Ҳунари пардозгарӣ дар Истаравшан

Зебогию тароват яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи имрўза ба ҳисоб рафта, аз давраҳои қадим инсонҳо ба ҳамин чиз кўшишу талош кардаанд. Яке аз сабабҳои ба ҳунарҳои гуногун майл пайдо кардани башарият ҳам ба хотири оро додани хонаю дар ва тарзу шароити хуби зиндагӣ кардан мебошад. Шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, яке аз марказҳои ободи ҳунармандон дар Тоҷикистон дониста шуда, ҳунар ва ҳунармандӣ дар ин мавзеъ хеле зиёд ба чашм мерасад. Ҳангоми экспедитсияи мардумшиносӣ дар миёни чунин ҳунарҳои шоиста ба ҳунари муқаррарии пардозгарӣ таваҷҷуҳ намудем. Маълум гардид, ки мардуми деҳотҳои Истаравшан хонаҳояшонро тариқи пардозгарӣ бисёртар зебу зинат медодаанд.

Аз замонҳои пеш мардуми тоҷик бо тарзу намудҳои гуногун манзилашонро вобаста ба замона ороиш медоданд. Гарчанде чунин навъи ҳунар ба одамон зарурати бештар дошта бошад ҳам, аммо аз ҷиҳати таҳқиқ дар он аҳамият камтар дида мешавад. Мардуми маҳал ҳунари пардозгариро барои оро додани хонаҳояшон мавриди истифода қарор медиҳанд. Шахсоне, ки ба ҳамин гуна ҳунар машғуланд, онҳоро дар ҷомеа ҳунармандони пардозгар ном мебаранд. Барои таҳқиқу омўзиши чунин мавзўъ дар вилояти Суғд бо шахсоне ҳамсўҳбат шудем, ки ҳунари мазкурро бо тарзу усулҳои гуногун баҳраҷўӣ менамоянд.

Аз рўи мушоҳидаҳо ба назар чунин менамояд, ки пардозгарӣ барои мардуми маҳаллӣ зарурати хоса дошта, шахсоне, ки ҳунари пардозгарии хуб доранд ҳамсояҳо ва одамони деҳаҳои ҳамсоя барои фармоиш (супориш) гирифтан дар навбат меистанд. Зеро дар ин минтақа теъдоди ками мардон ба пардозгарӣ машғул буда, қариб ҳамаи одамон усули хонаҳои пардозкарда истифода менамоянд. 

Пардозгарӣ як навъ ҳунари зебу зинат додани хонаю манзил тавассути лойи махсус мебошад, ки баъди андовакунии девор иҷро карда мешавад. Пардозгарон чунин андешида мегўянд: «пардозгарӣ гарчанде усули қадимтар бошад ҳам, аммо аз равишҳои замонавӣ дида, манфиатҳои хубтару бештар дорад. Зеро маҳсулотҳое, ки дар пардозгарӣ истифода карда мешавад бе каму коста маҳсулоти табиӣ буда, ба инсон ягон зарари манфӣ намерасонад. Бар замми безарар буданаш хусусиятҳои дигари пардоз дар ин аст, ки  дар рўзҳои сармо гармӣ ҳосил мекунад ва дар ҳолатҳои гармо хонаро салқин нигоҳ медорад». Ин қабил андешаҳоро мардуми маҳал ҳам қобили қабул дониста аз чунин навъи ҳунар барои зебогии хонаҳояшон ба таври васеъ истифода мекунанд.

Ҷиҳати дигари хуби пардозгарӣ дар он аст, ки маҳсулоти хомро метавонанд, бе харҷи зиёдатӣ ба даст оваранд. Маҳсулоте, ки одатан дар ҳунари пардозгарӣ истифода мешавад, об, хоки махсуси зард, ки онро мардуми таҳҷоӣ хуб мешиносанд, ки ин намуди хок шираи баланд дошта, барои пардоз кардан хеле мувофиқ мебошад, инчунин коҳи майда дар баъзе ҷойҳо «гули коҳ» мегўянд истифода карда мешавад. Маҳсулоте, ки номбар шуданд барои мардуми оддӣ ва деҳот ҳамеша камбаҳо ва дастрас мебошад. Дар вақти интихоб кардани маҳсулот кўшиш мекунанд, ки хоку оберо истифода кунанд, ки дар таркибаш намак надошта бошад. Чунки намак сифати корро паст кунонида, дар муддати кўтоҳ пардоз дар танаи девор доғ зада, зуд бекор мегардад.

Маҳсулоте, ки дар ҳунари мазкур истифода карда мешавад аз қабили тухм, пўпаки най (пашми лух) инчунин собуни моеъи «Фери» буда, сифатнокии лойи пардозиро баланд мегардонад, вале ҳунармандон аз ин маҳсулотҳо камтар истифода мекунанд. Гарчанде ин намуди маҳсулот камтар истифода шавад ҳам, дар ҳунари мазкур вазифаи муҳимро ба сомон мерасонад.

Масалан вазифаи тухм дар пардоз барои пазонидан ва турш кунонидани лой манфиати бештар дошта, инчунин барои варам кунонидан низ кўмак мерасонад.

Вазифаи пўпаки най (пашми лух) бошад, барои мустаҳкамӣ ва накафидани пардоз истифода карда шуда, инчунин воситаи пайваст нигоҳдоштани лой дар танаи девор буда метавонад.

Моеъи косашўӣ дар ин раванд нақши ширешро бозида, ҳамчунин барои лағжонак шудани лой кўмак мерасонад. Аз рўи гуфтаҳои мутахассисони ин соҳа дар ҳоле, ки лой лағжонак бошад, кори ҳунарманд зудтар пеш меравад. Илова бар ин, сифати маҳсулотро хуб карда лойро бошад зуд сахт кунонидан намегузорад.  

  Бузургов Ҳоҷихудоёрхон с.т 1967 ҷ.д Қалъачаи калон деҳаи Қалачаи калон, мутахассис, пардозгар, тарз ва усули тайёр кардани пардозро аз маҳсулотҳои номбаршуда чунин шарҳ дод: «Маҳсулотҳое, ки истифода мешаванд – об, хоки зарди бехташуда, коҳи майда, пўпаки най, тухм ва моеъи косашўии «фери»-ро ҷамъ овардан зарур мебошад. Дар ҳолати омода кардан аввал обро дар зарфе, ки дар он лой ё семент мешўранд – «карета» андохта, тухмҳоро шикаста, дар об ҳал мекунанд, баъд аз он пупаки найро аз болояш рехта, каме мекобанд, сипас каме моеъи косашўӣ андохта, бо ҳам омехта мекунанд. Об, ки тайёр шуд, хоку коҳро аз болояш андохта, тақрибан то ҳафт даҳ дақиқа онҳоро якҷоя карда шуридан зарур мешавад».

Аз рўи гуфтаҳои Азимов Муҳиддин (с.т. 1973, сокини деҳаи Қалачаи калони ш. Истаравшан), «ҳамаи ин маҳсулоти истифодашаванда меъёри муайяни худро доранд. Масалан, дар 10 кило хок аз рўи меъёри муқарраршуда 3 ё 4 тухм, тақрибан 100 грамм собуни моеъ, қариб 300 - 350 грами дигар пўпаки най ва 600 - 700 грами дигар коҳи майда (гарди коҳ) сарф мешавад».

Дар натиҷаи ҳамаи маҳсулотҳоро бо ҳам омехта кардан лой ҳосил мешавад, ки миёни мардум бо номи «пардоз» маъмул аст. Пардози тайёршударо бо селофан маҳкам печонида, зиёда аз як шабонарўз нигоҳ медоранд. Дар баъзан ҳолатҳо то ду-се шабонарўз нигоҳ медоранд. Чунки мувофиқи ақидаи пардозгарон пардози тайёршуда чи қадар турш шавад, ҳамон қадар босифат ва пухта мешавад. Вақте ки пардозро бо селофан печонида, дар ҷои ҳарораташ муътадил мегузоранд, дар муддати як шабонарўз пардоз турш мешавад, чунки аз селофан ҳаво намегузарад. Хусусияти дигари селофан дар он аст, ки намегузорад пардоз сахт шавад. Пардоз турш шуда, мисли хамир варам мекунад, ки дар натиҷа барои истифода кардан хеле мувофиқ ҳисобида мешавад.

Пардозро ҳама вақт аз болои девори андовашуда истифода мебаранд. Дар ҳолате, ки пардоз омода гардид пардозгар аввал танаи деворро намнок кунонида, пас аз он ба воситаи андовашакл лойи пардозиро ба девор мемолад.

Девори пардозкарда ҳавои хонаро вайрон намекунонад ва умри 10-15 сола дорад. Ғайр аз ин, ранг кардан ё зардеворӣ (обой) часпонидан дар девори пардозкарда, хеле мувофиқ аст.

Хулоса, пардозгарӣ аз ҳунарҳои маъмулии суннатӣ ба шумор рафта, мардум дар ҳама давру замон бо шаклу намудҳои гуногун аз он истифода менамоянд.

 

Абдуллоев Акобир

ходими калони илмӣ

 

барчасп: