Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳоимиллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу нуру зиё, тарғибгари шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот китоб аст. Бузургон гуфтаанд, ки «Хонаи бе китоб мисли рӯзи бе офтоб аст».
Ба ҳама маълум аст, ки китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсуҳбати беназир ва ниҳоят сарвати бебаҳост. Шахсе, ки китоб мехонад, сатҳи донишаш баланд гардида, нутқи шифоҳиаш бурою тоза мешавад. Чи тавре, ки бе калид ба хонаи дарбастае ворид шудан мумкин нест, бе китоб ҳам ба боғи илму маърифат дохил натавон шуд. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо китобро чун нон муқаддастарин ва азиз медонистанд. Онҳо китобро ҳамеша эҳтиром ва эҳтиёт мекарданд. Касе, ки китоб намехонад, вай хушбахт шуда наметавонад. Китоб чун дору инсонро аз нохушиҳо мераҳонад.
Китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарин аст. Ҳар нафаре, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман шахси некному фарҳангдӯст ва бомаданият ба воя мерасад. Тавассути китоб мо таърихи гузашта, ҳаёти имрӯза ва ояндаи дурахшони халқу миллати худро меомӯзем. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъаноти неки миллиамонро бозгӯ карда, имкон медиҳад, ки сатҳи дониши худро пайваста мукаммал гардонем.
Китоб падидаест, ки тавассути он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард озод мегардад. Кулли бузургони олам, амсоли Арасту, Хайём, Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ маҳз тавассути мутолиаи китоб ба мақомҳои баландтарин расидаанд.
Китоб хосиятҳои аҷибе дорад. Вай на танҳо аз насл ба насл дониш, маданият, таҷрибаи ҳосилкардаи инсонро интиқол медиҳад, балки барои таълиму тарбияи аҳли ҷомеа имкониятҳои зиёдро фароҳам меоварад. Китоб таъсири калони тарбиявию дарккуниро дорад. Бисёр шахсиятҳои бузург, аз қабили олимон, файласуфон, шоирон, нависандагон ба китоб ҳамчун муаллими бузург ва рафиқ баҳо дода, ҷавононро даъват кардаанд, ки аз овони кӯдакӣ ба китобхонӣ одат кунанд. Ниёгони бузурги халқи тоҷик китобро “ҷавшани ҷон”, “ҷароғи раҳнамо”, “аниси кунҷи танҳоӣ” ва “фурӯғи субҳи доноӣ” хондаанд. Бесабаб нест, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар хусуси аҳамияти хониши китоб гуфтаст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...
Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,
Ба қиммат ҳар варақ з-он як табақ дур!
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Агар шахс зиёд мутолиа кунаду китобро бо тамоми вуҷуд дӯст дорад, бузургии дунё дар назари ӯ кушода мешавад, ӯ метавонад бидуни сафар кардан тамоми дунёро бишносад. Инсон аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлоқ омӯхта, ҳамчун фарди покахлоқу ватандӯст ва ватанпарвар тарбият мегирад.
Китоб ба ҳайси маслиҳатгари беминнат ва беҳтарин ёвар қодир аст, ки ба инсон зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро омӯзонад. Нафаре, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст, дарахти пурсамарро мемонад, ки меваҳояш ҳар лаҳза ба дигарон неруву тавон мебахшад. Мутолиаи китоб ва ё асарҳои бадеӣ дар ҳаёту фаъолияти инсон ҷойи асосиро ишғол менамояд. Китоб нутқи инсонро рушд бахшида, барои сухандонию суханварӣ, дарки муҳити атроф ва зуҳуроти табиати олам хизмати босазо мекунад. Мутолиаи китоб ба инсон ҳаёти хушбахтонаро талқин мекунад, меҳру муҳаббатро ба атрофиён зиёд мегардонад, аз бадиву дурӯғ ва хиёнат нигоҳ дошта, дӯст доштани аҳли башар, меҳрубонӣ ва раҳмдилиро тарғиб менамояд.
Дар шакли китобчаҳои хурди ранга чоп кардани афсонаҳои халқи тоҷик, ҳикояҳои “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва шеърҳои кӯдаконаи Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Гулназар, Мирсаид Миршакар, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ ва дигарон меҳри китобро дар дили фарзандон ҷой мекунад. Албатта, дар роҳи тарғиби китоб нақши муҳимро падару модар мебозанд. Барои он ки фарзанд ба китоб меҳр бандад, пеш аз ҳама худи онҳоро зарур аст, ки китобдӯсту китобхон бошанд. Бисёр бамаврид мебуд, агар падару модарон ҳангоми хариди ғизои моддӣ барои фарзандон харидани ғизои маънавӣ – китобро фаромӯш намекарданд ва ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ҳар як оила китобхонаи шахсӣ таъсис дода шавад. Зеро, чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд дастовардҳои назарраси давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳз бо туфайли хонишу дониш ва файзу баракати комёбиҳои бесобиқаи илмии онҳо ба даст омадаанд.
Боиси хушнудист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба мутолиаи китоб пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, барои нашри силсилакитобҳои «Ахтарони адаб» (дар 50 ҷилд), «Энсиклопедияи миллии тоҷик», «Донишномаи кӯдакону наврасон», ҳамасола маблағҳои махсус ҷудо мегарданд. Нашри осори адибон, дастгирии нашри мунтазами як қатор рӯзномаву маҷаллаҳо ва баргузори озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ аз зумраи иқдомоти наҷибу манфиатбори Сарвари кишвар маҳсуб меёбанд.
Хушбахтона имрӯз робитаи кӯдакон, наврасону ҷавонон, мутахассисон, омӯзгорону олимон ба китобхонаҳо қавитар шуда истодааст. Барои ба китобхониву китобхона ҷалб намудани хонандагон ва ба роҳ мондани тарғиби адабиёт дар байни онҳо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки хусусиятҳои хосси синну солӣ ва вижагиҳои майлу рағбати ҳар як гурӯҳи хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Сипас, барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми оммавӣ дар китобхона, аз қабили вохӯриҳо бо шоирону нависандагон ва мутахассисони собиқадори касбу соҳаҳои гуногун, семинару махфилҳои илмӣ, конфронсу нишастҳои шавқовар, таҳияи рӯйхати адабиёти тозанашр нашрияҳои ниёзи хониш, лавҳаҳои ҷашну санаҳои муҳимми таърихии кишвар ва ғайраҳо, ба мақсад мувофиқ мебошанд.
М. Каримов, мудири шуъбаи
фаъолияти китобдории Пажӯҳишгоҳи
илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот