Рӯзи 19-уми июни соли 2021 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, қалби муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор аз тапидан боз монд. Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор 20 ноябри соли 1964 дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1982 ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад. Ӯ хатмкардаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Донишкадаи давалтии маданияти Маскав (1988) мебошад.
Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор фаъолияти кориашро соли 1988 ба сифати омӯзгори кафедраи библиографияшиносии факултаи китобдории ДДФСТ ба номи М. Турсунзода оғоз менамояд ва солҳои 1993 – 1997 ба ҳайси унвонҷӯ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон фаъолият намуда, минбаъд дар вазифаҳои гуногун:
1997 – 2001 мудири шӯъбаи китобдории Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ;
2009 – 2015 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2015 – 2020 Директори генералии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ва аз 18-уми июни соли 2020 то дами марг дар вазифаи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ӯ инчунин бо нишону ҷоизаҳои зерин:
- Медали «Хидмати Шоиста» (2016);
- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012);
- Аълочии маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015);
- Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018);
- Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2020);
сарфароз гардонида шудааст.
Раёсат ва ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот нисбат ба марги нобаҳангоми Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.