Парчам – рамзи худшиносии миллист

Рӯзи 23-юми ноябри соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Парчам рамзи ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ» баргузор гардид. Ҳамоиш таҳти раёсати директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ оғоз шуд. Ӯ зимни суханрониаш иброз дошт, ки парчам яке аз нишонаҳои пурифтихору ҳувиятсози миллат мебошад. Аз давраҳои қадим то ба имрӯз парчам ба ҳайси як нишона, як аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хидмат кардааст. Дар парчамҳои халқҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҷуғрофиё, иқтисодиёт, фарҳанг, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва ё халқ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.

Тибқи барнома дар ин чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои методӣ Шариф Комилзода дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон таҷассумгари фарҳанги миллӣ» ва мудири бахши фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Зафар Холмуродов таҳти унвони «Парчам рамзи иттиҳоду якдилист» маърӯза карданд. Зимни суханронӣ мафҳуми вожаи парчам ва муродифҳо, заминаҳои пайдоиш, эътироф гардидани он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, рамзу маънии рангҳо ва дигар тасвироти парчам, ба муносибати таҷлили рӯзи Парчам қомат афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчам ҳамчун рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва пирӯзӣ баён гардиданд.   

Дар бахши мубодилаи афкор профессор Ҷ.Обидпур, доктори илмҳои филологӣ М.Муродӣ, мудири шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ А.Абдуллоев, ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ С.Мирзоев ва дигарон фикру андешаҳои хешро баён намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки парчам ҳамчун муқаддасот, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Чорабинӣ бо намоиши китобҳо ба анҷом расид.

барчасп: