Санъати тасвирӣ яке аз намудҳои ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки ҳанўз бо ин кор одамони ибтидоӣ машғул буданд. Онҳо таассуроти худро дар девори ғорҳои калон, харсангҳо, иморатҳо, ибодатгоҳҳо қасрҳо, тасвир менамуданд. Нахустин асарҳое, ки одамони ибтидоӣ дар давраи палеолит ва неолит эҷод кардаанд бо номи «Тасвири ғорҳо» машҳур шудааст. Омўхтани санъати тасвирии ғорҳо ба археологи худомўзи испанӣ Марселино-Санс де Саутуола муяссар гашта, ў соли 1879 ғореро пайдо кард, ки дар он сурати шикори ҳайвонотҳои гуногун, тасвири одамон ҳангоми шикор пайдо шудааст. Ин суратҳо нишон медиҳанд, ки одамон ҳанўз дар давраҳои хеле қадим таассуротҳои хешро аз тариқи ин суратҳо ифода менамуданд. Бояд гуфт, ки тасвири ин суратҳо аз лиҳози образнокӣ ва ҳаётӣ буданашон касро ба ҳайрат мегузоранд. Ин гуна ғорҳо дар Тоҷикистони мо низ дарёфт шудаанд ва онҳо далолат медиҳанд, ки Осиёи Миёна яке аз қадимтарин мавзеъҳои аҳолинишини олам будааст. Ба наздикӣ олимони рус дар Сибир ғореро пайдо карданд, ки он аз се қабат иборат будааст ва дар он ҷо ҳам сурати ҳайвоноти ваҳшӣ, одамон бо як маҳорати баланд тасвир шудаанд. Ин тасвирҳо умри бештар аз 32 ҳазорсола дорад. Дар Бадахшони Тоҷикистон ҳам суратҳои бисёре дар ғорҳо пайдо шудаанд, ки онҳо на танҳо шикорчиён, балки ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳатто асбобҳои мусиқиро тасвир кардаанд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳанўз дар давраҳои ибтидоӣ одамон тасвир кардани ашёи гуногуни зиндагиро бо ҳавсала ва шавқи баланд тасвир намудаанд.
Санъати рассомӣ, қобилияти баланди зеҳнӣ, мушоҳидакорӣ, завқи эстетикиро талаб менамояд. Ин гуна фаъолияти эҷодӣ имконияти ҳарчи бештар дарк кардани зебоӣ ва ҳаводиси зиндагиро фароҳам оварда, дар баланд рафтани завқи бадеии инсон ва шакл гирифтани шахсияташ аҳамияти калон дорад. Беҳуда нест, ки тасвирҳои девории Панҷакенти қадим, Афросиёб, Балалиқтеппа, Халчиё (Ўзбекистон), Аҷинатеппа, Бунҷикет ва ғайра осорҳои гаронбаҳои аҷдодони мо шинохта шуда, дар тамоми олам шўҳрат пайдо кардаанд.
Таърихи санъати рассомӣ шаклу намудҳои гуногуни худро дар мурури давру замонҳои худ аз сар гузаронидаанд. Сарфи назар аз манъ кардани тасвири инсон дар китобҳо ва қоғазҳо, санъати рассомии халқи тоҷик гум нашудааст. Тасвири санъати рассомӣ дар миниётураҳои мактабҳои Ҳирот, Исфаҳон, Табрез, Бухоро, Бағдод ва дигар шаҳрҳо аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштаанд. Яке аз бузургтарин рассомони ин мактабҳои минятури Камолиддин Беҳзод мебошад, ки бо асарҳои олии миниётурии худ санъатшиносонро ба ҳайрат гузоштааст. Ўро санъатшиносон Рафаэли Шарқ меноманд. Пас маълум мешавад, ки халқи тоҷик дар соҳаи санъати тасвирӣ таърихи бой ва оламшумул дорад. Беҳуда нест, ки тасвирҳои дар китобҳо боқимондаи миниётуранависон чун шоҳасарҳои бузурги рассомӣ дар Лондон, Париж, Берлин, Санкт-Петербург, Қоҳира, Тошканд, Душанбе ва дигар шаҳрҳо маҳфуз мондаанд. Ин мусаввираҳо дар радифи бузургтарин шоҳкориҳои санъати рассомии олам ба ҳисоб мераванд.
Таърих гувоҳ аст, ки санъати тасвирӣ алалхусус, тасвир кардани инсон дар муддати садсолаҳо тибқи ақоиди дини Ислом манъ карда шуда буд. Бинобар ин дар масири хеле тўлонии таърих санъати тасвир намудани инсон аз байн рафт. Сарфи назар аз манъ шудани тасвири инсон дар асарҳои рассомӣ боз маорифпарварон ва равшанфикрони даврон ҷуръат пайдо карда ба тасвир кардани одам, ҳайвонот даст мезаданд. Рассоми бузурги тоҷик Камолиддини Беҳзод аз бузургони санъати рассомӣ мебошад, ки портрети Мавлоно Ҷомӣ, Мир Алишери Навоӣ, Ҳусайни Бойқароро тасвир карда, онҳоро ба авлодони оянда мерос гузоштааст. Дар ин портретҳо мо метавонем симои ҳақиқии бузургмардони миллатро пеши назар оварда бошем. Инчунин маълум аст, ки дар замонҳлои хеле пеш нимпайкараи Абулқосим Фирдавсӣ ҳам тарошида шуда будааст. Вале инҳо мисолҳои хеле камназир ҳастанд, ки дар асоси онҳо мо гуфта наметавонем, ки санъати рассомӣ алалхусус портрет дар Осиёи Миёна минбаъд тараққӣ карда бошанд.
Баъди инқилоби Октябр ва эълон шудани Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон моҳи октябри соли 1924 дар Тоҷикистон ҳам барои рушди маориф ва маданият чорабиниҳои ҷиддӣ пешбинӣ шуданд. Аз ҷумла нахустин бор дар шаҳри Душанбе кушода шудани омўзишгоҳи рассомӣ боиси ба вуҷуд омадани маркази санъати тасвирӣ фароҳам овард. Ин омўзишгоҳ даҳҳо рассомони номдори Тоҷикистонро тарбия намуд. Омўзишгоҳи рассомии Тоҷикистон ба номи Мирзораҳмат Олимов баробари санъатҳои наққошӣ кандакорӣ, кулолӣ боз шуъбаҳои санъати тасвириро кушоданд, ки онҳо дар асоси мактабҳои рассомии мамолики Ғарб, хусусан Россия ташкил карда шуд. Чунин намуди санъати тасвирӣ мактаби хоси худро дошта, аз минятуранависӣ ба таври хеле ҷиддӣ фарқ мекард. Ин асарҳо чӣ манзаравӣ, чӣ портретӣ дар шакли уфуқӣ тасвир карда мешуданд, ки он қаблан дар санъати тасвирии тоҷик кам ба мушоҳида мерасид. Омўзишгоҳи рассомии Тоҷикистон ба номи Мирзораҳмат Олимов, яке аз марказҳои муҳими тарбияи рассомони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя гашт.
Имрўзҳо даҳҳо рассомонро номбар кардан мумкин аст, ки хатмкунандагони омўзишгоҳи ба номи Мирзораҳмат Олимов буда, босамар фаъолият мекунанд. Яке аз хатмкунандагони ҳамин омўзишгоҳ Ниёзов Қамбар Янгибоевич (Вилояти Хатлон, ноҳияи Носири Хусрав, ҷ.д Истиқлол, деҳаи Бешкант, маълумот миёнаи махсус, с/т 18.02.1955), мебошад, ки дар тўли 20 соли собиқаи корӣ дар мактабҳои ноҳия ба кўдакон санъати рассомиро омўхтааст. Баробари омўзгор буданаш вай инчунин ба оро додани хонаҳои истиқоматӣ фаъолият карда, дар суратҳои кашидааш, манзараҳои зебои кишвари азизамонро бо як маҳорати баланд тасвир кардааст. Инчуни вай дар кашидани портрети одамони алоҳидаи ноҳия санъати баланди худро нишон додааст. Шояд хеле дур будани ноҳия ва бениҳоят хоксор будани ҳунарманд Ниёзов Қамбар, асарҳои эҷодакардаи ў дар матбуоти даврӣ муаррифӣ карда нашудааст. Ҳангоми шинос шудан ба фаъолияти ин рассоми халқӣ мо огоҳӣ пайдо кардем, ки мазмуни асарҳои ин рассом аз лиҳози композитсионӣ ифодакунандаи эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва табиати он мебошад. Хеле таассуфовар аст, ки корҳои ин гуна рассомон муаррифӣ карда нашудаанд ва касе ҳам дар хусуси онҳо маълумот надодааст. Аз ин ҷо гуфта метавонем, ки ин гуна рассомон набояд чун ситораи хомўшшуда аз назарҳо ғайб зананд.
Баъд аз он қариб дар тамоми шаҳрҳои калони Тоҷикистон мактабҳои рассомӣ кушода шуда, дар равнақ ёфтани санъати тасвирӣ нақши калон бозиданд Кушода шудани Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон далолат медиҳад ки барои рушди санъати рассомӣ ғамхориҳои ҷиддӣ зоҳир карда мешаванд. Инчунин эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имконият пайдо мекунанд, ки дар Тоҷикистон шаклҳои гуногуни санъати тасвирии наққошӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои халқӣ ба таври бесобиқа равнақу ривоҷ ёбанд. Эҳё кардани ҳунарҳои мардумӣ аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки мардуми тоҷик бояд аз асолати пурғановати таърихиаш огоҳ гардад. Ҳунарҳои гумшударо аз нав зинда созад. Маҳз дар ҳамин замина худшиносии миллиро ривоҷ диҳад ва ба оламиён муаррифӣ намояд, ки тоҷикон мардумони ҳунарманд, донишманд ва фарҳангӣ ҳастанд.
Зимни сафари хидматии кории худ ба мо муяссар гашт, ки бо яке аз рассомони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳосилхонов Темурхон Ҳошихонович (05.04.1956 маълумот м/м) шинос шуда, дар хусуси асарҳои офаридааш огоҳӣ пайдо кунем. Мо ба хулосае омадем, ки Ҳосилхонов Темурхон дар мавзўъ ва жанрҳои гуногун асарҳо эҷод мекунад. Ин рассом бо якчанд намудҳои ҳунарҳо машғул аст. Маълум шуд, ки вай дар тасвир кардани манзараҳо, портрети одамони алоҳида, нартюмортҳо инчунин сангтарошӣ маҳорати хуби касбӣ дорад. Ў ягон мактаби махсуси рассомиро хатм накардааст. Зеҳни модарзодӣ, мушоҳидаҳои хеле нозук, зебоипарастӣ ва дигар хислатҳо ба ў имконият додаанд, ки дар офаридани лавҳаҳо, портретҳо, тарошидани санг ва ғайра аз худ маҳорати хеле баланд нишон диҳад.
Ҳангоми сафари хидматии худ ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон мо дар Қасри фарҳанги ин шаҳр инчунин бо рассом Ахмедов Далер (с/т1988, м/махсус, ш.Норак, к.Нурулло Шулашов) ва Ғулом Хол Буриевич (с/т 05.01.1952, м.махсус, ш.Норак, ҷ.д.Пули сангин, д.Кибӣ) шинос шудем. Ин ду нафар дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак ба сифати рассом фаъолият мекунанд. Шиносоӣ бо эҷоди ин ҳар ду рассом кашфи истеъдодҳоро фароҳам овард. Ин ду рассом дар оро додани толори фарҳанги шаҳр хизмати хеле калон кардаанд. Нақшаҳои дар девор тасвир намудаи ин рассомон дар хусуси завқи баланди рассомӣ доштани онҳо далолат медиҳад. Дуруст сохтани композитсияҳо дар мавриди худ истифода бурдании рангҳо ва интихоб кардани сужети расмҳои деворӣ ин толорро оро дода, ҷаззобияти махсус бахшидаанд. Онҳо хатмкардаи омўзишгоҳи рассомии шаҳри Норак мебошанд. Дар қасри фарҳанг студияи рассомӣ фаъолият мекунад ва рассомон дар ин ҷо ба кўдакон ва наврасон санъати рассомиро меомўзонанд. Аз рўйи мушоҳидаҳо маълум шуд, ки дар ин маҳфил даҳҳо кўдакони пурзавқ санъати рассомиро меомўзанд. Тамоми тантанаҳои идонаро аз ҷумла Иди Наврўз, Меҳргон, Сада, рўзи Модарон ва дигар ҷашнҳоро ин ду рассоми хушсалиқа бо санъати расомии хеш зебу зиннат мебахшанд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки онҳоро чун дизайнерҳои моҳир эътироф кардан мумкин аст.
Ҳар як асари рассом дар тарбия кардани ахлоқу одоб завқи эстетикӣ ва баланд рафтани сатҳи зебоипарастии инсон кўмаки ҷиддӣ мерасонад ва қайд кардан ба маврид аст, ки ин ду рассом бо эҷоди хоксоронаи худ дар тарбия кардани завқи баланд саҳми босазо мегузоранд.
Хеле зарур аст, ки баробари пайдо шудани чунин истеъдодҳо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар равнақ ёфтани истеъдод ва фаъолияташон кўмакҳои ҷиддӣ расонем, то ин ки онҳо битавонанд дар баланд рафтани завқи эстетикии мардум содиқона хизмат намоянд.
Аттоев Шодрўз
Ходими пешбари илмии ПИТФИ