Таҳти чунин унвон рӯзи 16 ноябри соли 2021 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки ходимони пажӯҳишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар баргузор гардид. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Д.Раҳимӣ оғоз гардид.
Ӯ қайд намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар фазои ҷашни бузургу таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор мешавад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин рӯзи одӣ нест, ин ҷашни бузурги миллӣ, тантанаи волоияти қонун, рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хосса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ин хотир ҳамасола дар мамлакат рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” зикр ёфтааст, афзуд Д.Раҳимӣ.
Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар дар мавзӯи “Мақом ва уҳдадориҳои Президент дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ, Раҳимӣ Дилшод маърӯза намуд. Ӯ зикр кард, ки дар моддаи 64 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияи арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад”.
Дар идомаи гузориш Раҳимӣ Д. оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаҳои 64 -71-уми Конститутсия, роҷеъ ба салоҳияти Президент; меъёрҳои интихоби Президент; натиҷаҳои интихоби Президент; савгандёдкунии Президент; салоҳияти Президент; ҳолатҳои қатъи фаъолияти Президент ва дахлнопазирии Президент ба таври пурра маълумот ироа намуд.
Инчунин Раҳимӣ Д. дар баромади хеш хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои расидан ба Истиқлолияти комил ва соҳиб шудан ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститусия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳамто ва назаррас арзёбӣ намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки “Дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад”.
Сипас аз рӯйи барнома муовини директор оид ба илм Аминов А. дар мавзӯи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фарҳанги миллӣ” суханронӣ намуд. Ӯ дар баромади хеш оид ба заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба сиёсати фарҳангӣ дар арсаи байналмиллалӣ маълумоти батафсил ироа намуд. Аминов А. қайд намуд, ки “Си соли баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани мамлакат собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг, ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана ва дигар муқаддасоти миллӣ эътибори доимӣ медиҳад. Метавон гуфт, ки дар давлати мо соҳаи фарҳанги миллӣ босуръат рушд менамояд ва дар ин ҷабҳа саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст”.
Дар анҷоми суханрониаш Аминов А. бори дигар таъкид намуд, ки дар ҳама ҷанбаҳои соҳаи фарҳанг саҳми Пешвои миллат бениҳоят бузург ва назаррас мебошад.
Пас аз он роҷеъ ба мавзӯъҳои мавриди назар байни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкори судманд баргузор гардид, ки дар он М.Муродӣ, С.Мирзоев, З.Холмуродов, Ш.Қурбонов ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ташаббусу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи фарҳанг ва рушду нумӯи фарҳанги миллӣ баён намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ намоиши китобҳои тозанашр бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.
Абдулфаттоҳ Аминов,
номзади илмҳои филолгӣ,
муовини директор оид ба илми ПИТФИ