Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба рӯзи забон мизи мудаввар дар мавзӯи «Забон–рукни асосии худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро директори пажӯҳишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ оғоз намуда, ҳамагонро ба муносибати рӯзи забон табрик гуфт. Номбурд зимни суханрониаш зикр кард, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Забон ин пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст. Баъдан Меҳроб Ҷумаев дар мавзӯи «Забони матбуот ва консепсияи забоншиносии миллӣ» ва Гулзира Каримова дар мавзӯи «Рушди забон дар даврони истиқлол» баромад намуда, мухтасарран дар мавриди забони тоҷикӣ ва мавқеи он дар байни дигар забонҳо андешаи хешро иброз доштанд.
Зимни суханрониҳо ва таҳлилу муҳокимаҳо таъкид гардид, ки маҳви забон дер ё зуд сабабгори маҳви миллатҳо ва мардумони соҳибзабон мегардад. Ин панди таърих дар замони муосир бо хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ барои аксарияти миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра низ омӯзанда мебошад. Бинобар ин ҳар як давлат дар дифои арзишҳои миллӣ, бахусус забон масъулияти таърихӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳар сол 5 октябр таҷлил мегардад, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро вазифаи муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номиданд.
Забони мо оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи миллати тоҷик бо ҳама саҳифаҳои дурахшон ва фаслҳои фоҷиабори он инъикос ёфтааст. Барои аҷдодони бо нангу номуси мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша якмаъно будааст. Боиси ифтихор аст, ки қофиласолори шеъри форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ низ аз ин диёр бархост. Ба ҳамин тариқ аз ҳамон ибтидои таърих яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ забон буд. Дар паҳлӯи диловароне чун Бобак, Яъқуби Лайс ва дигарон, ки мехостанд бо зарби шамшер аз зери бори ҳукумати араб халос шаванд, гурӯҳи дигар ба нармӣ аз рӯи дастури ақл дар фикри бунёди давлати миллии хеш афтоданд ва бо саъйу талоши мулоим ва оқилона барои истиқлоли Ватани хеш хидмат карданд, монанди Сомониён, ки ба зоҳир ҳукумати арабро қабул доштанд, вале дар амал ба сӯи истиқлоли мамлакати хеш пеш рафта, ба ҷони он ҷони тоза бахшиданд.
Мадимарова Гулҳаё