ПОСИ ХОТИРА

        Рӯзи 17-уми ноябри соли 2021 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, қалби китобшинос, мудири шуъбаи фаъолияти китобдории Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Каримов Маҳмадшариф Мусоевич дар синни 64 солагӣ аз тапидан боз монд.

Каримов Маҳмадшариф Мусоевич 17 марти соли 1957 дар дар деҳаи Сомони ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1964-1974 дар мактаби №46-и ноҳияи Ленин таҳсил кардааст. Соли 1974 ба Донишкадаи фарҳанг ва  санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуда, онро соли 1978 бо ихтисоси китобдор-китобшиноси дараҷаи олӣ хатм намудааст.

Каримов Маҳмадшариф Мусоевич пас аз хатми донишкада дар вазифаҳои гуногуни идорӣ фаъолият кардааст. Аз ҷумла:

Солҳои 1978-1984 методисти калони шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ; солҳои 1984-2008 хизмат ва фаъолият дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2010-2011 дастурдиҳандаи мудофиаи граждании Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ; 2012-2015 сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон; 2015-2016 мудири бахши ҳуқуқ ва кадрҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон; 2016-2017 сардори шуъбаи таъмир ва таъмини Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва баъдтар сардори шуъбаи нигоҳдории китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон; 2017-2020 – роҳбари  Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2020 то дами марг дар вазифаи мудири шуъбаи фаъолияти китобдории Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот кору фаъолият намудааст.

Каримов Маҳмадшариф инчунин дар Артиши шӯравӣ ва сохторҳои қудратӣ хидмат карда, дорандаи рутбаи ҳарбии  полковники хизмати дохила буд.

Ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот нисбат ба марги нобаҳангоми корманди Пажӯҳишгоҳ Каримов Маҳмадшариф Мусоевич сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

 

барчасп: