Баргузории маросими саршўёни тифл

Дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём об мавқеи хоса дошта, ниёгони мо дар ҳама давру замон чундигар унсурҳои муқаддас онро гиромӣ медоштанд. Табиист, ки ҳаёти инсонро бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ҳанўз аз замонҳои қадим мардум кушиш ба харҷ медоданд, ки барои истиқомат бештар мавзеъҳои серобро интихоб намоянд. Масалан, дар байни мардум нафаре гўяд, ки хона ё манзили нав харидааст, аввалин суоле, ки ба он шахс медиҳанд, «об дорад?» аст. Ҳамин аст, ки аз рўи мушоҳидаҳо шаҳрҳои обод дар самти иқтисодиву кишоварзӣ пешрафта шаҳрҳои соҳили дарёву рудҳо будаанд.

Интихоби манзил дар заминҳои обӣ, пок намудани ҳама гуна ашёи рўзгор бо об, пок нигоҳ доштани бадан тавассути об ва билохира поку гуворо нигоҳ доштани он дар навбати худ, ҳанўз аз замонҳои қадим вазифаи ҳар як инсони комилҳуқуқ будааст. Ҳамаи ин боис гардидааст, ки дар атрофи об мақолу зарбулмасал, панду андарз ва нақлу ривоятҳои зиёде биофаранд ва ба ин васила насли наврасро низ талқин бар он намоянд, ки обро  ҳамеша муқаддас нигоҳ бидоранд. Табиист, ки барои зинда мондани инсон об яке аз василаҳои асосӣ ба шумор меравад. Илм собит намуда, ки инсон нисбат ба гуруснагӣ аз ташнагӣ зудтар мефавтад. Ҳамин аст, ки миёни мардум мақолҳои халқии «Обу ободӣ», «Об нест ҳаёт нест», «Об манбаи ҳаёт», «Бе об ҳаёт нест» ва ба ҳамин монандро фаровон истифода мешаванд.

Табиист, ки ҳанўз аз давраҳои пеш ниёгони мо аз рўзи таваллуд то нафаси охирон як қатор ҷашну маросимҳои махсуси вобаста ба об доштаанд, ки аксари онҳоро то замони мо оварда расонидаанд. Агар як қисми ин маросимҳо вобаста ба табиат ва кишту кор бошад, қисми дигари онҳо бевосита ба инсон рабт доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз давраҳои қадим то ба ҳол аз таваллуди тифл то дами марги инсон як қатор маросиму анъанаҳое мавҷуданд, ки бевосита ба об алоқаманданд.

Масалан, дар аксари манотиқи кишвар тифлро пеш аз ба гаҳвора бастан, аввал, оббозӣ медароранд, ки он ҳам махсус маросими саршўёни тифл ном дорад. Дар ин бора мардумшинос Б. Шермуҳаммадов чунин мегўяд: «Маҳз дар серўзагӣ тифлро момо (доя) ё ягон зани тансиҳат оббозӣ доронда, курта мепўшонад ва дар ин ҳангом дуъое мегўяд. Масалан, дар Конибодом чунин мегўянд.

Об- оби хоб

Об- оби беғамӣ

Об а нур

Мо аз хок

Паншамия панҷ ман гўшт

Сешамия се ман гўшт

Чоршамия чор ман гўшт

Об – оби харобаяк

Об хароб, лўлак фарбеҳ.

  Дар Ҳисор, Мастчоҳ, Ўротеппа ва Самарқанд баъд аз навзодро оббозӣ дорондан, се карат ба тахтапуши вай об пошида: «Об хароб, бача фарбеҳ» мегуфтанд». [1]

Зимни экспедитсияҳо дар дигар манотиқи кишвар низ маросими саршўёни тифлро ба қайд гирифтем. Маълум, ки он дар саросари ҷумҳурӣ бо тарзу усул ва замонҳои гуногун баргузор мегардидааст. Масалан, дар ноҳияи Рашт сари кўдакро дар рўзи таваллуд ҳатман мешўянд, то ин ки онро аз ҳама гуна нопокиҳо озод намуда ба ҳаёти нав  омода гардонанд. Дар маҷмўъ, ҷараёни баргузории маросими саршўёни тифл чунин аст:

Саршўёни тифл маросимест, ки дар тамоми манотиқи кишвар қариб як хел иҷро карда мешавад. Дар бештари шаҳру навоҳӣ баъд аз ҳафт ва ё нўҳ ва ҳатто баъзан дар рўзи таваллуди тифл, умуман пеш аз ба гаҳвора бастан баргузор мегардад. Тифлро пеш аз ҳама як зани солхўрда ва ботаҷриба оҳиста рўи дасташ гирифта, аз болои сараш ба шустан шурўъ менамояд. Дар ин ҳангом модари тифл вазифаи обрезро иҷро мекунад, ки ҳамзамон тарзи шустани навзодро мушоҳида карда, меомўзад. Ин амалро бештар дар вақти набудани ашхоси бегона ба анҷом мерасонанд. Дар доираи ин амал бовару эътиқодоти махсусе роиҷ аст, ки онҳо аз тарафи занҳо бевосита риоя карда мешаванд. Масалан, дар ҷараёни саршўии тифл бояд об дар зарф ором бошад. Нафари обрез обро бисёр лапиш надода, оҳиста ва нарм ба сари кўдак бирезад. Зеро ба ақидаи мардум ин барои тарбияи минбаъдаи тифл таъсир мерасонад, гўё кўдак дар оянда хашмгину бадҷаҳл ба воя мерасида бошад.

Маросими саршўёни кўдакро дар Бадахшон низ мушоҳида кардан, мумкин аст, ки онро «калзинед» мегўянд, дар ин маврид пажўҳишгар Аминов А. чунин нигоштааст: «Ҳангоми калзинед – саршўйӣ, зани рўзгордида ва оромтабиате ҳамроҳи модари тифл сари кўдакро мешўянд. Вазифаи модари тифл дар ин асно танҳо обрезӣ мебошад. Агар мабодо обро кам ё зиёд рехта, аз уҳдаи он набарояд, зани дигаре ин амалро иҷро намуда, ба ў меомўзонад. Пас аз шустан шахсе, ки масъулияти гаҳворабандиро бар уҳда дорад, се маротиба бо даст аз пушти сар то ба поён «дарду бало набинад» гўён, даст меафшонад ва кўдакро ба гаҳвора мебандад.[2]  

Аз иқтибоси мазкур бар меояд, ки мақсади асосии баргузории маросими мазкур агар аз як тараф ба хотири тозагию покизагӣ бошад, аз тарафи дигар бовар доштан ба нерўву қудрати об ҳамчун муъҷизаи илоҳӣ. Зеро кўҳансолон бар он ақидаанд, ки оромии об ҳатман ба ҳаёти равонии кўдак таъсири худро мерасонад. Оид ба ин масъала дар ноҳияи Мўъминобод чунин андешаро ба қайд гирифта будем: «агар кўдак баъди чилрўзагӣ бадғашу гирёнчак ва асабӣ шавад маълум, ки обрез ҳангоми саршўён обро лапиш додааст. Кўдак ҳама хислатро аз об мегирад ва агар обро дар саршўён лапиш диҳад, кўдак мисли селоба бадҷаҳл ба воя мерасад».[3]

Мардумшинос Юсуфбекова З. дар пажўҳишҳои худ баргузории маросими саршўёни тифлро тавъам бо дигар анъанаҳои марбут ба тифли мардуми Бадахшон ба қайд гирифта, чунин  ишора намудааст: «Дар рўзи сеюм дар тағорае оби гарм мегиранд ва зани таҷрибадори оила сари кўдакро дар он мешўяд. Инчунин, дар ин рўз барои кўдак аз либосҳои қадимаи калонсолони авлод курта дўзонида, нахустин бор ба ў курта мепўшонанд. Агар духтар бошад, ин куртаро пас аз чил рўз ва агар писар бошад, пас аз бист рўз аз танаш мебароранд. Аз рўи боварҳои ин мардум, писар дар бистрўзагӣ, гўё, мисли чилрўза ба воя мерасад. Пас аз баровардан куртаи аввалини кўдакро ба шохи бутаи хуч «хор» овезон мекунанд. Дуо мекунанд, ки мисли буттаи хуч боқуввату серҳосил гардад»[4]

Гуфтаҳои Юсуфбекова З. далел бар онанд, ки вобаста ба бовару эътиқодҳо мардуми тоҷик ҳанўз аз замонҳои қадим ба об, дарахтони серҳосилу боқувват ва дигар неъматҳои илоҳӣ ҳамчун нерўҳои наҷотбахш боварии қавӣ доштаанд. Лозим ба ёдоварист, ки аксари амалҳоро кўҳансолон аз рўи таҷрибаҳои чанддафъаинаи худ иҷро менамуданд ва ҳатман бо итминон ба онҳо арҷгузорӣ мекарданд. Чунончи Шермуҳаммадов Б. дар мавриди роҳ гаштани тифл таҷрибаеро ба қайд гирифтааст: «…Инчунин, дар байни мардум ақидае мавҷуд аст, ки агар кўдак дер роҳ гардад, волидайнашон дар таҳлука афтида, ба пои кўдак об мерехтанд, ки монанди об равон гардад».[5]

Илова ба гуфтаҳои Шермуҳаммадов Б. бояд зикр намуд, ки аз рўи гуфтаҳои мардумӣ «обе, ки барои рехтан ба пойи тифл интихоб мешавад, ҳатман аз ҷуй ва ё дарёҳои равон мегиранд»[6], зеро мақсади асосӣ ба мисли об равон гаштани тифл мебошад. Ин ҷо равшану аён дарҷ гардидааст, ки равонии обро дар роҳгардии тифл орзу менамоянд.

Тавассути чунин расму ойинҳо соҳибони тифл мехоҳанд миёни мардум аз омадани меҳмони нав ба хонаашон,  муждагонӣ диҳанд. Ба ин муносибат зиёфатҳо ороста, хешу ақрабо ва наздикони худро даъват мекунанд. Имрўзҳо низ ба таври хонаводагӣ миёни мардум ҷашн гирифта мешаванд. Дар ҳар минтақа дар шаклҳои мухталиф баргузор гардад, ҳам мазмун ва моҳияти он пок ва тоза нигоҳ доштани тифл аст. Зеро дар ақидаҳои мардумӣ об, махсусан оби равон ҳамеша пок аст ва ифлосиҳоро аз инсон дур месозад.

Чуноне ки болотар ишора гардид, инсон аз рўзи таваллуд то дами марг ба об эҳтиёҷ дорад ва зиндагониро бидуни он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҳама ҷолиб ин, ки лаҳзаҳои муҳими ҳаёти инсон бевосита ба об алоқаманд аст.

 

 

Холмуродов Зафар

мудири бахши фарҳанги ғайримоддии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

 

[1] Шермуњаммадов, Б. Назми халқи бачагонаи тоҷик. – Душанбе, 1973. – с.21-22.

[2] Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 2016. – Шумораи 2. – с. 169.

[3] Гўянда Пирова Давлатмоҳ.(соли тав. 1956)  к. Асрор, н. Мўъминобод, ҳунарманд.

[4] Юсуфбекова, З. Семья и семейный быт Шугнанцев (конец ХIХ-начало  ХХ века).–Москва, 2015.– с.76

[5] Шермуҳаммадов, Б. Назми халқи бачагонаи тоҷик. – Душанбе, 1973. – с.29.

[6] Гўянда Убайдуллоева Луъбат.(соли тав. 1969) ҷ.д. Понғоз, н. Ашт, хонашин

барчасп: