Маросими никоҳ (пурсон-пурсонак). Ин маросимро бо номи никоҳи мусулмонӣ дар саросари кишвар ном мебаранд. Аз рўи анъана он як навъ маросимест, ки розигии навхонадоронро пурсида, бо хондани хутбаи никоҳи исломӣ онҳоро барои ба зиндагии мустақилона қадам гузоштан раҳнамун месозанд. Ҷараёни никоҳ дар ҳама минтақаи кишварамон қариб, ки якранг мегузарад, аммо тибқи бовару этиқодҳо дар баъзе маҳалҳо тафовутҳои ҷузъӣ дида мешавад. Аттоева Бибихон ҷараёни гузаронидани маросими мазкурро дар шаҳри Исфара чунин шарҳ дод. «Ҳангоми оғози маросим дар сари домод ҷомаро мепўшонанд. Аз ҷониби домод як зану як мард ҳамчун шоҳид меистад. Ба ҳамин тарз аз тарафи арўс шоҳидон барои шунидани розигии домод меистанд. Ҳангоми шуруъ шудани дуои никоҳ аз ҷониби домод як нафар зан аз болои сари домод кам-кам биринҷ рехтан мегирад. Баъдан сўзани аз ресмон гузаронидашударо ба ҷомаи домод кук гузаронда ниятҳои нек менамояд. Дар ин вақт барои розигии домоду арўс домулло аз якдигарашон розигиашонро мепурсад. Сараввал аз арўс пурсон мешавад ва домод то розигӣ шудани арўс пул партофтан мегирад. Агар дар маротибаи аввал арўс розигиашро баён намояд чӣ қадар савобаш ҳаст мегўянд. Дар навбати домод домулло савол додан баробар бояд домод ҷавобашро гўяд «Хостам ва қабулаш кардам ба занӣ». Дар ин навбат домуло шартҳои мусулмониро барои нигоҳу бини зан ба домодшаванда мефаҳмонад ва баъдан розигиашро мегирад. Дар ин ҳангом дар як чойник об меоранд. Аз ин об танҳо домоду арўс як пиёлагӣ менўшанд. Оби дар чойник боқимонда рўзи «қушкунон»-и (яъне васли ду ҷавон) ба хонаи домод оварда мешавад». Зимни сафарҳои хидматӣ ба дигар навоҳии кишвар мушоҳида шуд, ки пасмондаи оби никоҳро дар бехи дарахти мевадори сабз ба хотири сабз шудани навходорон мезеранд. Ин амал рамзӣ буда, мақсад он аст, ки ба мисли ҳамон дарахт навхонадорон низ сермева яъне серфарзанд гарданд. Чуноне аён аст, ин маросим дар дигар манотиқ каме дигар сурат мегирад. Масалан, дар қисми зиёди мамлакат дар коса оби никоҳро меоранд ва пасмондаи онҳоро ба ҳозирин ва шоҳидон бо нияти нек медиҳанд. Инчунин амалҳои рамзие дар ин минтақа истифода мешавад, ки дар дигар ҷойҳо ба назар намерасанд. Чунончи, аз болои сари домод рехтани биринҷ ҳамчун рамзи серҳосилӣ ва ё сўзан гузаронидан ҳамчун рамзи банд наафтодан миёни ҷавонон дар бархе аз навоҳии кишвар доир намегардад. Иловатан метавон гуфт, ки бинобар сабаби пайи ҳам пурсон шудани розигии домоду арўс ин маросимро дар шаҳри Исфара пурсон-пурсонак меноманд.
Низомова Рухшона ҷараёни баргузории маросими никоҳро дар ноҳияи Айнӣ чунин баён нмуданд: «пеш аз оне, ки домодро ба таги тор дароранд, 2 нафар мард яке аз ҷониби писар ва дигаре аз духтар ба хона даромада, дар шоҳидии занҳо аз арўс мепурсад, ки барои бо домод (ному насабашро гирифта) хонадор шудан розӣ ҳаст ё не. Аз рўи урфу одат арўс ба як бор «Ҳо» нагўяд. 2 нафар мард (ин мардҳоро бобои ваколат мегўянд) ду бор берун баромада, баъд сеюм маротиба, ки омад арўс «ҳо» гўяд. Падару модари арўс, хоҳару хола умуман хешу таборон омада ба арўс насиҳатомез мегўянд, ки «Ҳо гўй бачем, духтарам, мероси одам ҳамин». Арўс дар таги тор бо овози паст, албатта «ҳо» мегўяд. Агар бобои ваколат нафаҳмад ҳам, дигар занҳои дар хона буда ё духтарон-дугонаҳои арўс, ки дар таги торанд, шоҳиди медиҳанд, ки «ҳо» гуфт, баъд никоҳ мекунанд.
Арўсбиёрон навъе аз маросимест, ки дар он ҳам вобаста ба маҳалҳо амалҳои рамзии зиёд ва фарқунандае доир мегарданд. Масалан, дар ноҳияи Айнӣ вақти бурдани арўс одатҳои аҷиберо иҷро менамоянд. Ҳангоми расидани домод ба дари хонаи арўс дар остонаи дар табар мегузоранд. Ба ақидаи онҳо табар рамзи тезӣ буда, ниятҳои нопок, маъхсусан, балову офатро ҳасуду кинаҳои шахсони ғаразнокро мебурад. Вақти ба таги чодар ворид кардани домоду арўс бошад, зани рўзгордидае ба онҳо оинаро пешг меорад. Дар ин маврид бояд домоду арўс якҷоя ба оина нигариста якдиагрро бинанд. Ба андешаи онҳо зиндагии минбаъдаашон бояд мисли ҳамин лаҳза якҷоя бошад. Баъзе амалҳои дигар низ иҷро мегардад, ки рамзомез дар дигар манотиқи кишвар ҳам доир мегарданд. Чунончи болои сари онҳо шамъро ҳамчун рамзи равшанӣ дар гиронда чарх мезанонад. Ва ё дар косае ширу шакарро омехта карда ба онҳо ҳамчун рамзи шириниву сафедии ҳаёти минбаъдаашон мечашонанд. Ҳамчунин барои муайян кардани қудрати сиёсии домоду арўс дар давоми зиндагӣ амали пойзеркунӣ доир мегардад.
Дар охир зан ва ё марди рўзгордидаву бонуфузи авлод домоду арўсро дуои хайр медиҳад ва онҳоро ба хонаи домод гусел менамоянд. Бояд гуфт, ки бархе аз ин амалҳо дар хонаи домод низ дар зери чодар иҷро мегарданд, ки ҳама дар доираи бовару ақидаҳои анъанавию суннатӣ доир мешаванд.
Маросими дигари машҳур дар ноҳияи Айнӣ саломномахонии занон пас аз овардани арўс мебошад. Занони пуртаҷрибаи тарафи арўс – одатан модар ва аммаю холааш арўсро ба ҳозирин шинос намуда, аз забони арўс суруди саломномаро мехонанд. Арўс дар ин муддат танҳо дастон пеши бар таъзим додан мегирад. Ҳозирин пас аз ҳар мисраи саломнома «Ҳазор алек» гуфта, посух додан мегиранд.
Бишнав зи ман паёме,
Салавот бар Муҳаммад,
Дари каъба боз кардам,
Ба ҳарам намоз кардам.
Ба Худо роз кардам,
Салавот бар Муҳаммад.
Дари Каъбаро гирифтам,
Ба макони рукн рафтам.
Ба Сафову Марва гуфтам
Салавот бар Муҳаммад
Ҳараму Ҳакиму Замзам
Аърафоту Ҳилли Аъзам
Паи гуфтугуст бо ҳам
Салавот бар Муҳаммад
Баракот бар Муҳаммад
Салавот бар Муҳаммад…
Ба ҳамин монанд маросими дигареро дар шаҳри Исфара вохўрдем, ки ҳангоми овардани ҷиҳоз аз ҷониби духтар ҳамаи зарфҳои овардаро пур аз мошу биринҷ менамоянд. Бинобар ақидаҳои қадимаи мардумӣ ин амалҳо низ рамзӣ иҷро мешаванд. Яъне гўё зиндагии минбаъдаи онҳо мисли ҳамин зироатҳо рангин мегузашта бошад ва аз ҷиҳати дигар мошу биринҷ рамзи фарзандони омехта яъне писару духтар будааст. Инчунин ин амалҳо ба хотири серфарзанд шудани онҳо низ иҷро мешавад. Бояд гуфт, ки мардуми шаҳри Исфара дар шаби васли домоду арўс тамоми курпаю курпачаҳои оварадаи арўсро барои онҳо ҳамчун рахти хоб омода месозанд. Заноне ки ҷойгаҳи хоби домоду арўсро омода мекунанд, дар зери ҳар қабат ҳатман мошу биринҷро омехта карда мерезанд. Инҷо низ бо нияти нек ва серфарзандии онҳо мошу биринҷ рамзӣ истифода мешавад. Бояд гуфт, ки баъзе аз амалҳои рамзӣ то ҳол аз ҷониби муҳаққиқон ба пуррагӣ омўхта нашудааст. Шояд мошу биринҷ низ ба ҷуз рамзи серфарзандӣ дигар рамзҳоеро доро бошад, ки аз қадим мардуми ин минтақа онро пос дошта то ҳол иҷро менамоянд.
Дар маҷмўъ аз маросимҳои дар боло тасвиргардида метавон ба чунин натиҷа расид, ки донишу таҷрибаҳои суннатии мардум бою рангин буда, ақидаҳои халқ то кунун қавию пойбарҷост. Ҳамин аст, ки кўҳансолон ҳангоми доир намудани ин ва ё он маросими ҷашни арўсӣ кушиш менамоянд, то ҳар он чӣ аз гузаштагонашон дидаанду ба он боварӣ доштанд имрўз ҳам иҷро намуда, ба насли навин онҳоро интиқол бидиҳанд. Чуноне баён гардид вобаста ба расму оин ва боварҳои мардумӣ ҷашну маросимҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат якранг набуда, тафоввутҳои зиёди онҳо ҷой доранд. Ҷиҳати аз миён нарафтани фарҳанги ниёгон, муҳаққиқон пайваста бояд онҳоро мавриди омўзишу пажўҳиш қарор бидиҳанд, то ин ки насли навин низ аз моҳияти аслии русуми гузаштаи хеш бохабар бошанд.
Каримова Гулзира
ходими калони илмӣ