*******
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Саъдии Шерозӣ
*******
Дӯстии халқҳо беҳтар аз ҳама чизҳост.
*******
Ҷумла бадан, ҷумлаи аъзо яке,
Сурати навъию ҳаюло яке.
Алишери Навоӣ
*******
Инсон бародари инсон аст.
*******
Бувад дӯст мар дӯстро чун сипар,
Беҳ аз дӯст мардум кӣ бошад дигар?
Абӯшакури Балхӣ
*******
Агар халқ ба халқ ҳамроҳ шавад, давлат аст.
*******
Кунад оқил андар раҳи сулҳ хайр,
Ту ин роҳ мерав, ас-сулҳу хайр.
*******
Дӯстони вафодор беҳтар аз хешанд.
Саъдии Шерозӣ
*******
Набошад дӯст, ҷуз оинаи дӯст,
Ба ҷону дил ҳам он ину ҳам ин ӯст.
Носири ХУСРАВ
*******
Дӯстӣ бояд аз он гуна ҷӯст
К-он абадуддаҳр бимонад дуруст.
Хусрави Деҳлавӣ
*******
Озурдани дӯстон ҷаҳл аст.
Саъдии Шерозӣ
*******
Дило, гар оядат рӯзе ғаме пеш,
Чу ёре бошадат ғамхор, ғам нест.
Барои рӯзи меҳнат ёр бояд
В-гарна рӯзи роҳат ёр кам нест.
Саъдии Шерозӣ
*******
Дар замири мо намеғунҷад ба ғайр аз дӯст кас,
Ҳар ду оламро ба душман деҳ, ки моро дӯст бас.
Ҳофиз
*******
Давоми шодмонист рӯйи ихвон,
Ки бе ихвон бувад ғамгин дилу ҷон.
Абдураҳмони Ҷомӣ
*******
Ҳисоби дӯстон дар дил.
Носири Хусрав
*******
Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад ҷои миннат аст,
Зеро ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафои дӯст.
Бадриддин Ҳилолӣ
*******
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон.
Абӯшакури Балхӣ
*******
Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.
Ҳаким Фирдавсӣ
*******
Чу ёбӣ дӯсте, сахташ нигаҳ дор,
Ба сустӣ доманаш аз даст магзор.
Носири Хусрав
*******
Ту ба ҷоли мани мискин ба ҷафо менигарӣ,
Ман ба хоки кафи поят ба вафо менигарам.
Саъдӣ
*******
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ҳофиз
*******
Некномӣ хоҳӣ, эй дил, бо бадон суҳбат мадор,
Худписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад.
Ҳофиз
*******
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Саъдӣ
*******
Дар диёри мо баҳори дӯстӣ гул кардааст,
Мефизояд з-ин сабаб ҳам шуҳрати даврони мо.
Абуабдулоҳи Рӯдакӣ
*******
Тотавони дӯстонро гумм макун,
Расми хуби тоҷиконро гумм макун.
Мирзо Турсунзода
Гирдоваранда мудири шуъбаи
фаъолияти китобдорӣ М.Каримов