Activities calendar

03 июня 2020

Баргузории маросими саршўёни тифл

Дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём об мавқеи хоса дошта, ниёгони мо дар ҳама давру замон чундигар унсурҳои муқаддас онро гиромӣ медоштанд. Табиист, ки ҳаёти инсонро бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ҳанўз аз замонҳои қадим мардум кушиш ба харҷ медоданд, ки барои истиқомат бештар мавзеъҳои серобро интихоб намоянд. Масалан, дар байни мардум нафаре гўяд, ки хона ё манзили нав харидааст, аввалин суоле, ки ба он шахс медиҳанд, «об дорад?» аст.

барчасп: