ШИНОХТ ВА ЭЪТИРОФИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар вожаномаи Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи «Истиқлолият» ба маънои «мустақилӣ,  соҳибихтиёрӣ;  озодӣ  ва  комилҳуқуқии  кишвар  дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ» тавсиф шудааст. Ба ин манзур «Истиқлолият» моҳияти дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдории миллӣ ва роҳандозии мустақилонаи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии мамлакатро ифода мекунад. Дар ин робита бештари масоили марбут ба истиқлолият ва истиқлолиятшиносӣ ифодаи расмии худро дар асару мақолаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардаанд. Бахусус тавсифи истиқлолият ҳамчун нишони барҷастаи пойдории давлат ва нақши он дар рушди истиқлолияти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар осори пурғановати Пешвои миллат ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва истифодаи афкор ва андешаҳои Пешвои миллат, ки дар асару мақола ва суханрониҳояшон дарҷ ёфтаанд барои дарки моҳияти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон шароит муҳайё сохта, ҷиҳати муаррифии дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии мамлакат мусоидат менамояд.

Матни суханрониҳо, маърӯзаҳо, мақолаҳо, мусоҳибаҳо, изҳоротҳо, хитобияҳо, муроҷиатномаҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз моҳи ноябри соли 1992 дар силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷамъовариву гурӯҳбандӣ шуда, аз соли 2002 аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба табъ мерасанд. Дар маҷмӯъ то имрӯз 20 ҷилди ин силсила чоп шудааст, ки дар онҳо матни 1428 маърӯзаву суханронӣ, изҳороту паём, мақолаву мусоҳибаҳои Пешвои миллат ворид шудаанд. Имсол дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷилди 20-уми маҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба табъ расид, ки дар он матни 44 суханронӣ ва 14 паёми шодбошии Пешвои миллат ворид шудаанд. Нашри охирон аз нашрҳои қаблӣ бо як қатор хусусиятҳояш фарқ мекунад. Ҷилди 20-ум китоб дорои дастгоҳи маълумотдиҳанда мебошад. Дар он бори нахуст мураттибон се кумакфеҳрист: феҳристи мавзӯъҳо, феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ва феҳристи ашхосро ҳамроҳ кардаанд, ки истифодаи онҳо раванди пажӯҳиш ва дарёфти маводи лозимаро осон мегардонад. Масалан, бо истифода аз феҳристи мавзӯъҳо истифодабарандаи китоб имкон дорад, ки бемамоният оид ба 46 мавзӯи мушаххас, ки дар заминаи матни суханрониву паёмҳои табрикотӣ мураттаб шудаанд, маълумот пайдо намояд. Истифодаи феҳристи номҳои ҷуғрофӣ бошад ба хонанда имкон медиҳад, ки доир ба 125 номи давлату кишварҳо, шаҳру вилоятҳо, ноҳияву деҳаҳо маълумот гирад ва тавассути феҳристи ашхос оид ба исму насаби 103 нафар шахсият шинос шавад. Месазад, ки ин иқдоми наҷибонаи мураттибони китоб минбаъд низ идома ёбад ва бо такмилу иловаҳо чунин кумакфеҳристҳо ба ҷилдҳои қабланчопшудаи маҷмӯа тартиб дода шаванд. Ҳамзамон зарур мешуморем, ки теъдоди нусхаҳои чопии китоб зиёд карда шавад. Чунки бо теъдоди 1000 нусха қонеъ гардонидани талаботи ба китобдоштаи эҳтиёҷмандон ғайриимкон аст ва ё тақсими он ба беш аз 6000 китобхонаи дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолиятдошта монеа эҷод мекунад.

Мутобиқ ба мазмуну муҳтавояш силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бояд китоби рӯйимизии кулли кормандони ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот бошад. Чунки дар ин силсиламаҷмӯа матни тамоми маърӯзаву суханрониҳо, паёму изҳорот, мақолаву мусоҳибаҳои Пешвои миллат ҷамъовариву пешниҳод мешаванд ва аз ин мавод ҳарчи бештар  муҳаққиқону мутахассисони соҳаҳои мухталифи илм истифода мекунанд. Омӯзгорону донишҷӯён, магистранту унвонҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна низ аз ин силсиламаҷмӯа истифода мекунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки нашри такрории  силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо тағйироту иловаҳо ва бо дарназардошти шумораи китобхонаҳои мамлакат бо теъдоди на кам аз 8000 нусха ба роҳ монда шавад.

 

Шариф КОМИЛЗОДА,

номзади илмҳои педагогӣ,

дотсент

барчасп: