Санаи 17-уми феврали соли равон бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат роҳнамои аҳли фарҳанг” баргузор шуд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Абдураҳимзода оғоз гардид. Ӯ дар суханрониаш қайд кард, ки дар Паёми имсола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ба таҷлили сазовори ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ишора карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари таҷлил, пажӯҳишу омӯзиши ҳамаҷонибаи чунин ҷашнҳои мардумӣ, ки реша дар таърихи фарҳанги бостонии мардуми тоҷик доранд, хеле зарур мебошад. Зикр шуд, ки таҳқиқу омӯзиши фарҳанги миллӣ боиси муаррифии ҳар чӣ бештари он дар саросари ҷаҳон мегардад.
Сипас дар мавзӯи “Масъалаи ҷашнҳои миллӣ дар Паёми имсола ва суханрониҳои Пешвои миллат” – Дилшод Раҳимӣ, - номзади илмҳои филологӣ, директори ПИТФИ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гашта, рушд ёфта истодаанд.
Баъдан Сайфулло Сафаров, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, дар мавзӯи “Масоили рушди фарҳанг дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориш дода, андешаҳояшро дар мавриди ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон баён намуд. Инчунин таҳти унвони “Баррасии масоили илму маориф ва фарҳанг дар Паёми Пешвои миллат”, номзади илмҳои педогогӣ Шариф Комилзода, ибрози ақида кард. Ӯ хотиррасон шуд, ки дар заминаи таҳлили амиқ ва дақиқи рӯйдодҳои соли 2020, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти зиёде ба бор овард, Пешвои миллат нерӯи муқтадири халқи азизи хешро эътироф карда, таъкид доштанд, ки: “Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тарақққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем”. Ин бовар ва садоқати мардуми хеш дар баробари рӯҳбаландии халқ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва рисолати бузурги созандагиро боло мебарад.
Дар конференсия, инчунин олимону пажӯҳишгарон дар мавзӯҳои “Фарҳанг - рукни бунёдӣ ва рози бақои миллат (мулоҳизаҳо перомуни сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат)”, - номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода, Алишер Авғонов, “Уфуқҳои сиёсати китобдории Пешвои миллат (андешаҳо дар партави Паём)”, - номзади илмҳои педогогӣ, дотсент, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода, Бозорбой Холов, “ Паём умедбахши фардои нек”, - Субҳон Усмонов омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баромад намуда, нуқтаҳои асосие, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат вобаста ба самтҳои илму фарҳанг ва маориф гуфта шудааст, баррасӣ карданд.
Дар бахши мубодилаи афкор сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Шералиев, дар бораи мавзӯъҳои конференсия фикру андешаҳои хешро баён дошт.
Дар интиҳо барои дар нашрҳои оянда такмил додани мазмуну мундариҷаи мақолаҳои илмӣ, мулоҳизаву пешниҳодҳо баён гардиданд. Конференсия бо сипосгузорӣ аз маърӯзачиён ва иштирокдорон аз тарафи муовини вазири фарҳанг Қурбоналӣ Абдураҳимзода ба итмом расид.
Аттоев Шодрӯз,
мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр