд ҷашни Садаро дар шароити имрўза таҷлил кард, коршиноси масоили фарҳангӣ Дилшод Раҳимов пешниҳод намуд: «Имрўзҳо дар ҷашни Сада афрўхтани гулханҳои бузург аз чанд ҷиҳат мувофиқ нест. Ҳам сўзишвории зиёд сарф мешавад, ҳам хатари сўхтор вуҷуд дорад. Бигзор гулханҳои хурд ҳамчун рамзи ҷашни Сада афрўхта шаванд. Аммо дар асри мо бояд аз ин ҷашн ба манфиати миллӣ кор гирифт. Чун Сада  ҷашни нуру рўшноӣ аст, мо бояд дар солҳои оянда масъалаҳои таблиғи нуру рўшноӣ, обод кардани нерўгоҳҳои барқӣ, сохтани нерўгоҳҳои офтобӣ ва монанди инҳоро ба назар гирем.»

Зафар Холмуродов,
Мудири бахши фарҳанги ғайримоддии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: