Устодон, ҳамкорон ва шогирдони азиз!
Шумо ва дар шахси Шумо аҳли хонаводаатон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав дар корҳои илмӣ-эҷодӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ ва шахсиятон орзу менамоям.
Соли 2020, бо вуҷуди мушкилоти марбут ба вабои аср – COVID-19, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли муҳиму хотирмон буд. Дар бисёр соҳаҳои кишвари мо рушду пешравиҳо ба амал омаданд.
Ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, фармону супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар роҳандозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва пажӯҳишӣ дар самти омӯзиш ва таҳқиқи фаъолияти муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, мусиқӣ, ахбори омма ва табъу нашр, фарҳанг ва санъатшиносӣ, эҷодиёти мардумӣ ва китобдорию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххасро ба анҷом расониданд.
Дар давоми соли 2020 иҷрои лоиҳаҳои илмӣ аз ҷониби ходимони илмии пажӯҳишгоҳ тибқи нақшаҳои фардии корҳои илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажӯҳишгоҳ беш аз 130 кори илмӣ-тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 19 китобу дастур, 44 мақолаи илмӣ, 95 мақолаи илмию оммавӣ ва 35 нашри электронӣ мебошанд.
Дар соли 2020 ҳамчунин бо ташаббуси олимони пажӯҳишгоҳ 8 чорабинии илмӣ, аз қабили конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардиданд. Дар ин давра ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар 26 ҳамоиши илмӣ, конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ карданд.
Ҳамчунин дар соли 2020 аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ҳамкории зичи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои – “Рубоб” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), – “Ҷашни Сада” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон). – “Кашидадӯзӣ” (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон), – “Латифаҳои Насриддин Афандӣ” (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва номинатсияи миллии “Фалак” омода гардида, ба қароргоҳи ЮНЕСКО фиристода шуданд.
Умедвор ҳастем, ки дар соли 2021 низ фаъолиятҳои илмию эҷодӣ ва ҷамъияти кормандони ПИТФИ, аз ҷумла дар самти таҳқиқоти илмӣ, омӯзиш ва таблиғи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, нашри мақолаву китобҳои соҳавӣ боз ҳам пурсамартар хоҳад шуд.
Соли наватон муборак!