Навгонии китобномаи мазкур аз лиҳози таҳияи дастурҳои библиографӣ дар ҷилдҳои 1-7-ум дида мешавад, ки дар мавриди нашри матни як суханронӣ дар манбаъҳои гуногун: агар ҳамаи онҳо зери сарлавҳаи ягона нашр шуда бошанд, навиштаҷоти библиографӣ зери як тасвир бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ номнавис шудааст, агар дар сурати бо сарлавҳои гуногун нашр шудани матни як суханронӣ, пас навиштаҷоти библиографӣ унвони ҳар як сарлавҳа дар алоҳидагӣ инъикос ёфтааст.
Иқдомҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи барқарории сулҳу оромиш дар кишвар, давлатсозӣ, созандагиву бунёдкорӣ, маорифпарвариву фарҳангсолорӣ ва худшиносии миллӣ дар таърихи даврони истиқлоли давлатии кишварамон сафҳаҳои тоза ва рангин боз намуданд. Тамоми дастовардҳои даврони истиқлол аз мактаби пуршарафи давлатдории Президенти мамлакат, ки шомили ҳазорҳо саҳифаҳои корнамоӣ мебошанд, маншаъ гирифтаанд. Ин раванд муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангиро водор месозад, ки дар омўзишу тарғиби корнамоиҳои наҷибонаи Пешвои миллат, саҳм гиранд.
Бо кўшишу ғайрати олими шинохтаи библиографияи тоҷик, роҳбари Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шарифҷон Комилзода оид ба тарғиби ҳамаҷонибаи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт доир ба зиндагинома ва корномаҳои ў китобномаи шарҳиҳолӣ таҳти унвони «Пешвои миллат– Эмомалӣ Раҳмон» омода ва таҳия шуда дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидааст.
Дар мақолаи муқаддимавӣ, ки таҳти унвони «Набзи дили пурмуҳаббати миллат» аз ҷониби академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода таҳия шудааст, мулоҳизаҳои ҷолиб оид ба таҳияи китобномаи мазкур воқеъбинона мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, муаллиф ишора мекунад, ки «Дар воқеъ, мактаби давлатдории Пешвои миллат шомили ҳазорҳо саҳифаҳои корнамоӣ мебошанд, ки дар асарҳои гуногун зикру васф гаштаанд ва мураттаб гардидани онҳо дар шакли китобномаҳо зарурати таърихӣ пайдо намудааст. Аз ин рў тасмим гирифта шуд, ки тамоми сарчашмаҳои хаттие, ки дар онҳо корномаи ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ишора шудаанд, дар шакли китобнома ҷамъоварӣ шаванд».
Китобномаи мазкур аз ҳашт ҷилд иборат буда, маводи ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекии солҳои 2012-2019 интишорёфтаро дар бар мегирад.Ҷилдҳои аз 1 то 6-уми китобнома адабиёти ба забони тоҷикӣ, ҷилди 7-ум адабиёти ба забонҳои русиву ўзбекӣ ва ҷилди 8-ум бошад, адабиёти бадеии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ нашргардида тасвирнигорӣ шуда, дорои 16395 навиштаҷоти библиографӣ мебошад.
Ҷилдҳои 1-7-и китобномаи «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» тибқи муқаррароти соҳаи китобноманигорӣ аз ду қисми асосӣ иборат буда, дар қисми аввал номгўи асарҳо ва паёмҳову суханрониҳои Пешвои миллат оварда шуда, қисми дуюми он бошад номгўи асару мақолаҳои марбут ба зиндагинома, фаъолияти Пешвои миллат ва номгўи мавод оид ба сафарҳо, вохўрӣ ва мулоқотҳои Президентро фаро гирифтааст.
Навгонии китобномаи мазкур аз лиҳози таҳияи дастурҳои библиографӣ дар ҷилдҳои 1-7-ум дида мешавад, ки дар мавриди нашри матни як суханронӣ дар манбаъҳои гуногун: агар ҳамаи онҳо зери сарлавҳаи ягона нашр шуда бошанд, навиштаҷоти библиографӣ зери як тасвир бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ номнавис шудааст, агар дар сурати бо сарлавҳои гуногун нашр шудани матни як суханронӣ, пас навиштаҷоти библиографӣ унвони ҳар як сарлавҳа дар алоҳидагӣ инъикос ёфтааст.
Дар ҷилди 8-уми китобнома номгўи осори бадеӣ ва публитсистии адибони тоҷик, афкору андешаи олимону рўзноманигорон ва сиёсатмадорон бахшида ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тўли солҳои 2012-2019 ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ чоп шудаанд, инъикос шудааст. Ин ҷилд аз панҷ қисм иборат буда, қисмҳо боз ба зерқисмҳо ҷудо карда шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳо тибқи забону замони нашр ва дар дохили сол аз рўи алифбо ҷобаҷогузорӣ гардидааст.
Дар ду қисм аввал мавод аз рўи жанри адабӣ, яъне дар қисми якум номгўи осори назмӣ, ки дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи ашъори дар нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор интишорёфта дохиланд, Адабиёти насрии ба мавзўъ дахлдошта дар қисми дуюми китобнома инъикос ёфтааст.
Навгонии китобномаи мазкур боз дар он дида мешавад, ки бори аввал дар низоми таҳияи китобномаҳо маводи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар қисми алоҳида оварда шудааст, ки ин дастоварди бузурги библиографияи тоҷик мебошад.
Китобномаи мазкур аз лиҳози таҳия аз чанд ҷиҳат афзалият дорад. Аввалан, мураттиб дар китобнома унвони ҳамаи асарҳоро ба забони асл тибқи қоидаҳои нав тасвир намуда, навиштаҷотҳои библиографӣ ба асарҳои такроран чопшударо аз рўи соли нашрашон зери як асар бо нишон додани манбаъҳои интишорӣ пешкаш намудааст. Дуюм, мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм шарҳ дода шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ мукаммал гардонида шудаанд. Сеюм, тасвири тақризҳои марбут ба китобҳо мувофиқи қоида дар зери ҳамон китобҳо ҷой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома аз рўи соли чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Дар охир ҳар як ҷилд барои осон дарёфт намудани маводи заруркумакфеҳристҳои алифбоии сарлавҳаи асарҳо ва ашхос оварда шудааст.
Китобномаи мазкур дар асоси захираи Китобхонаи илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, нашрияҳои библиографии Хонаи китоби Тоҷикистон ва манобеи электронии идораҳои рўзномаву маҷаллаҳо таҳия шудааст.
Ба табъ расидани китобномаи «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» аз рўи ҳаҷм, фарогирии мавод ва услуби китобноманигорӣ яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи китобдорӣ на танҳо дар Тоҷикистон балки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад. Ҳанўз 8 сол қабл аз ҷониби ходимони Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон китобномаи шарҳиҳолии Президентии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нурсултан Абишевич Назарбаев» иборат аз панҷ ҷилд ба забонҳои қазоқӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расида буд ва аз лиҳози ҳаҷм ва фарогирии мавод дар ҷои аввал меистод.
Китобномаи «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» аз ҷиҳати дарбаргирии навъҳои гуногуни мавод, батанзимдарорӣ ва услуби хостагириву ҷобаҷогузории он дастури мукаммал буда, намунаи беҳтарини феҳристи шарҳиҳолӣ дар библиографияи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон ин китобнома ба талаботи меъёрҳои китобнигории байналмилалӣ ҷавобгўй буда, барои рушди библиографияи тоҷик дар самти таҳияи дастурҳои гуногуни библиографӣ ва ҳамзамон барои кормандони китобхонаҳо дар омоданамоии китобномаҳо заминаи мусоидат фароҳам меорад.
Аз китобномаи «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» на танҳо олимону мутахассисон, сиёсатмадорону коршиносони соҳаҳои гуногун, балки устодону донишҷўён ва умуман тамоми хонандагон метавонанд, истифода намоянд.
Гадобек МАҲМУДОВ,
муовини директори
Китобхонаи миллии Тоҷикистон