Ҳар як халқу миллат дорои фарҳангу тамаддун ва урфу одатҳои махсусе мебошанд, ки вобаста ба он мамлакаташонро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла мардуми тоҷик низ соҳиби анъана, урфу одат, ҷашну маросимҳои миллие мебошанд, ки дар байни дигар қавму миллатҳо фарҳанги волои моро инъикос намудааст. Муҳаққиқони русу тоҷик дар бораи қисми зиёди ҷашну маросимҳо ба қадри имкон тадқиқот анҷом дода, то ҷое онҳоро табақабандӣ намудаанд. Масалан, маросимҳои мавсимӣ, маросимҳои хонаводагӣ, маросимҳои маишӣ маросимҳои шодию нишот, маросимҳои азодорӣ ва монанди инҳо. Яке аз чунин ҷашнҳои густурда ва таҷассумкунандаи шодиву нишоти қадимаи мардуми тоҷик ҷашни арўсӣ мебошад. Ин ҷашнро тамоми мардуми тоҷик ҳамчун суннати асил ва хеле ҷиддӣ дониста, дар доираи он омодагиҳои махсус мебинанд. Зеро асоси он бунёди оила ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани ду ҷавон (писар ва духтар) мебошад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маросимҳои дохилии ҷашни арўсӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вобаста ба шароити иқлимӣ ва ё ҷузъиётҳои дигар аз ҳамдигар фарқкунанда мебошанд. Ҳар як маҳал вобаста ба урфу одат ва анъана ҷашни арўсиашонро бо тарзу усулҳои гуногун барпо менамоянд. Зимни сафарҳои хидматӣ мо ин масъаларо ҳатто дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ мушоҳида намудем.
Дар натиҷаи тадқиқотҳои мардумшиносӣ ба шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ҷ.Расулов ва Айнӣ маълум гардид, ки ҷашни арўсии ин ноҳияҳо аз ҳамдигар бо ҷузъиётҳои хоси маҳаллӣ тафовут доранд. Тамоми маросимҳои ҷашни арўсӣ дар ин минтақаҳо тибқи бовару эътиқодҳои мардуми маҳаллӣ бо тарзу воситаҳои гуногун гузаронида мешавад.
Мусаллам аст, ки пеш аз ҳама дар тамоми манотиқи кишвар арўсро интихоб менамоянд. Яъне интихоби арўс маросими нахустини ҷашни арўсӣ ба шумор меравад. Интихоби арўс шояд ягона маросиме бошад, ки қариб дар ҳама манотиқи кишвар якранг доир мегардад. Волидайни писар кушишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳанд, то арўси муносибро барои писарашон дарёфт намоянд. Мақсади асосӣ дар ин маврид барпо намудани оилаи солим мебошад. Солҳои пешин волидайн вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоиёти худро ба инобат гирифта, арўсро аксаран аз байни хешу табори наздик интихоб менамуданд. Тадқиқотҳо собит намудаанд, ки интихоби арўс аз доираи хешу табор боиси таваллуд шудани фарзандони носолим гардида, ҳатто дар мавриди нофаҳмоиҳои оилавӣ ва вайрон шудани оилаи ҷавон барҳам хўрдани муносибатҳои авлодӣ ба миён меояд. Хушбахтона, имрўзҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон имконияти мустақилона интихоб намудани ҳамсари ояндаро доранд. Феълан интихоби арўс бештар бо розигии худи писар сурат мегирад. Ғайр аз ин қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабаби аз байн рафтани камбудиҳои дар боло зикршуда гардида истодааст.
Хостгорӣ маросими дигари ҷашни арўсӣ мебошад, ки масъулин онро то кунун дар доираи анъанаҳои суннатӣ иҷро менамоянд. Дар саросари кишвар пеш аз рафтани хостгорӣ ба хонаи волидайни духтар аз кадом қавм ва аз кадом оила буданашро муайян намуда, баъдан мераванд. Яъне мувофиқи анъанаҳои қадима бояд вазъияти оилавии ду ҷониб ба ҳамдигар мувофиқат намояд. Дар маросими хостгорӣ байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафовутҳои зиёде ба назар мерасанд. Масалан, агар ҳангоми ба хостгорӣ рафтан дар баъзе маҳалҳо маротибаи аввал танҳо мардон раванд, дар бархе аз ноҳияҳо баръакс ба ҷои мардон фақат занон ба хостгорӣ мераванд. Чунончи, гўянда Атоева Бибихон (3.09.1962) яке аз занони фаъол ва омўзгори пуртаҷрибаи деҳаи Маҷнунбеди ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара оид ба тарзи гузаронидани маросими хостгории ин минтақа иброз намуд: «Дар шаҳри Исфара то муайян шудани кори хайр занон барои хосгорӣ ба хонаи духтардор мераванд. Ҳангоми хосгорӣ ду зан (модари писар, бибӣ, хола ё амааш) барои муайян кардани мақсади ҷониби писар ба хонаи духтар то се маротиба ташриф меоранд. Ҳангоми рафтан ба худ ҳамчун дастовез дастархоне омода мекунанд. Дар дастархони хостгорон фатири гунгак ва аз рўи қувваю тавоноӣ ширинӣ гирифта мебаранд. Тибқи бовару эътиқодҳои мардуми ин маҳал вақти печондани дастовезҳо барои хонаи духтардор гўшаҳои дастархонро гиреҳ намекунан. Ба андешаи онҳо гўё дар корашон банд меафтад. Дар хонаи духтардор ташриф овардан замон модари духтар «биёен» гуён бо мақоли халқии «Меҳмон атои Худо» меҳмононро пешвоз мегиранд. Аслан меҳмони ношиносро дар ҳама манотиқ ва дар хонадоне, ки духтари болиғ доранд, зуд пай мебаранд. Маълум ки ба хонаи духтари қадрасдошта бо нияти хайр меоянд. Ҳангоми суҳбат модари писар ё бибиаш тавассути ҷумлаҳои махсус ба модари духтар мақсади омаданашонро баён менамоянд. Мисол агар писар маъқул карда бошад мегўянд, ки «писарамон духтаратонро маъқул ё интихоб кардааст мо ба нияти кори хайр хонаи шумо омадаем» шумо чӣ мегўед? Ба ҳамин мазмун дар ҳар минтақа бо ҷумлаҳои сохтаи рамзӣ, масалан, духтарро гулу писарро ба булбул ташбеҳ дода фикри хешро мерасонанд: Ин нўктаро сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Марҳабо Сатторова (с.т. 1969) чунин иброз намуд: «Шумо гул дореду мо булбул, гул бе булбул истода наметавонад, булбул бе гул. Ҳамон булбули мо ба гули шумо ошиқ шудаст, мо ҳамон гула бурданӣ омадаем», шумо чӣ мегўед? Модари духтар насиб бошад мешавад, гўён ҳар гуна посухҳо медиҳад. Масалан, агар духтарашонро ба писари онҳо муносиб донанд чунин ҷавоб медиҳанд: «Мо як калонтарҳоро пурсем чӣ мегўянд боз ба шумо мегўем». Вақте ки волидайни духтар нахоҳанд, дили меҳмонони аз ҷониби писар омадаро наранҷонда, ҳар гуна баҳонаҳо пеш овардан мегиранд. Масалан: «мактаби олӣ хонданаш лозим», «ҳоло хурд аст» ё «дигареро ба умед кардаем» гўён ҷавоби номуайян медиҳанд. Ё ин ки бо тариқи рамзомез аз дастархони бурдаи хеш мақсади ҷониби волидайни духтарро муайян менамоянд. Агар дастовези оварда, яъне ширинию нонҳо иваз нокарда бошад маълум мегардад, ки духтари худро ба писари онҳо муносиб намедонанд. Баъзан розӣ ҳам бошанд, баҳонаҳои ҳархела пеш оварда, муваққатан розигии худро қафо мепартоянд. Дар ин миён волидайни духтар аз вазъияти ҷониби писар огаҳӣ пайдо карда, тамоми шароит ва ҳолати оилавии домодшавандаро меомўзанд.
Маротибаи дигар барои муайян шудани хулосаи кори хайр модари писар ба ягон зане, ки хеши наздикаш аст, ба хостгорӣ меоянд. Ин маротиба модари духтар бод или пур розигӣ дода чунин мегўяд: «Мардонатонро даъват кунед мо интизор». Баъдан маротибаи сеюм занону мардон умумӣ, яъне аслан ду марду ду зани хешовандони наздики писар, ки дар оилаву авлод нуфузи бештар доранд, барои фотиҳаи навхонадорон ба хонаи падари духтар мераванд. Бояд гуфт, ки чун маросими мазкур барои ҷуфт шудани оилаи ҷавон созмон дода мешавад, ҳама чиз дар он бояд ҷуфт бошад. Ҳатто шумораи меҳмонон, чуноне, ки мушоҳида шуд, занону мардон ду нафарӣ меоянд. Дар ин маросим як шахси калонсол нонҳои аз ҷониби писардор овардашударо, ки он ҳам аслан ҷуфт, яъне ду ва ё чорто мебошад, пора намуда ба дигарон тақсим менамояд. Дар ин маврид аз ҷониби духтар ба меҳмонон рўймолчаҳо ҳамчун рамзи сафедии кор тақсим карда мешавад. Меҳмонони ҳузурдошта дар рўймолчаҳои додашуда, пораи нонҳои барояшон тақсимшударо бо баъзе шириниҳои болои хон печонида, ҳамчун дастовез ва бо нияти расидан ба чунин рўзҳои нек ба хонаҳои хеш мебаранд.
Шайтоношӣ. Маросими хурди оилавиест, ки он на дар ҳама минтақаҳо доир мегардад. Ин маросим бинобар гуфтаи сокинони ноҳияи Исфара танҳо хоси мардуми ин минтақа ва шояд шаҳру ноҳияҳои атрофи он бошад. Дар бораи усули баргузории ин маросим сокини шаҳри Исфара Аттоева Бибихон чунин шарҳ дод: «Дар ин маросим ҷониби писардор дар як табақ ош тайёр карда ба хонаи духтардор мебарад. Дар хонаи падари духтар хешовандони наздик даъват мешаванд ва бо ҳамроҳи қудо ба онҳо зиёфат медиҳад. Дар маросими мазкур пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба оши овардаи писардор боз се навъи таом ҳамчун рамзи маросими шайтоношӣ пухта мешуд. Сараввал барои меҳмонон атолаи аз орду қаймоқ, намак ва об омодашударо ҳамчун рамзи иззати меҳмони олиқадр мекашиданд. Баъдан таоми ҷаззаро ҳамчун хўроки дуюми меҳмонон мепухтанд. Ин таоми махсус буда, аз гўшти серравған дар деги тасфон ва бидуни равғани пахта, яъне танҳо бо равғани худи гўшт зирбонда мешавад. Таоми сеюм бошад бо номи шўла омода карда мешавад. Барои пухтани ин навъи хўрок сабзавотҳои пиёз, сабзӣ, картошкаро шуста, тоза карда ба шакли чоркунҷачаҳо реза менамоянд. Маҳсулоти номбаршударо аввал дар равған зирбонда сипас ба он об андохта меҷўшонанд. Дар охир аз гўшт ва пиёз фарш омода намуда, онро ба мисли лўлакабоб (ғелак) ба андозаи қурут дар шакли лундачаҳо тайёр карда мемонанд. Аслан ҳангоми маросимҳои хурсандӣ, махсусан маросимҳои ҷашни арўсӣ дар шаҳри Исфара дар дастурхони пеши меҳмонон ва дастархонҳое, ки ҳамчун дастовез бурда мешавад, навъҳои гуногуни нон – нони фатир, фатири бозор, чап-чап ва кулча гузошта мешавад. Тибқи бовару эьтиқодҳо дар маросимҳои ҷашни арўсӣ болои хони мардуми Исфара нони қабат-қабат, ки дар баъзе ҷойҳо қаламафатир ном мебаранд, гузошта намешавад. Аз рўи ақидаи онҳо чун нони қалама аз қабатҳо иборат, аст дар корашон низ ҷудогиву нофаҳмоиҳо сар заданаш мумкин. Дар маросими шайтоношӣ то қабули Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим вақти гусели модари домод ба ў ҳамчун дастовез аз ҷониби духтардор як курпачаю як болишт, ҷез (ҷиҳозҳо), рўймолча (қариб 100 дона), 2-3 метр сурб-сонро салла барин печонда медодаанд. Феълан ин маросим доир гардад ҳам, дастовезҳо дода намешавад. Фақат ҳамчун рамзи сафедӣ дар дастурхони онҳо чанд дона рўймолча ва ду дона нон мегузоранд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки мардуми шаҳри Исфара барои он ин маросимро шайтоношӣ ном гузоштаанд, ки гўё пас аз иҷрои он ба кори хайрашон шайтон намедарояд. Инсонҳои нияти баддоштаву аз роҳ занандаро низ онҳо шайтон мегўянд. Чуноне мушоҳида мешавад, як қатор тағйиротҳо ва амалҳои рамзӣ дар шаҳри Исфара мавҷуд аст, ки дар дигар манотиқи кишвар дида намешавад. Маросими шайтоноширо дар дигар навоҳии кишвар то ба ҳол дучор нашуда будем ва ҳатто муҳаққиқон низ дар бораи он чизе нагуфтаанд.
Каримова Гулзира
ходими калони илмӣ