Миёни равшанфикрони тоҷик камтарин нафаронеро метавон пайдо кард, ки фаъолияти меҳнатии худро аз кори омўзгорӣ шурўъ намуда, минбаъд дар самтҳои гуногуни эҷодӣ қувва озмуда, ба комёбиҳои назаррас ноил шуда бошанд. Нависанда Садриддин Ҳасанзода аз зумраи чунин нафаронест, ки бо шарофати фаъолияти рўзноманигорӣ андешаҳои публитсистиаш шакл гирифта, боиси зуҳури маҳорати нависандагӣ ва қобилияти пажўҳишгарии ў гардидааст. Наздик ба панҷоҳ сол мешавад, ки ў дар баробари вазифаҳои пурмасъули давлативу ҷамъиятиро ба дўш доштан, бори сухан мекашад ва дар ин роҳи бениҳоят заҳматталаб бардам-бардам қадам мениҳад ва пайкараи эҷодии худро намо медиҳад.
Садриддин Ҳасанзода дар деҳаи овозадори Кадучии ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Ин деҳа, ки давраи туфулияти адиб дар он ҷо гузаштааст, шахсиятҳои зиёдеро ба воя расонидааст, ки ҳамчун адиб, рўзноманигор, олиму муҳаққиқ, сиёсатмадор, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, генералҳои милитсаву артиш шуҳратёр гардидаанд.
Садриддин Ҳасанзода воқеан марди заҳматкаш аст. Меҳнатдўстиву заҳматкаширо ў ҳанўз аз овони наврасӣ ҳинни хонандаи мактаб буданаш ба худ одат кунонидааст. Дар солҳои донишҷўйи ин одати ў ранги дигар гирифт. Акунун ў дар баробари мутолиаи бардавом, гоҳ-гоҳ хома ба даст мегирифт ва ба андеша фурў мерафт. Ҳосили мутолиаву андешаҳояш дар шакли хабару мубирнома, лавҳаву ҳикоя дар маҷаллаи «Машъал» ва рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва баъдтар дар рўзномаи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» чоп мешуданд. Ҳаноми донишҷўйи ў яке аз фаъолони махфили «Адибони ҷавон» буд. Ин махфил дар ташаккули маҳорати эҷодии ў нақши бориз гузоштааст. Дар суҳбате ў давраи донишҷўиашро ба хотир оварда бо хушнудӣ аз ҷумла изҳор намуд. Донишҷўёни курсҳои болоӣ Иброҳим Усмонов, Гавҳар Умарова, Раҳмат Назрӣ, Ширин Бунёд, Амонбек Шоҳзода, Зафар Мирзоиён ва чанде дигар, дар махфили «Адибони ҷавон» хеле фаъол буданд, бо нигошта ва баҳсҳои давомноки худ ба кори маҳфил шаҳомат мебахшиданд. Мо донишҷўёни деҳотӣ аз фаъолмандии онҳо ба ваҷд меомадем, дар қалбамон шуълаи умед пайдо шавад ҳам, ба онҳо баробар шуда наметавонистем. Дигаронро намедонам, аммо манро рашкам меомад, худро маломат мекардам ва барои мисли онҳо шудан мекўшидам. Оҳиста-оҳиста баъзан нигоштаҳои хомакамро ба музокира мегузоштам ва аз ҷониби доварон баҳо мегирифтам. Ана ҳамин амри виҷдон, нанги неруи эҷодӣ Садриддинро ба омўзиши пайваста кашид, ки имрўз ҳам аз он дур шуда наметавонад.
Ў аз эҷодкоронест, ки дар соҳаҳои гуногун – рўзноманигорову публитсистӣ, нависандагиву муҳаққиқӣ ва муҳарририву ноширӣ қувваозмоӣ намудаву менамояд. Замоне ба филмсозиву кори тарҷума низ машғул будааст. Дар адабиёти муосири тоҷик кам адиберо метавон дарёфт, ки роҳи эҷодии худро аз рўзноманигорӣ шурўъ нанамуда бошад, ки Садриддин Ҳасанзода истисно нест. Ин усул барои эҷодкор аз чанд ҷиҳат манфиатбор аст. Аввалан бо шарофати рўзноманигорӣ кас аз зиндагии шахсӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ майл мекунад, ба хислати одамони касбу кори гуногун шинос мешавад, баъдан тавассути эҷоди публитсистӣ ба зиндагии иҷтимоӣ жарфтар сарфаҳм меравад, фикрашро сайқал медиҳад, ҷаҳонбиниашро вусъат мебахшад. Ҳамаи ин ба ў барои дарки мактаби одамият замина фароҳам меорад. Адибе, ки аз мактаби одамият баҳра набардоштааст, дар роҳи эҷод мустақилиро ба даст оварда наметавонад. Хушбахтона, Садриддин Ҳасанзода аз чунин мактаб хуб баҳра бардоштааст, ки дар ҷодаи эҷод мустақилона гом мениҳад.
Маърифати мактаби зиндагӣ ва кўшишу талошҳои пайвастагӣ ба ў имкон додааст, ки асарҳои зиёди публитсистӣ, бадеӣ, илмӣ ва илмиву оммавиро таълиф намояд.
Аввалин асари бадеии ў қиссаи «Кабки рав» аст, ки соли 1989 зери таҳрири нависандаи публитсист Мутеулло Наҷмидинов тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расид. Мавзўи меҳварии ин асарро муҳити зист ташкил медиҳад, ки бо васфи табиати зебои кўҳсор, чашмаву рудҳои зулол, ҳайвоноту набототи нодир ва ҳифзи онҳо шакл гирифтааст. Манзури нависанда дар ин асар муаррифии зебоиҳои як гўшаи кишвари азизамон ва расидан ба қадри он аст.
қиссаи дигари ў «Эҳёи Када» як навъ асари мустанад буда, соли 2001 бо пешгуфтори Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб рўйи чоп омадааст. Нависанда дар ин асар таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаи муҳоҷират ҷалб кардааст. Муҳоҷирати сокинони кўҳистон ба даштҳои таҳзамин. Муҳоҷироне, ки нависанда тасвир мекунад, шахсони воқеиянд, бо амри тақдир аз мавзеъҳои кўҳи ба даштҳои зер кўчонида шудаанд. Кўчонидани онҳо мақсад дорад – ба кор даровардани даштҳои бекорхобида, бунёди боғу роғ, тавлиди зиндагии нав. Дар ин амал азми муҳоҷирон қавӣ аст, бо вуҷуди азобу машаққат, сахтиву ноҷўриҳо онҳо дар ҷабҳаи ободкорӣ фаъоланд, ҳар яке бо касби худ – омўзгорӣ, деҳқонӣ, муҳандисӣ, ронандагӣ, ҳунармандӣ дар ободии диёрашон саҳм мегузоранд.
Ҳамин маслак дар хислати қаҳрамонони асари дигари ў «Дарёи нур» низ ба назар мерасад. Мавзўи суҳбати ин асар рўҳониёни фазилатманде мебошанд, ки ба тасвири нависанда «машъалафрўзони маърифат дар кўҳистони тоҷик» маҳсуб меёбанд. Хислату характери ин қаҳрмонон бо таъқибу суйиқасди Ҳукумати болшевикон, бадарғаву қатли заминдорон, аҳли ҳунар, маҳви озодандешон ва амсоли ин тавъам гардидааст.
Дар фаъолияти эҷодии С. Ҳасанзода таҳияи китобҳои ҳуҷҷативу энсиклопедӣ мавқеи намоён доранд, «Сарбози ҳақиқат» ва «Чароғи давра намунае аз чунин асарҳост. Дар китоби аввал корнамоиҳои полковники милитсия Сафаралӣ Гулов дар самти таҳқими Хукмати конститутсионӣ, баргардонидани гурезаҳо, раҳои минтақаи Кўлоб аз буҳрон иқтисодӣ ва амсоли ин тавсиф шудааст. Китоби дуюм, ки зери таҳрири Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад ба чоп расидааст, ҳаҷаман бузург буда, тавсифи мухтасари мардони шуҷою матинирода, меҳнатдўсту меҳнаткаш, бунёдкору созандаи як минтақаи кишварамонро, ки дар тарбияи насли ҷавон, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, илму маориф, ташаккули рўҳияи худшиносии миллӣ саҳм гузоштаанд, дар бар мегирад.
Маҷмўаи дигари ў «Як пора рўшноӣ» унвон дошта нигоштаҳои публитсистии ўро, ки тўли чанд соли охир дар жанрҳои очерку лавҳа ва мақолаву тақриз дар нашрияҳои гуногун интишор гардидаанд, фаро мегирад. Мундариҷаи китоб ҳарчанд гуногун аст, аммо дар маҷмўъ мақсаду ният, меҳнату заҳмат ва кўшишу талошҳои бархе аз фарзандони ҷонфидои миллатро, ки дар раванди сулҳу субот, ободии кишвар, тарбияи маънавии мардум, тараннуми ахлоқӣ ҳамида ва меҳру муҳаббати ватандориву ватандўстӣ ба ҷо овардаанд, ифода мекунад.
Тамоми нигоштаҳои маҷмўа таҷассумгари воқеияти ҳақиқии зиндагии муосир буда, дар заминаи мушоҳидаҳои бевоситаи муаллиф, суҳбату мулоқотҳои ў бо мардум, хосса қаҳрамонони асарҳо ба вуҷуд омада, ба риштаи тасвир кашида шуданд. Чунончи «Поси як пора нон» ҳосили мушоҳидаи муаллиф аз расми ифтитоҳи сохтмони азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, маҷмааи ҶДММ «Султони Кабир» дар ноҳияи Восеъ аст, ки 29 октябри соли 2013 бо иштироки Ҷаноби Олӣ ба вуқуъ пайвастааст. «Такаллуфро намеписандид» аз вохўриҳо бо шоир Ғоиб Сафарзода, таъсири эҷодиёти ў ба муаллиф ва эҳтирому шуҳрати ў байни аҳли қалам нақл мекунад. Муаллиф Ғоиб Сафарзодаро ҳамчун адиби истиқлолиятхоҳ, якрў, якдил, ҷасуру бонанг баҳо медиҳад, ки «дар замони рукуд бо садҳо таҳқир, таҳқиб тоб оварда, барои тантанаи рушди забону фарҳанги миллӣ ҳақталошиҳо кард, дигаронро низ ба ин кор ташвиқ менамуд». қаҳрамони «Нақши умр» қувваталӣ қаландаров аст, ки бо пешаи омўзгориаш ифтихор дорад ва бо меҳнати ҳалол соҳиби обурў ва эҳтироми ҳамдиёрон гаштааст. Дар «Меҳр дар ҳар нафас» аз ишқу муҳаббати самимии муйсафеде ҳикоя карда мешавад, ки дар ҷавонӣ барои ба дўстдоштаи худ расидан мушкилоти зиёдеро мардонавор ҳал намуда, ба коми худ мерасад.
Матнҳои «Инъикосгари дўстии халқҳо» ва «Як пора рўшноӣ» дар шакли тақриз буда, дар яке «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров ва дар дигари ҳусну қубҳи китоби Тулқин Хоҷа «Бурҷи асад» шарҳу тавзеҳ шудааст.
Умуман, «Як пора рўшноӣ» маҷмўаи нигоштаҳоест, ки бо вуҷуди фаро гирифтани мавзўъҳои гуногун воқеаҳои ҷолибу муассир, лаҳзаҳои фараҳбахшу фараҳзо, кору пайкори намуна, зиндагии ибратомўз ва ахлоқи волои инсониро тараннум мекунад. қаҳрамонҳои асар ба кори худ содиқанд ва дар раҳи садоқат гом мениҳанд, балки фаъолият доранд.
Тўли солҳои охир С. Ҳасанзода ба масъалаҳои таърих, ҳувияту асолати миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Заҳматҳои ў дар ин самт дар асари сеҷилдааш – «Саҳрои бекаронаи таърих» мунъакис шудааст. Ин маҷмўа бо илҳом аз асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориён» навишта шуда, шомили се дафтар: «Пайкари садпора», «Нигоҳи хосса» ва «Аз гулу решаҳои ориёнем» мебошад. Нигорандаи асари сегона кўшидааст то ба масъалаҳои пайдоиши одам, ташаккули тафаккуру маънавиёти ў, кашфи олоту василаҳои таъмини рўзгор ва мисли он равшанӣ андозад. Ба ин мақсад ў ба сарчашмаҳои зиёде муроҷиат мекунад, маълумоти фаровонеро дастрас менамояд ва дар заминаи онҳо ба саҳифаҳои таърихи гузаштаи ниёгонамонро ҳарфи нав зам мекунад. Ба ин мазмун ин китобҳоро дар маҷмўъ як навъ бознигарӣ ва бардоштҳои публитсистӣ аз таърихи давлатдории ориён – Шумерру Аккодҳо, Бобулиҳову Мақдуниҳо, Юнону Бохтар, Арабу Муғул, Кошониёну Ҳайтолиён, Сосониёну Сомониён, Манғиту Шўравиён ва ҷонфидоиҳои халқи тоҷик дар набардҳои зидди ишғолгарон номидан мумкин аст. Ин китоб як навъ бозгўй ва шарҳу тавзеҳи китобҳои таърихӣ, аз ҷумла «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бошад ҳам, дар тарбияи худшиносӣ ва ватандўстии насли ҷавон ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии ниёгонамон аз аҳаммият холӣ нест.
С. Ҳасанзода ҳамеша дар пайи эҷод аст. Бахусус тайи солҳои охир кулбори эҷодиаш пурсамартар гардидааст. Танҳо дар се соли охир ба табъ расидани 5 китоби ў далелест ба ин гуфта. Чанде қабл маҷмўаи дигари ў «Поси як пора нон» ба нашр расид, ки лаҳзаҳои ҷолибро аз рўзгори даврони ҷавонии Пешвои миллат нақл мекунад.
Умуман С. Ҳасанзода дар ҳар ҷойе кор кардааст, ҳамсуҳбату ҳамрозаш ҳамеша китоб будааст. Бо шарофати ин ҳамсуҳбати ў беш аз 20 китоб, зиёда аз 150 мақолаи илмию оммавӣ ва 7 филми мустанад офаридааст, ки аз аҳаммияти иҷтимоиву ахлоқӣ холӣ нестанд. Манзили истиқоматиашро ба китобхонаи оммавӣ табдил додани ў на танҳо далели китобдўстиву китобдории ўст, балки эътимоду эътиқод ва самимияти ў ба таъкидҳои Пешвои миллат дар тарғиби китоб ва китобхонист.
Садриддин Ҳасанзода ҳамчун муҳаррир, публитсист, нависанда ва муҳаққиқ дар айни авҷи фаъолият ва ҷўшу хурўши эҷодӣ қарор дорад. Барояш тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ва барори кор орзумандам. Таманно мекунам, ки:
Китобу гуфтаҳоят беш гардад,
Шукўҳат бештар аз пеш гардад.
М. Муродӣ доктори
илми филология,
профессор