«Мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем».
Эмомалӣ Раҳмон
Насли ҷавони имрӯза бояд дорои хислатҳои беҳтарини инсонӣ буда, дастовардҳои илм, маданият, таърих, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва ҷаҳониро аз худ намояд ва тавонад, ки фарҳангу маданияти ғании моро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
Шахсе, ки дар муҳити дурусту бофазл ба воя расидааст, ҳамеша росткору поктинат ва бузургдилу бофазилат аст. Асоси фазилатҳои хуб дар муҳити хуб ва оилаи солим ба вуҷуд меояд, дар хуну дили кас ҷой мегирад ва ҳамин хел то дами пирӣ ёвару роҳнишондиҳандаи каси бохирад мегардад. Ростгӯӣ хислати басо бузургест, ки хоси ҳар кас буда наметавонад. Каси ростгӯй виҷдону имони пок, қалбу руҳи покро дорост. Ростгӯиву росткорӣ ба хони кас таровату нур, файзу саховат ва баракату хушӣ меорад. Ростгӯиву росткорӣ рисолатҳои инсони асилу бомаърифатанд. Инсоне, ки рисолаташро ба ҷо намеорад, дар қатори ҳайвонҳо қарор дорад. Ростгӯӣ ҳамеша соҳибиззат, баобрӯй ва соҳибқудрат аст.
Дар Китобхонаи илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот осори шоирони классик ва муосири тоҷик бисёранд, ки дар мавзӯҳои ростгӯиву росткорӣ, виҷдону имони пок, қалбу рӯҳи пок эҷод шуда, барои мутолиа кардан ба хонандагон тавсия менамоем:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
***
А.Рӯдакӣ
Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,
Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.
***
А.Фирдавсӣ
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натавон кард.
Ибни Сино
***
Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳиб мақом.
Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,
Аҳли ақлу илмро дорад азиз.
Аттор
***
Ба пирӣ хидмати модар-падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Носири Хусрав
***
Дониш талабу бузурги омӯз,
То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз!
***
Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.
Низомии Ганҷавӣ
***
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
С.Шерозӣ
***
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қулфкушои ҳама дарҳост илм.
А.Ҷомӣ
***
Бархез, то ниҳем сари худ ба пойи дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.
Б.Ҳилолӣ
***
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Восифӣ
***
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
А.Бедил
***
Ба илме кӯш, то зар ҳосил ояд,
Ба касбе соз, то ҷоҳат физояд.
Т.Асирӣ
***
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
*** С.Айнӣ
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
С.Айнӣ
***
Ҳар шаб зи худт бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ!
***
А.Лоҳутӣ
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дӯст ояд гарм дар оғуш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
***
М.Турсунзода
Ниҳоят, ҳамеша бояд кӯшид, ки аз дуруғ забон барбаст, аз бадӣ канор ҷуст. Ҳамеша ҷаҳд мебояд, то дар ҳамаи корҳо росткору ростгӯ ва ростқавлу роҳнамоӣ буд, зеро фазилати бузурги инсони асил ростиву ростгӯист.
Адабиёти истифодашуда:
- Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе-шаҳpи дӯстӣ ва баpодаpӣ. – Душанбе: Ирфон, 1998. – 32 с.
2.Эмомалӣ Раҳмон. Фаpҳанг ҳастии миллат аст. – Душанбе: Матбуот, 2001. – 37 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолият неъмати бебаҳост. – Душанбе: Шаpқи озод, 2001. – 94 с.
- Набиев, В. Навниҳолони боғи истиқлол. – Душанбе: Авесто, 2001. – 66 с.
- А. Ғазалиёт. − Душанбе: Адиб, 2004. − 436 с.
- Рӯдакӣ, А. Ашъор. − Душанбе: Адиб, 2007. − 416 с.
- Фирдавсӣ, А. Шоҳнома. – Душанбе: Адиб, 2007. − Ҷ.26. − 478 с.
- Қодирова, Ҳ. Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле. – Душанбе: Сифат, 2008. – 60 с.
- Ҷумъазода, Х., Тошев, А. Оинаи адабиёт. – Душанбе, 2009. – 44 с.
- Хусрав, Н. Девони ашъор. − Душанбе: Адиб, 2010. − 482 с.
- Хони маънӣ. − Душанбе: Адиб, 2011. − 480 с.
- Ганҷавӣ, Н. Хамса. − Душанбе: Адиб, 2012. − 479 с.
12..Аттор, Ф. Мантиқу-т-тайр ва осорнома. − Душанбе: Адиб, 2014. − 479 с.
13.Шерозӣ, С. Ғазалиёт. − Душанбе:Адиб, 2014. − 479 с.
14.Деҳлавӣ, А. Ғазалиёт. − Душанбе: Адиб, 2014. − 478.с.
15.Саидзода, Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон. – Душанбе: Бунёди забон, 2015. – С.18.
Таҳияи мудири шуъбаи
фаъолияти китобдорӣ
М.Каримов