Пас аз Созишномаи истиқрори сулҳ (1997) ҳукумати тозатаъсис ва камтиҷрабибаи мо, ки хатари нестшавӣ таҳдидаш мекард, рӯ ба пешравӣ ниҳод. Аз ҳамин вақт сар карда, дар адабиёти мо инъикосу тараннуми Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мақоми хосае пайдо кард. Тӯли солҳои аввал мақсад аз инъикосу тараннуми ин дастовардҳо бедор кардани завқи эстетикии хонанда бошад, инъикоси ин муқаддасот дар публитсистика пос доштан, ҳифз кардан ва мардумро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия кардан буд. Аммо имрӯз адабиёт ғайр аз он ки ҳисси зебоипарастии хонандаро бедор мекунад бевосита ба афкори омма таъсир расонда истодааст, ки ин бешак вазифаи публитсистика аст. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ин маврид хеле дуруст қайд кардааст: «публитсистика адабиёт аст, вале адабиёт публитсистика нест». Мавзӯи ваҳдат дар эҷодиёти адибону публитсистони мо мақоми махсусеро ишғол мекунад. Саҳми як қатор адибону публитсистон аз он ҷумла Низом Қосим, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Бахтиёри Муртазо, Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қувват, Раҷабалӣ Аҳмад, Шералӣ Мӯсо ва дигарон хеле бузург аст.
Хусусан дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо мавзӯи Ваҳдати миллӣ мақоми махсусеро ишғол мекунад. Осори Шералӣ Мӯсо аз образу саҳнасозӣ ва суханофарӣ орӣ набошад ҳам, дар он бештар дидаву шунидаҳои худи публитсист ба назар мерасад. Ӯ дар асарҳояш якдилӣ, иттифоқ, посу ҳифзи муқаддасоти миллӣ, арҷ гузоштан ба хизматҳои Пешвои миллат ва Ваҳдату ягонагиро тараннум карда, аз хонанда фарзанди сарсупурда ва шукргузори замон тайёр карданӣ мешавад. Ваҳдат дар осори Ш. Мӯсо аз ҷумла «Достони Роғун», «Ҷасорат», «Маҷмаи ифтихор» ва ғайраҳо хеле хуб инъикос ёфтааст. Ӯ аз иншоотҳои азим сар карда то гулгашту хиёбон ва роҳу мавзеъҳои дар замои Истиқлолият сохташударо самари Ваҳдат ва Истиқолияту ҳамдилии мардум медонад. «Зеро Роғун рамзи ваҳдат, нангу номуси миллати тоҷик, Роғун ситораи дурахшонест дар осмони орзуву умеди тамоми мардуми Тоҷикистон!». Дар ҷойи дигар ӯ зикр мекунад: «Бале, Роғун таконе шуд ба худшиносию ваҳдати миллӣ».
Ӯ бевосита аз забони қаҳрамонҳо, ки дар сафи пеши ҷабҳаи меҳнат ҳастанд иқтибос меорад ва мехоҳад тариқи онҳо ба хонанда таъсири зиёдтаре расонад, умеди онҳоро ба ояндаи нек қавитар гардонад.
«– Мову Шумо одамони хушбахтем.
Яке мепурсад:
– Барои чӣ раис?
Раис посух медиҳад:
– Зеро имрӯз ояндаи ватанро месозем!». Публитсист боварӣ дорад, ки баъди ба даст овардани Ваҳдату Истиқлолият ва озодӣ «Халқи мо донист, ки ҳаёти ҷамъият ба чӣ ранг аст ва кадом чиз ба пешрафти вай халал мерасонад. Ҳар яке – чи пиру чи барно – сиёҳро аз сафед ба зудӣ фарқ карда тавониста, бо шавқу рағбати рӯзафзун ба худшиносии миллӣ рӯ оварданд». Публитситикаи Шералӣ Мӯсо фарогири сулҳу оромӣ, ҳамдилӣ ва бешубҳа инсондӯстӣ аст Ба назари ӯ Ваҳдати миллӣ «бе ягон шакку шубҳа дастоварди бузург ва муқаддаси миллат аст. Умуман бузургтарин дастоварди инсоният ин сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии осоишта мебошад. Зеро маҳз осоишу осудагӣ инсонҳоро ба хушбахтӣ мерасонад». Ӯ аз зумраи адибонест, ки таъми Ваҳдату озодии миллиро чашида мехоҳанд, ки дигарон низ ин неъмат бархурдор бошанд: «Ваҳдат хушбахтии бузург будааст, шодии номаҳдуд доштааст!
Вақте Ваҳдат мегӯем, кӯдакон механданд, модарон механданд, ошиқон механданд!
Ва тамоми дунё механдад!
Ин сана воқеан лаҳзаи ҳастисоз аст!».
Ӯ дар ҷое меорад: «Чанде пеш олимон ба исбот расониданд, ки ғурури миллӣ боиси солимии равонӣ гардида, чеҳраро дилкаш месозад. Дар дили инсонҳо нисбати миллати худ меҳр, дилгармиро падид оварда, ба саломатӣ таъсири мусбӣ мерасонад». Албатта ин гуфтаҳои публитсист саршор аз меҳри Ватан ва умед ба ояндаи неку дурахшон аст.
Публитсист қайд мекунад, ки истиқололият барои мо дастоварди бузург аст: «Вале истиқлолияти худро бидуни ваҳдат ва ягонагии миллӣ пойдор ва ба манфиати эҳёи миллӣ равона карда наметавонистем».
Дар мавриди ин ҷашн чунин менигорад: «Маҳбубтарину бошукӯҳтарин Иди миллат– 27 июн– Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. 27 – уми июнро шоиста аст, ки ҳамчун рӯзи наҷоти миллат ёдовар шавем.
Зеро дар ин сана, соли 1997 ақли солим ва хиради аслии фарзандони тоҷик бар ҳама гуна зуҳуроти худгароӣ музаффар омад. Он рӯз тири адолат зоғи шуми сиёҳро кушт ва кабӯтари умеду орзу болу пар кушоду ба парвоз омад. Ва он рӯз дар китоби таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гашт ва муқаддас шуд.
Бе ягон шакку шубҳа Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва муқаддаси миллат аст. Умуман бузургтарин дастоварди инсоният ин сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии осоишта мебошад. Зеро маҳз осоишу осудагӣ инсонҳоро ба хушбахтӣ мерасонад».
Ваҳдату оромӣ ва созандагиву бунёдкорӣ дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо инъикос шуда, публитсист тавонистааст симои ҳақиқии Ваҳдату ягонагиро нишон диҳад. Ва дар симои Ваҳдат тавонистааст Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ваҳдатофар муаррифӣ кунад. Навиштаҳои ӯ саршор аз меҳри Ватан ва бошандагони он мебошад. Албатта гоҳо руҷӯи лирикӣ ва образу саҳнасозӣ ба назар мерасад, аммо ҳамаи ин ҳусни осор ва публитсистикаи ӯро коста нагардондаанд.
Ифтихор ЮСУФОВ
ходими илмии шӯъбаи ВАОТ–и ПИТФИ