Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда

24 сол пеш дар шаҳри Маскав мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки он 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), ба имзо расид. Муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ, мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт ва ба диёри мо файзи сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ овард. Марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз гардид.Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард ва дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвар вусъат ёфта, бомаром идома дорад.

Ҷанги бемаънии бародаркуше, ки дар Тоҷикистон бо "фаъолият"-и ифротгароёни дохилӣ ва дахолати нерӯҳои иртиҷоии хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, ба ҷуз талафоти андӯҳовари ҷонӣ ба кишвари азияткашидаи мо дар ҳаҷми даҳ миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид.

Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, мардум бо хушнудӣ ва боварӣ ба ояндаи нек пазируфтанд. Мардум аз хушнудӣ ашки шодӣ мерехтанд.

Табиати сулҳҷуёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард, як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

 Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати точик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад.

 Моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас–ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, ташаббускор, созандаю эҷодкорро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ваҳдати миллӣ ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар буда, барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ инчунин дӯстию рафоқати байни  миллатҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Бесабаб нест, ки баррасии дастовардҳои сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши амиқи на танҳо коршиносони алоҳида, балки институтҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд.

          Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардида, дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст1.

Барои ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби сулҳи тоҷикон нақши китобу китобхона басо бузург аст.

Китобхонаҳо дар робита бо тамоми ташкилоту муассисаҳо, марказҳои эҷодию илмӣ-таҳқиқотӣ, созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ вазифадоранд, ки дар тарғиби таҷрибаи беназир ва ибратомӯзи сулҳи тоҷикон, арзиш ва ғояи ҳифзи он саҳм гузоранд. Тавассути созмондиҳӣ ва баргузории силсилаи чорабиниҳои муҳими тахассусӣ, аз қабили конфронсу семинарҳо, вохӯриву мизҳои мудаввар, сӯҳбату ҳамоишҳои илмӣ, намоишҳои китоб ва таҳияю интишори дастурҳои методиву библиографӣ насли имрӯзаро ба нерӯи созандагӣ, ташаккули ифтихор аз меҳнату миллати хеш, эҳтирому пос доштани якпорчагии Тоҷикистон даъват намоянд. Китобхонаҳо вазифадоранд, ки баҳри бедор кардани ҳисси худшиносию меҳанпарастӣ ва ташаккули созандаву ахлоқи ҳамидаи мардум бештар усулу равишҳои наву самарабахши корҳои фаҳмондадиҳиро мавриди истифода қарор диҳанд.

Ҳар сол мардуми шарафманди тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ҷашни «Ваҳдати  миллӣ»-ро сазовор пешвоз мегиранд.

 

Адабиёт

 

  1. Абдулваҳҳобов, Н., Шерхон, У. Ваҳдатовар.Очеркҳо .–Душанбе, 2014.– 192 с.
  2. Ваҳдати миллӣ: Феҳристи адабиёт / Мураттиб Ш. Комилзода; зери назари М.Асрорӣ. № 2.–Душанбе: Аржанг, 2017.–272 с.
  3. Каримов, Д. Қудрати мо дар ваҳдату якпорчагист [Матн]: Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ // Ҷумҳурият.–2015.– 6 июн.
  4. Комилзода, Ш. А.Клеманс: таҷрибаи беназири тоҷикон дар Аврупо ва Осиё [Матн]: Роҷеъ ба дастовардҳои сулҳи тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ // Ҷумҳурият.–2015.–2 июл.
  5. Қурбонов, Ё. Нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафти ҷомеа [Матн]  // Минбари халқ.–2015.–3 июн.
  6. Мирзо, Т.Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо [Матн] Китобиёт // Паёми Душанбе.–2015.–3 июл.
  7. Нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ва таҷрибаи нодири сулҳи  тоҷикон бори дигар эътироф  гардид [Матн] // Садои мардум.–2015.–4 июл.
  8. Пайки оштӣ. Санадҳо / Мураттибон: Профессорон А.Сатторзода ва И.Усмон.– Душанбе: Оли Сомон, 1998.– 120 с.
  9. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон [Матн] // Ваҳдатовар: Очеркҳо / Н. Абдулваҳҳоб, У. Шерхон. – Душанбе: ЭР-граф, 2014.–С.47-50.
  10.  Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон. Маҷмӯи тезисҳои Симпозиуми байналмилалӣ. Душанбе, 26-27 апрели соли 2001.–Душанбе, 2001.
  11. Холиқназар, Х. Нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ // Мероси Ниёгон.–2016.–№18.– С.8-11.

 

Мудири шуъбаи фаъолияти

                                                                    китобдорӣ М.Каримов

барчасп: