Бозиҳои анъанави бачагона бахши алоҳидаи фарҳанги ғайримодии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, ки он дар тўли садсолаҳо ҳамдаму ҳамқадами фарзандони халқи тоҷик, хусусан, наврасону ҷавонон буд. Ногуфта намонад, ки бозиҳои суннати тоҷикон аз ҷиҳати серҳаракат буданашон як воситаи хуби тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шуда метавонад. Аз ҷиҳати дигар дар обу тоб ёфтану мустаҳкам шудани тану ҷисми наврасон ва ҷавонон хело муфид мебошад. Аммо мутаъсифона имрўзҳо ҷавонону наврасон аз машғул шудан ва бозидани бозиҳои суннати то андозае дур шудаанд. Имрўз бо майлу хоҳиши зиёд ба бозиҳои техналогияи муосир аз кабили бозиҳои телефони мобилӣ кампютер, ва планшет таваҷҷуҳи зиёде доранд. Гарчанде, ки қариб ҳар рўз оид ба таъсири манфии телефонҳои мобили ва оқибатҳои зараровари бозиҳои компютерӣ ба руҳу равони наврасону ҷавонон тавассути тамоми шабакаҳои телвизониву радиои кишвар барномаҳову суҳбатҳои махсус таҳия мегардад, ҳоло ҳам теъдоди хоҳишмандони марказҳои бозиҳои компютерӣ аз ҳисоби ҷавонону наврасон кам нашудааст. Тибқи гуфтаҳои равоншиносон пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба бозиҳои гуногуни компютерӣ, ки дар бештари онҳо қатлу куштор ба мушоҳида мерасад, ба ҳолати равонии онҳо бетаъсир намемонад. Ба руҳияи онҳо, ки дар айни инкишофи рўҳию ҷисмонӣ қарор доранд, метавонад таъсири манфии худро расонад. Чунки наврасоне, ки ба ин гуна бозиҳо бештар вақт мегузаронанд, асабонияти аз ҳад зиёд дошта, нисбати атрофиён дағаливу бепарвоёна муноситаб намуда, ба хондану навиштан камтаваҷҷуҳанд. Аммо духтурон бар он ақидаанд, ки майли ҷавонону наврасон ба бозиҳои телефону компиютер метавонад сабабгори бемориҳои хасташавии асаб, бехобӣ, беҳоливу бемадорӣ, фаромушхотири, камшавии қувваи босира ва чанде аз бемориҳои дигар гардад. Аз ҳамин лиҳоз, кўдакону наврасонро мебояд рў ба бозиҳои суннати овард, зеро он дар оянда барои тақвияти зеҳнии наврасону кўдакон ва ҳадафгузорӣ дар зиндагии онҳо муҳим мебошад.
Яке аз бозиҳои маъмулии наврасони мардуми тоҷик «опенабозй» мебошад. Он аз бозиҳои даврони шўравӣ ба ҳисоб рафта, мисли бозиҳои дигари суннатии тоҷикон аз ҳаракату ҷасту хез иборат аст. Опенабозй ба яклингабозй монандий дошта духтарҳо ва бачаҳои наврас ин бозиро дар фасли баҳор ва тирамоҳ ташкил мекунанд. Дар ин бозй, аз ду нафар зиёдтар писарону духтарон ҳамроҳ бозй мекунанд. Баъзан ҳолатҳо онҳо ҷудо-ҷудо опенабозиро миёни худ мегузаронанд, ки шарти бозй чунин аст: Бачаҳо пойҳояшонро бо ҳам наздик карда, куни пойхоро ба замин мегузоранд ва як нафарро барои идома додани бозй чун гўяндаи матни бозй аз миёни худ интихоб мекунанд, ки чунин мисраҳоро мехонад:
Опена опена,
Ки шашкабозй мена,
Андар кашу мандаркаш
Пойи чапу роста каш.
ҳангоме ки бозигари гўянда мисраи охири шеърро «андар кашу мандаркаш пойи чапу роста каш» - гўён тамом мекунад. Дар ҳол бачаҳо як пойи худро аз замин бардошта, ба ҳар сў пароканда мешаванд. То он даме, ки нафаре аз бозингарон пойи худро ба замин нагузорад бозӣ давом меёбад. Ҳамин, ки як нафар аз миёни бозингарҳо пойи худро ба замин гузорад мағлуб ҳисобида мешавад ва шахси бохта бозиро аз нав шурўъ мекунад.
Бояд ёдрас шуд, ки бозихои суннати барои кўдакону наврасон хело шавқовар ва ҷолиб мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, тўли солиёни зиёд баъзе аз бозиҳо миёни кўдакону наврасон махбубияти худро аз даст надодаанд.
«Бобо-ришта-қайчй» яке аз бозиҳои суннатии кўдакону наврасони мардуми тоҷик мебошад. Ин бозй дар миёни кўдакону наврасони 6 то 9 солаи шаҳри Душанбе то кунун ба мушоҳида мерасад. Бозии бобо- қайчиро писарон ва духтарони наврас ҳам якҷо ва ҳам дар алоҳидагй байни худ бозй мекунанд. Бачаҳои наврас ин бозиро асосан дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ зиёд ташкил мекунанд, ки шарти бозй чунин аст. Дар бозии бобо-ришта - қайчй аз ду нафар зиёдтар бозингарҳои наврас ширкат мекунанд. Иштирокчиён аз байни худ як нафар бозингарро интихоб мекунанд, ки ў нақши боборо дар бозй иҷро мекунад. Боқимонда бозингарон бошанд дар рафти бозй худро набераи бобо тасаввур мекунанд. Набераҳо ба бобо наздик мешаванд ва гуё намудор мекунанд, ки аз риши ў кашида истода бошанд. Онҳо аз риши бобо дошта калимаи «ришта-ришта-ришта-ришта» - ро то ба ҷои дилхоҳ расидан такрор мекунанд. Ҳамин ки бачаҳо, яъне набераҳо аз бобо дуртар рафтанд. Ду ангўшти худро монанд ба қайчй намудаву қайчй мегўянд. Ва ҳамин тавр, вонамуд мекунанд, ки гўё риши боборо бурида қайчй кардаанд. Пас аз он ки набераҳо қайчй гуфтанд дар ҳамин ҳол бобо то дастгир намудани яке аз набераҳо сур карданро идома медиҳад. Вақте, ки бобо яке аз бозингарҳоро дастгир кард. Нафари дастгиршуда мағлуби бозй ҳисобида мешавад ва дар навбати минбаъда ў нақши боборо иҷро мекунад.
Асосан бозиҳои кардаи ҳар як кўдаку наврас то ба синни пирй расиданаш дар хаёлаш нақш мебандад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳангоми ба бозиҳои суннати машғул шудани наврасон аксаран вақт ба хотири шахсони калонсол айёми кўдакиашон меояд. Ва онҳо гоҳ-гоҳ аз бозиҳои шавқовари даврони кўдакиву наврасии бо рафиқонашон анҷомдодаро ба хотир меоранд. Ҳангоми мусоҳиба бо Ҳамидов Миралй с.т. 1960 омўзгори собиқадори МТМУ № 57 - и ноҳияи Варзоб гўянда чанде аз бозиҳои даврони наврасиашро бо хурсандй ба ёд оварда, нисбати беэътиноиву бепарвоии наврасони имрўза ба бозиҳои анъанавии мардуми тоҷик изҳори нигаронй намуда гуфт: «Мо дар айёми наврасй бо рафиқонамон бисёр вақт ба бозидани бозиҳои суннати машғул мешудем. Аз бозидани бозиҳои анъанавй бо ҳамроҳии дўстонамон ба худ ғизои маънавй мегирифтем».
«Бисёре аз бозиҳое, ки солҳои охир машғул он мешудем қариб ҳамаашон хело ҷолиб ва диқатҷалбкунанда буданд. Ба монанди «чиликбозӣ», «буҷулбозӣ», «тоқӣ-ғурмайда», «гўшмолак», «байрақбозӣ», ва чандин бозиҳои дигар буд, ки имрўз миёни наврасон ба мушоҳида намерасад» - иброз дошт, Ҳамидов Миралй.
Дар ҳақиқат бисёре аз бозиҳои суннатӣ ба инсон рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Ҳангоми бозидани чунин бозиҳо ҳар як шахс худро солиму бардам ва чолок ҳис менамояд. Бо пешрафти техникаву техналогияи нав ба нав, ки имрўз дар кулли кишварҳо бо суръат паҳн гардида истодааст. Аз ҷумла, барои машғули бозӣ доштани наврасон ва ҷавонон ба ғайр аз компютер ва планшет техникаҳои дигаре, ки имрўз мо мушоҳида мекунем дар ҳоли тағирёбӣ ҳастанд».
Дар замони имрўза мо мушоҳида мекунем, ки наврасон ба бозидани бозиҳои суннатӣ ниёз доранд. Фақат онҳоро бо роҳу воситаҳои гуногун ҷалб кардан зарур аст. Аз ҷумла барои эҳёи бозиҳои суннатӣ моро мебояд дар ҷашну маросимҳои қадимии ниёгонамон, ки имрўз бо шарофатии истиқлолият аз нав эҳё гаштаанд, ба мисоли Наврўз, Сада, Меҳргон ва ғайра онҳоро дар байни омма, алалхусус наврасон ташкил намоем.
Зимни суҳбат бо яке аз сокини ноҳияи И.Сомони ш. Душанбе Муҳиддинов Олимҷон (с.т.1990) дар мавриди фоидаи бозиҳои даврони наврасиаш сухан ронда, дар бораи яке аз бозиҳои дўстдоштаи даврони кўдакиаш ёдовар шуд. Ин бозӣ «харгўшакҷон» ё «харгўшакбозӣ» ном дошта, рафтору гуфтор ва муомилаи байни ҳайвонҳоро бо ҳамдигар ифода мекунад. Тавассути машғул шудани ин бозӣ дар вуҷуди наврасон нисбати ҳайвонноти хонагӣ ва умуман ҳайвоноти дигар ғамхориву раҳмдилӣ ва нишонаҳои дигари накўкориву накўпиндорӣ бедор мешавад. Харгўшакбозӣ ғайр аз он ки дар ноҳияи мазкур бозида мешуд, дар ноҳияҳои дигари кишвар низ ба мушоҳида мерасид, ки чунин равиш дошт: Бачаҳо даст ба дасти ҳам гирифта давра меистанд ва як нафар бозингарро аз миёни худ барои нақши харгўшакро бозидан интихоб менамоянд, ки ў дар бозӣ нақши харгўшаки беморро бозӣ мекунад. Дигарон дар атрофи ў чархзанон чунин мисраҳоро мехонанд.
Харгўшак ҷон харгўшак,
Чаро ту касал шудӣ
Канӣ аз ҷоят бихез,
Дасту рўятро бишўй.
Ба ойнача нигоҳ кун,
Саратро шона бикун.
Аз мобайни дилбарон
Як касро ошиқ бикун.
Ҳангоме ки шеърро мехонанд, нафаре, ки нақши харгўшро бозида истодааст. Аз рўи мазмуни ҳар як мисраъ ҳарактҳои ҷолиб карда дикати дигаронро ба худ ҷалб мекунад. Вақте ки шеър ба охир мерасад, харгўшак як нафарро ишора мекунад. Дар натиҷа шахси интихобгардида ба ҷои ў нақши заргўшакро такроран мебозад. Ҳамин тавр, бозингарон навбат ба навбат то ба охир расидани шумораи иштирокчиёни бозидани нақши харгушакро давом медиҳанд.
Тасвири чунин бозиҳо водор месозад, ки инсонҳо ҳам байни ҳамдигар ва бо табиату олами атрофи худ муомилаи хуб дошта бошанд. Иҷро намудани ин қабил бозиҳо кўдакону наврасонро аз овони хурдсолиашон ба тифоқӣ, дўстию рафоқат ва ҳамбастагӣ ҳидоят менамояд.
Бозии дигаре, ки гўянда доири он ба мо қиса қард, «тоқӣ-ғурмайда» ном дорад. Тоқӣ-ғур-майда як навъ бозии маъмулии кўдакону наврасони халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Аз гуфти худи гўяда маълум гашт, ки ў дар айёми наврасиаш бозидани бозиҳои суннатиро меписандидааст. Аз ҳамин лиҳоз, ў бо ҳамроҳии дўстонаш бештари вақти холигии худро ба бозидани бозиҳои гуногуни суннатӣ, аз ҷумла бозии тоқӣ-ғурмайда сипарӣ мекардааст. Дар бозии мазкур аз ду нафар зиёд бозингарон ширкат карда метавонанд. Ашёи дар бозӣ истифодашаванда танҳо як дона тоқии чоргула мебошад. Аз рўи гуфтаи вай ин бозӣ чунин иҷроиш дошт: «Нахуст бачаҳои бозингар шаклан даврамонанд истода ба ҳам наздиктар меистанд, ки дар дасти яке аз онҳо тоқӣ дида мешавад. Он бозингаре, ки дар дасташ тоқӣ дорад, бо ишора ва шумори се гуфтани сардовар зуд тоқиро ба боло ҳавола медиҳад. Ҳамон лаҳзае, ки тоқиро ба осмон ҳавола дод, дар ҳамин ҳолат як нафари чусту чолоктаре аз миёни иштирокчиён тоқиро бо маҳорат аз осмон медорад. Ҳама зуд дар ин ҳол пароканда мешаванд, бозингари тоқиро ба даст оварда бошад, тоқиро ба сўи нафаре аз иштирокчиён мепартояд. Дар ҳолате, ки тоқӣ ба тани нафаре нарасидааст бозӣ ҳамин тарз идома меёбад. Вақто ки бозингари бозӣ тоқиро аз замин гирифта боз ба сўи бозигарҳои гурехта истода ҳавола мекунад. Агар тоқӣ ба тани яке аз бозингарҳо расид, дар навбати баъдӣ бозиро ў шурўъ менамояд.
Гўшмолак яке аз бозиҳои давраи наврўзӣ буда, дар айёми баҳору фарорасии ҷашни Наврўз аз ҷониби писарбачаҳо иҷро карда мешуд. Ин бозиро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо номҳои зерин гўшмолак, гўшкашак, гўши гургак, ном мебаранд. Инчунин Дилшод Раҳимӣ зимни таълифи мақолаи худ «Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона бахше аз мероси фарҳанги ғайримоддӣ» чанде аз бозиҳои бачагонаро бо номҳои маҳаллиашон зикр намудааст. Мо танҳо ду намуди онро ҳамчун намуна қайд карда мегузарем, ки чунин аст. «Баъзе бозиҳои маъмулӣ дар ноҳияи Ашт бо номҳои маҳалии махсус ёд мешавад, ки барои муҳаққиқон ин нукта муҳим аст. Чунончи, чиликбозиро «алакбозӣ» ё «алакӣ-момокӣ», ланкабозиро «парбозӣ» ва ғайра ном мебаранд (Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик. Шумораи 1. С.12).
Гўшмолак ҳам дар ҳар минтақа бо номҳои гуногун маъмул буда, яке аз бозиҳои ҷолиби айёми кўдакии писарон ба шумор меравад. Мавриди ёдоварист, ки бештари иштирокчиёни бозии гўшмолакро писарони наврас ташкил мекарданд. Зиёдтар бозии гўшмолакро навраси 7 то 14 сола ҳангоми фарорасии фасли баҳор ва ҷашни наврўз бисёр миёни худ ташкил мекарданд, ки равиши бозӣ чунин сурат мегирифт: Бачаҳо бо ишораи довар бозиро шурўъ мекунанд. Як тангача, тугма, ё ягон ашёи хурди шаклан ба танга монандро миёни рўймолҷа гузошта мебастанд ва онро дар ҷои муайян мегузоштанд. Иштирокчиёни дигар бо ишораи довар бозиро давом медоданд. Бозингаре, ки ба рўймолча наздик мешуд зуд онро аз замин бардошта мегурехт. Ва дигарон аз паси ў баҳри дастгир кардану ҷазо доданаш метохтанд. Ҳангоме ки гурўҳи иштирокчиён нафари руймолчадор, яъне дўздро дастгир мекарданд, ба ў ҷунин ҷазо медоданд. Гўшҳои ўро то ба дард омадану сурх шуданаш ҳама якҷо молиш медоданд. Ва бозингари рўймолчадўзд ба дарди гўшҳояш тоб наоварда рўймолчаро ба замин мепартофту таслим мешуд. Бозӣ боз бо ҳамин тарз аз нав шурўъ мешуд.
Хулоса, бозиҳои суннатӣ ҳамчун бахши фарҳанги халқи тоҷик буда, ифодагари тамаддуни бою рангини онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар як бозии суннатӣ, ки пур аз ҳаракат ва шодию сурур аст, барои беҳтар гардонидани ҳолати рўҳию равонӣ ва ҷисмонии кўдакону наврасон заминаи хуберо фароҳам меорад.
Қурбонов Шодӣ
Ходими калони
илмии шуъбаи
Фаъолияти иҷтимоӣ
-фарҳангӣ