Забон – рукни асосии худшиносии миллӣ
Чоп шуд: 05/10/2020Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба рӯзи забон мизи мудаввар дар мавзӯи «Забон–рукни асосии худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро директори пажӯҳишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ оғоз намуда, ҳамагонро ба муносибати рӯзи забон табрик гуфт. Номбурд зимни суханрониаш зикр кард, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд.