Рўзи 9-уми сентябри соли 2020 баъд аз бемории начандон тўлонӣ, қалби сармуҳосиби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷонов Маҳмуд аз тапидан боз монд.
Бобоҷонов Маҳмуд 20-уми феврали соли 1962 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (1976) таҳсилро дар техникуми Омори шаҳри Ваҳдат идома дода, соли 1980 онро хатм кардааст. Солҳои 1983-1988 дар Донишгоҳи давлати техникӣ ба номи М. Осимӣ таҳсил намудааст. Соли 2008 ба Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012 онро аз рўи ихтисоси баҳисобгириии бухгалтерӣ ва аудитро хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро ба ҳайси хазинадор соли 1980 аз заводи «Пашм»-и н. Данғара оғоз намуда, минбаъд дар ташкилоту корхона ва вазифаҳои гуногун, аз ҷумла: ҷонишини сармуҳосиби совети қишлоқи «Оқсу»-и н. Данғара (1982-1984), сармуҳосиби совети қишлоқи «Оқсу»-и н. Данғара (1984-1987), ҷонишин сармуҳосиби совхози «Коммунизм»-и н. Данғара (1987-1991), молшиноси заводи «Чарми Осиё»-и н. Данғара (1997-1998), ҷонишини директори заводи «Чарми Осиё»-и н. Данғара (1998-2005), ҷонишини мудири АХО сохтмони НБО Роғун, ҷонишини сармуҳосиби сохтмони НБО Роғун (2005-2006), самуҳосиби ҶДММ «Сохтмони Барқи Душанбе» (2006-2009), директори ҶДММ «Сохтмони Нури Диёр» (2009-2011) ифои вазифа кардааст.
Бобоҷонов Маҳмуд аз 26.06.2011 то лаҳзаи охири ҳаёт дар вазифаи сармуҳосиби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.
Коллективи Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот нисбат ба марги нобаҳангоми сармуҳосиби Пажўҳишгоҳ Бабоҷонов Маҳмуд сахт андўҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.