КАШИДАДӮЗИҲОИ НУРАТО

Дар баробари навъҳои дигари санъати амалии Ӯзбекистон ҳунари гулдӯзӣ ё кашидадӯзӣ дорои таърихи қадима ва суннатҳои хос буда, то ба имрӯз дар марказҳои ҳунармандӣ ва деҳаҳо идома дорад. Ба ҳунари гулдӯзӣ асосан бонувон машғуланд. Ин навъи санъат бадеиёти рангорангро дар худ ҳифз карда, то кунун арзиши худро аз даст надодааст.

Дар Ӯзбекистон шаш мактаби санъати гулдӯзӣ фаъолият мекунанд, чунончи мактабҳои Нурато, Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва Фарғона.  Ҳарчанд ки кашидадӯзӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон дар байни ӯзбекҳову тоҷикон маъмул мебошад, аммо гулдӯзиҳои Нурато хусусиятҳои хоси худро доранд. Ҳатто имрӯзҳо ҳам ҳар духтаре, ки дар Нурато таваллуд шудааст, сар карда аз рӯзи аввалини ба даст сӯзан гирифтанаш рамзу розҳои гулдӯзиро меомӯзад. Зебоӣ ва нотакрор будани нақшу нигорҳо ва гулу гулбуттаҳо гулдӯзиҳои Нураторо машҳур кардаанд. Ҳунари кашидадӯзӣ дар хонавода аз модарҳо ба духтарон, аз хушдоман ба келинҳо омӯзонида мешавад. Чунин анъанае побарҷост, ки дар ҷиҳози арӯсони Нурато бояд сӯзании дӯхтаи арӯс мавҷуд бошад.

Мактаби гулдӯзии Нурато бо хусусиятҳои ороишӣ, образофарӣ  ва рангубор аз дигар мактабҳо фарқ мекунад. Композитсияи гулдӯзиҳои мактаби номбурда дар кашидадӯзии мардуми Бухорову Шаҳрисабз, баъзе унсурҳояш дар гулдӯзиҳои Самарқанду Сурхондарё ба назар мерасанд.

Нурато инчунин бо матоъҳо ва мармараш маъруф мебошад, ки конҳои он то имрӯз коркард мешаванд. Як хусусияти аҳамиятноки гулдӯзиҳои Нурато дар он аст, ки аз дараҷаҳои тобиши рангҳои гуногун бой мебошад. Гулдӯзӣ барои дуруст намоён шудани дараҷаи рангҳо дар матоъҳои сафед анҷом дода мешавад. Гулдӯзиҳо бештар дар матоъҳои хомсуф ва шоҳии сафед дӯхта шуда, нақшҳои растаниҳо, парандагон, ҷонварон ва гоҳе одамонро дар бар мегиранд. Нақшҳо бо усули сатиндӯзӣ дар матоъҳои сафед бо риштаҳои равшан ва тобишҳои нозук инъикос гардидаанд ва нақшҳо зич набуда, балки ҷудо-ҷудо шудаанд. Канораҳои матоъи гулдӯзишуда бо усули занҷирадӯзӣ ороиш ёфтаанд.

Дар баробари сӯзаниҳо, борпӯш, зардеворӣ, ҷилдҳои болишт ва дигар маснуот низ гулдӯзӣ мешаванд. Дар Нурато се навъ усули гулдӯзӣ маъмул аст:

  1. Усули анъанавии рост дӯхтан, яъне босма;
  2. Усули дарафшдӯзӣ;
  3. Гулдӯзӣ тавассути мошинаҳо.

Усули анъанавии босма заҳмати зиёд талаб мекунад. Дар тарафи дарунии нақшҳои гулдӯзишудаи матоъ риштаҳо чунон ҷойгир мешаванд, ки ба назар наменамоянд. Коршиносон қайд кардаанд, ки ҳар қадар риштаҳо борик бошанд, ҳамон қадар гулдӯзӣ зеботар мешавад. Аз ин хотир, сӯзаниҳо бо нақшу нигори зиёд моҳҳо дӯхта мешаванд.

Ба гулдӯзиҳои Нурато инчунин нақшҳои реза ва гулҳои  хурд хос мебошанд. Одатан нахҳои пахтагин ҳамчун риштаи асосӣ дар гулдӯзӣ истифода мешаванд. Ҳар як нақшу нигор рамзеро ифода мекунад, масалан, анор рамзи муҳаббат ва хушбахтии оила аст, бодом рамзи файзу баракат, қаламфурро ҳамчун рамзи муҳофиз аз қасду чашми бад маънидод мекунанд.

Бо санъати гулдӯзӣ ашёи гуногуни рӯзгор: сӯзаниҳои калону хурд, борпӯш, рӯйҷо, кӯрпа, болиштҳо, камарбанд, ҷойнамоз, ҷузвдонҳои гуногун, рӯймолу сарандоз ва ғайра оро дода мешаванд. Гулдӯзиҳоро маъмулан дар матоъҳои хомсуф, сатин, шоҳӣ, чит, мӯйина ва парча медӯзанд. Аммо ҳоло баъзеҳо нах ва рангҳои сунъиро ба кор мебаранд, ки баръакси нахҳои табиӣ зуд канда мешаванд ва месӯзанд.

Дар Осорхонаи санъати амалии Ӯзбекистон баъзе намунаҳои сӯзаниҳои асри 19-и Нурато ба намоиш гузошта шудаанд. Сӯзанӣ дар матоъи хомсуф ё шоҳии дарозиаш 10-12 метр дӯхта шуда, барои ороиши деворҳо хидмат мекунанд. Онҳоро маъмулан духтарон барои ҷиҳози арӯсияшон медӯзанд. Сӯзании Нурато ду навъ дорад. Махсусияти навъи аввал дар он аст, ки дар маркази чунин сӯзаниҳо ситораи ҳаштгӯша дӯхта шуда, дар чор тарафи он композитсияи гулҳои калон ва гулдастаҳо тасвир мешаванд. Нақшҳои хурди дигар дар байни инҳо ҷой мегиранд. Чунин композитсия ба забони мардуми маҳаллӣ “чор шоху як моҳ” ном дорад. Сӯзани мазкур бо нозукию тартиби ҷойгиршавии нақшҳои асосӣ ва унсурҳои якрангаш фарқ мекунад. Гулҳои гулдаста дар чор тараф тасвир шуда, ҳамоҳангӣ эҷод мекунанд. Дар ҷойҳои холии сӯзаниҳо ҳунармандон бо як маҳорати нозук нақшҳои хурди ба мисли шохҳои бузи кӯҳиро тасвир менамоянд. 

Навъи дигари сӯзанӣ чунин хусусиятҳо дорад: дар марказ ситораи панҷгӯша бо гулҳои хурд-хурд, канораҳои нақшдор. Бисёр дӯзандагон нақши ашёи рӯзгорро низ тасвир мекунанд.

Дар охирҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 гулдӯзиҳои Нурато ба инқироз рӯ ба рӯ шуданд. Ба ҷойи нақшҳои ранга ва ҷузъиёти гуногун тасвирҳои якранги даврашакл ба вуҷуд омаданд. Ин дар ҳолест, ки сӯзаниҳои қадима беш аз 43 рангу тобишҳои онҳоро дар бар гирифта буданд, аммо дар сӯзаниҳои баъдинаи Нурато он нозукиҳо дида намешаванд. Ин ҳодиса баъд аз маъмул шудани мошинаҳои гулдӯзӣ ва истеҳсоли оммавии маҳсулот, аз ҷумла,  маснуоти гулдӯзишуда рӯй додааст.

Дар ҳоли ҳозир гулдӯзиҳои Нурато дар бисёр намоишгоҳҳои на танҳо Ӯзбекистон, балки дар кишварҳои хориҷа низ гузошта шуданд. Акнун ба гулдӯзиҳои Нурато дар Ӯзбекистон ва берун аз он таваҷҷуҳ зиёд шудааст ва санъати  гулдӯзӣ ҳам рушд меёбад. Анъанаҳо аз насл ба насл гузашта, тавассути нигораҳои беҳтарин дар осорхонаҳо ва коллексияҳои шахсӣ маҳорату малакаи гузаштагонро мерос гузоштаанд. Дар деҳаҳо ба рӯйхати ҷиҳози арӯс гулдӯзиҳо барои арӯсу домод ва хешони онҳо низ шомиланд. Имрӯзҳо мактаби гулдӯзии Нурато бо маснуоти гулдӯзии камназираш дар ҷаҳон машҳур мебошад. Созмонҳои миллию минтақавӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монанди “Мулоқот”, дар муаррифии ин муъҷизаи воқеии Шарқ дар ҷаҳон нақши муҳим мебозанд.

Гуларо Абдуллоева

Коршиноси ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ

(Ӯзбекистон)

барчасп: