Урфу одат ва анъанаи қадимаро метавон яке аз нишонаҳои фарҳанги мардум номид. Нишонаҳои пайдоиши ҳар як ҳунар, урф ва одатҳои суннатӣ бештар дар миёни мардумони кўҳистон боқӣ мондааст. Ба андешаи мардумшиносон баъзе анъанаю русум дар аксари навоҳии дурдаст каму беш ба таври аслиашон нигаҳдорӣ шудаанд. Бо пайдо гардидани намунаҳои ҳунарҳои суннатӣ инсон ба таърихи хеш боз ҳам наздиктар мешавад.
Дар аксари минтақаҳои дурдасти мамлакат бештар аз рўи усулҳои қадима ба таври васеъ истифода мебаранд, бо итминон гуфта метавонем, ки дар ин манотиқ тақлид ба фарҳанги бегона камтар ба назар мерасад. Масалан, ҳунари цамугбофии (монанди сабадбофии дигар минтақаҳо) мардуми тоҷикро дар водии Бартанги ноҳияи Рўшон мушоҳида намуда, чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки ниёгони мо аввалин асбобу анҷомҳои рўзгори худро аз химчаҳои чандир ва навдаҳои дарахтон мебофтанд. Дар радифи дигар ҳунарҳои мардумӣ цамугбофӣ таърихи қадима дошта, барои истифода дар рўзгори мардуми кўҳистон нақши муҳимтареро касб кардааст. Мардуми водии Бартанг мегўянд, ки цамуг аз давраҳои қадим, инчунин дар замони ҳозира ҳамеша мавриди истифода қарор дошту дорад. Цамугбофӣ дар ин диёр аз зумраи ҳунарҳое мебошад, ки то кунун мавқеи худро аз даст надода, ҳамзамон дар зиндагии рўзмарраи мардум дар деҳот баръало мушоҳида карда мешавад.
Дар ҷараёни экспедитсия ба ин водӣ дар бораи сохт ва маҳсулоти хоми цамуг Шоҳзодалаъл Баронбеков (соли тав. 1936, сокини деҳаи Рошорв) ба мо чунин шарҳ дод: цамугро аз навдаи дарахти бед (ба забони рўшонӣ wаноҷ) ва ирғай (ба забони рўшонӣ wо:з) мебофанд. Мардуми деҳаҳои ин ҷо бисёртар аз дарахти бед цамугро омода мекунанд, чунки дастрасӣ ба ин навъи дарахт чандон мушкил нест. Аммо аз ҷиҳати вазн цамуге, ки аз навдаи бед сохта шудааст, нисбат ба цамуги аз ҳирғай сохташуда сабуктар аст. Азбаски ҳирғай дарахти камёфту навдааш сахт аст, аз он цамуг камтар мебофанд. Бисёртар цамугҳои ҳаҷман калон аз навдаи ҳирғай бофта мешаванд. Зеро шохаҳои он нисбати дарахтҳои дигар босифату боқувваттар буда, цамуги аз он сохташуда метавонад чандин сол хизмат намояд. Вале ҳангоми бофтани цамуг аз навдаи ҳирғай байни шохаҳо дур мемонад, дар ин ҳолат ҳунармандон пўсти дарахти номбурдаро тарошида сурохиҳои цамугро бо он маҳкам мекунанд.
Миёни мардуми водии Бартанг чунин анъанае мавҷуд аст, ки аз гузаштагонашон мерос мондааст, ҳар нафаре, ки дарахти бед ва навдаҳояшро тоза кунад ҳатман ба цамугбоф муроҷиат мекунад, то вай шохаҳои лозимиашро барои бофтани баъзе чизҳо интихоб карда гирад. Цамугбоф ҳамон лаҳза дар ҳолати тар буданаш ба бофтани он шурўъ мекунад. Барои он ки навдаҳо хушк нашаванд, дарҳол мардуми гирду атроф ба усто ё ҳунарманди цамугбоф кўмак расонида, якҷоя суръати корро метезонанд. Агар ҳунарманд вақт надошта бошад навдаҳоро дар даруни ҷўи об мегузорад, то он лаҳзае, ки бекор шуда ба бофтани цамуг шурўъ кунад.
Цамугро бештар дар фасли баҳор дар вақти шохҳои дарахтонро тоза кардан мебофанд. Нисбат ба сабад ва қафас цамуг зичтару мустаҳкам бофта мешавад. Аз навдаҳои калон цамуги калон сохта, аз шохчаҳояш цамугчаҳо барои кўдакон тайёр мекунанд. Цамуги калонро мардуми маҳаллии Бартанг «какахцамуг», аз он хурдтарро «zдулдерцамуг» ва нисбатан хурдтарашро «цамугбўц» ном мебаранд.
Тарзи бофтани «какахцамуг» аз цамугҳои дигар андаке фарқ мекунад: навдаҳои дарахтро бо андозаи муайян интихоб намуда, дар дохили пору ба таври давра, чоркунҷа ва ё шакли дигар мечинанд ва қисмати болоии навдаро ҷамъ намуда мебанданд ва аз қисми даҳани цамуг ба бофтан шурўъ мекунанд.
Ин намуди цамугро дар давраҳои қадим ба хар бор карда, коҳ мекашониданд. Ғайр аз ин тамоми борҳои вазнинро тавассути ин навъи цамуг аз ҷое ба ҷои дигар мебурданд. Солҳои охир цамуги калон қариб ки истифода намешавад. Цамуги нисбатан хурдтар ва майда бошад, вобаста ба шахсони истифодабаранда, яъне мувофиқи тавоноии ҳар кас корбурд карда мешавад.
Шакл ва сохти цамугҳоро дар шаклҳои гуногун омода месозанд. Масалан, барои цамуге, ки ба пушт гирифта мешавад, як тарафи онро нисбатан рост ва тарафи дигарашро нимдоира мебофанд. То дар ҳолати цамугро дар пушт гирифтан қуллай ва роҳат бошад. Цамугҳоро дар шакли чоркунҷа ва гирдак сохтан ҳам имкон дорад. Аммо тавре сохтан зарур аст, ки дар вақти ба замин гузоштан бояд мувозинаташро нигоҳ дошта тавонад.
Чуноне ки мушоҳида гардид, цамуг дар рўзгори мардуми деҳоти кўҳистон, аз ҷумла дар минтақаи зикргардида аҳамият ва хусусиятҳои хоси истифодабарии худро дорад. Чи тавре ки Мадимарова Бахтибегим (с.т.1958, сокини деҳаи Япшорв) нақл мекунад: «вобаста ба шакл, ҳаҷм ва бофташ муайян кардан мумкин аст, ки цамуги омодагардида барои кадом кор истифода бурда мешавад. Масалан, баъзе цамугҳо барои тоза нигоҳ доштани меваю сабзавот, инчунин барои аз ҳашаротҳо муҳофизат кардани маҳсулоти рўзгор ба кор бурда мешавад. Цамугҳое, ки ҳаҷмашон бузургтар ва боқувватаранд барои боркашонӣ омода мегардад. Цамуги ҳаҷман хурд бофташуда барои истифодаи наврасон пешбинӣ карда шудааст.
Сайфулло Шоҳназаров (соли тав.1950, цамугбоф, сокини деҳаи Нисур) чунин мегўяд: «ҳунари цамугбофӣ бо пешаҳои сабадбофию қафасбофӣ алоқаи зич дошта, бо баъзе хусусиятҳои хос ва тарзу усули бофт ва истифодабарӣ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, сабадро хунарманди сабадбоф метавонад бо чандин навдаҳои дарахтони дигар омода карда барои хоҳишмандон пешниҳод кунад. Ё баръакс қафасро низ мисли сабад мумкин аст, ки аз сим ё дилхоҳ навдаҳои дарахте, ки барои бофтан мувофиқ дониста мешавад, тайёр карда пешкаши мизоҷон намояд. Аммо цамугро ба ҷуз навдаи дарахти бед (wаноҷ) ва ҳирғай (wо:з) аз шохи дарахтони дигар сохтан ғайриимкон аст.
Яке аз хусусиятҳои асосии цамуг аз он иборат аст, ки вазифаи ченакро иҷро менамояд, яъне, ҳамчун мизон миёни мардуми маҳаллӣ истифода карда мешавад. Аз рўи гуфтаҳои мардуми водии Бартанг, цамуг рамзи ченаки замин барои тақсим кардани пору дониста мешавад. Чи тавре ки дар урфият мегўянд «тақсимоти одилона ҷавобгарӣ надорад». Вале «тақсимоте, ки адолат надошта бошад, баракату саодаташ низ кам буда, ҷавобгариаш бисёр аст». Аммо ақидаҳое миёни мардум роиҷ аст, ки барои тақсим кардани пору ба замин тавассути цамуг аз рўи адолат дониста мешавад.
Ба ҳамин хотир цамугро танҳо аз дарахти бед ва дарахти ҳирғай омода мекунанд. Чунки дарахти бед ва ҳирғайро одамон рамзи босамар медонанд, ки ин ақида дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Ҳатто дар ин бора чандин рубоиву мақолҳои халқӣ гуфта шудааст:
Кўдакон хобанд дар гаҳвораҳои чўби бед!
Бедро гўянд нахли бесамар бовар макун.
Одамони ин маҳал мегўянд, ки фиребгарӣ ё фиребкорӣ оқибати нохуб дошта, фиребгар дар ду олам сархам аст. «Инсон набояд инсонро фиреб диҳад, балки заминро ҳам фиреб додан гуноҳ ҳисоб мешавад» мегўянд мардуми кўҳансоли водии Бартанг. Ин қабил шугунҳо боис шудааст, ки сокинони деҳаҳои водии Бартанг барои тақсим кардани пору аз цамуг истифода менамоянд. Ҳангоми тақсимот пору андаке нобаробар шавад ҳам, цамугбоф ва тақсимгар гуноҳ намегиранд. Ба ақидаи мардуми маҳаллӣ цамуг аз дарахтҳои беду ҳирғай сохта шуда, қобиляти ҳифз намудани гуноҳи тақсимгари пору ва цамугбофро дорад.
Ҳатто дар ин бора М.С. Андреев низ мушоҳидаҳояшро дар китоби «Тоҷикони водии Хуф» қайд намудааст: «Цимугбо:ф рўйи ҷаннат наwи:нт» (тақсимгар рўи ҷаннатро намебинад). [1] Ба ин монанд ақидаи дигаре миёни мардуми водии Бартанг роиҷ аст: «Тақсимгар бах ар дузах» (ҷойи тақсимгар дузах аст).
Дар баробари ин ривояте мавҷуд аст, ки дарахти бед ба инсон вафодор буда, ҳусусияти муҳофизаткунӣ низ дорад, аз ин лиҳоз бисёре аз устоҳои чўбкор аз шоху навдаҳои ин дарахт бештар истифода мекунанд. Ҳатто гаҳвораро аз чўби бед ва тиракашро аз дарахти ҳирғай омода месозанд, ки ба андешаашон инҳо ба якдигар иртибот доранд.
Дар ҳолати дигар чунин шарҳ медиҳанд: «вақте кўдак дар пушташ цамугро баста ба кўҳу пуштаҳо барои ҷамъоварии саргин ё ҳезум меравад, агар танҳо бошад, дар ин маврид цамуг ба ў мисли ҳамроҳ ҳисобида мешавад».
Гулҳайёз Хуҷаназаров (соли тав.1938, ҷ.д Савноб) мегўяд «дар солҳои пештар занон кўдаконро дар даруни цамуг хобонида рўи ҳавлӣ гузошта ё дар пушташон баста худашон корҳои хонаро анҷом медоданд». Яъне цамуг вазифаи гаҳвораро ҳам иҷро мекардааст. Вақте ки аз як деҳа ба деҳаи дигар ба меҳмонӣ рафтанӣ мешуданд, дар он ҳолат ҳам кўдакро дар цамуг андохта пуштора карда мерафтанд.
Дар маҷмўъ, гуфтан мумкин аст, ки бофтани цамуг ва истифодаи он то ҳол дар минтақаи мазкур мавриди корбурд қарор дорад. Зеро цамуг яке аз ашёҳои зарурӣ барои мардуми ин водӣ ба ҳисоб рафта, то инҷониб ба ин навъи унсур аз тарафи мардуми маҳаллӣ талабот дорад.
Акобир АБДУЛЛОЕВ
ходими калони илмӣ
[1] М.С. Андреев. «Таджики долины Хуф». Сталинобод, 1958. Вып.2. Саҳ.383-384.