Китоби нав - маҷмуъи суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» дар ҳаҷми 222 саҳифа аз чоп баромад. Китобро бо сифати баланд нашриёти «Контраст» - и шаҳри Душанбе чоп кардааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон поягузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи муосири тоҷик мебошанд. Дар китоби мазкур бори аввал матни ҳамаи қисматҳои паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парламони кишвар аз соли 2000 то 2018 оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд.
Омӯзиши онҳо ба хонанда имкон медиҳад мустақим аз суханрониҳои Сарвари давлат бевосита дониши саҳеҳу боэътимод ва амиқ дар бораи асосҳо, хислат, самтҳои асосӣ, масъалаҳои муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳаввулоти доктринаисиёсати хориҷӣ пайдо кунад.
Ин маҷмуаи президентӣ бо ташаббуси ҳайати таҳририи нашрияи “Народная газета” – мақоми чопии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.
Тартибдиҳанда муаллифи сарсухан доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва номзади илмҳои сиёсӣ, сардабири “Народная газета” Маҳбуба Камолова мебошанд.
Шакли электронии китоби
«О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан»