НАҚШИ КОНСИТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ СОҲАИ ФАРҲАНГ

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзи 5-уми ноябри соли 2021 мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар ташаккули низоми қонунгузории соҳаи фарҳанг» баргузор шуд. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори ПИТФИ номзади илмҳои педагогӣ Ш.Комилзода оғоз гардид.

Мавсуф қайд намуд, ки имрӯз дар саросари кишвар бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ таҷлил гардида истодааст. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот низ бахшида ба ин санаи таърихӣ мизи мудаввар доир намуд, ки аз дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва нақши Конститутсия дар он дарак медиҳад. Ба таври раъйдиҳии умумихалқӣ қабул шудани он яке аз дастовардҳои бузурги замони истиқлолият маҳсуб ёфта, ифодагари озодии ҳаёти фарҳангии ҷомеа мебошад. Зеро масъалаҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мафҳумҳои инсон, шаҳрванд ва халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди он, ҳимояи боигариҳои табиии кишвар ва сохтори идоракунии давлатӣ ташкил дода, дигар масоили дарҷёфта ифодакунандаи ин нуктаҳои меҳварӣ мебошанд.

Сипас, тибқи барнома маърӯзаҳо таҳти унвони “Кафолати озодии сухан ва табъу нашр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Мурод Муродӣ) ва “Нақши Конститутсияи ҷумҳурӣ дар ташаккули низоми қонунгузории соҳаи фарҳанг” ироа гардид.

Қайд карда шуд, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар ва қабули Конститутсия тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа мароми муайянро гирифт. Аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар асоси ин санади таърихӣ дар соҳаи фарҳанг низ як қатор қонун ва қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд, ки ҷиҳати рушду такомул бахшидани соҳа мусоидат намуд. 

Ҳамчунин оид ба мавзӯи мавриди назар мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Давлатов Ф., ходими калони илмӣ Мирзоев С., ходими калони илмӣ Қурбонов Ш., котиби илмӣ Носирова Л. ва дигарон ба музокира баромада, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба нақшу моҳияти Конститутсия, бахусус дар самти фарҳангу санъат баён карданд.

Дар охири чорабинӣ намоиши китобҳо доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ғафуров Ҷамшед

ходими калони илмӣ

барчасп: