МУСИҚИРО ФАҲМИДАН КАМ АСТ...

Вокуниш ба мақолаи Рустами Ваҳҳоб  «Мусиқӣ ва вазни шеър»,

Мусиқии тамоми халқу миллатҳои дунё қолабҳои дақиқи ритмӣ доранд, ба андоза ва тақтҳо ҷудо мешавад. Аммо вазни арӯз чунин ритмҳои дақиқро надорад. Дар асоси ҳамин гуфтаҳо сурудҳо танҳо дар як ритми андозаи оҳанг суруда мешаванд. Ба истиснои як навъи суруди классикӣ аз Шашмақом, ки оҳанги суруд ба ду андоза: се чорякӣ ва се ҳаштякӣ ё баръакс се ҳаштякӣ ва се чорякӣ дар як мисраъ суруда мешавад. Чунин ритми омехта аз шеъри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ибтидо мегирад, ки мисрае аз қитъаи  мазбур ин бошад: “ Эй Маҷ, кунун / ту  шеъри / ман аз бар куну / бихон”//. Шояд аз ин сабаб бошад, ки мусиқиро ба фанҳои дақиқ дохил мекунанд. Яъне ритми мусиқӣ  мисли арифметика аст, ки дар он ҳатто талаффузи каму зиёди як ҳарф метавонад ритмро коста созад, ба он сакта орад.

          Банда, мақолаи шоир, арӯзшинос Рустами Ваҳҳобро бо унвони  “Мусиқӣ ва вазни шеър ”дар сайти фейсбук хонда, лозим донистам ба ин мақолаи ӯ ҷавоб нависам. Бояд гуфт, ки дар мақолаи мазкур на ҳама фикрҳои овардаи муаллиф қобили қабуланд ва ё ҳақиқат доранд.

Арӯзшинос Рустами Ваҳҳоб дар мақолаи хеш чунин иброз доштааст: ”...вазни суннатии арӯз метавонад ҳатто ба мусиқии дигар халқҳои ҷаҳон созгор дошта бошад” ва ӯ чанд  мисол меорад. Мисоли аввал: гӯё ҳофизи машҳур Аҳмад Зоҳир бар чандин оҳанги фаронсавӣ ва дигар оҳангҳои аврупоӣ матни тоҷикиро бастааст. Ӯ сурудеро бо матлаи   “Танҳо шудам, танҳо” мисол оварда, онро бо вазни арӯзи “Мустафъилун фаълун” мувофиқ медонад. Дар ченаки арӯзии мустаъфилун зада дар ҳиҷои дуюми он, дар “таф” меафтад. Аммо дар суруди мисол овардаи  муҳаққиқ бошад, оҳанг бо ҳиҷои заданоки ҳиҷои аввал оғоз мешавад. Ченаки арӯзии мустаъфилун фаълун ба ин шакл такт мешавад: андоза – ҳафт ҳаштякӣ, нақшааш: – / –V – ва фаълун мутобиқ аст ба андозаи ду чорякӣ, нақшааш: – –.  Ҳарду ченаки арӯз якҷоя вазн (ритм)-и умумии он суруди Аҳмад Зоҳирро ифода намекунанд. Ҳофиз ин мисраъро бо ритми оҳанги ду чорякӣ, яъне ӯ ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳро  якхел бо тарзи талаффузи ҳиҷои кӯтоҳ ба қолабҳои оҳанги маъмули эстрадӣ мувофиқ карда, ба ин шакл хондааст: VVVV / – – . Аҳмад Зоҳир дар ин сурудаш танҳо ритмро аз он суруди фаронсавӣ истифода кардааст. Вале ритми суруди «Танҳо шудам, танҳо» бо ченакҳои қолабии арӯзӣ бо ҳам созгор наафтодаанд.

          Мисоли дувум: муаллифи мақола боз мисоли дигареро бо оҳанги суруди машҳури русии «Миллион алых роз» оварда, аз ҷумла навиштааст: «…оҳанг бе каму кост бо матни форсӣ созгорӣ дорад” (Кадом матни форсӣ? Нагуфтааст). Муҳаққиқ дар ин гуфтаҳояш ченаки дигари арӯзиро бо фоилун, фоилун, фоилун мисол овардааст, ки нақшааш ин мебошад: –V–,–V–,–V–. Аммо суруди «Миллион алых роз» бошад, бо дигар қолабҳои зарбӣ суруда мешавад: дар аввал ду ҳиҷои «кӯтоҳтар» ва як ҳиҷои кӯтоҳ (аломати ҳиҷои «кӯтоҳтар» дар ченакҳои арӯзӣ дида намешавад). Аммо ченаки фаилун бо нақшаи VV–,VV–,VV– (на фоилун) барои муайян сохтани ритми суруди мазкур як қадар саҳеҳтар мебошад.

          Дар ҷои дигари мақолааш арӯзшинос Рустами Ваҳҳоб навиштааст: «Арӯз бо ҳама мусиқии ҷаҳон созгор аст».

Чунон ки мо медонем, вазни арӯз ҳатто ба шеъру  мусиқии форсу тоҷик созгор наафтодааст, чӣ расад ба мусиқии ҷаҳон?! Фикр мекунам, ин гуна мулоҳизаҳои арӯзшиносу  «мусиқидон» Рустами Ваҳхоб хонандаро ба гумроҳӣ мебарад, чунки гуфтаҳояш иштибоҳи музир аст! Гуфтаҳои муҳаққиқ, гарчанде ақидаи худи ӯст, ба мусиқӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Фикр мекунам, гуфтаҳои ӯ на асоси воқеӣ доранду на илмӣ. Чунон ки гуфта шуд, мусиқии ҳама халқу миллатҳои ҷаҳон андоза (“размер”) дорад, ба тақтҳо ҷудо мешаванд ва ҳиссаи аввали тақт (дар шеър ҳиҷои аввали тақт) бо зада талаффуз мешаванд. Фикр мекунам, чунин  натиҷагирии муаллифи мақола танҳо ба сабаби аз илми мусиқӣ бебаҳра буданаш рух додааст.

           Адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб шеъри машҳури Муъмин Қаноат «Нарав, қуи сафеди ман»-ро яке аз нахустин намунаҳои шеъри нави тоҷик гуфтааст. Ӯ навишта: «Намунаи барҷастаи ҳамсозии мусиқии ҷадид бо шеъри нав (арӯзи нав)  дар яке аз нахустин намунаҳои шеъри нави тоҷик –шеъри машҳури Муъмин Қаноат «Нарав, қуи сафеди ман» мебошад, ки маълум аст, бо илҳом аз мусиқии П.И.Чайковский “Ҳавзи қувон” (аниқтараш аз мусиқии балети  «Кӯли  қувон»-и Чайковский, -Ҷ.О.) ва рақси Малика Собирова эҷод шудааст» ва ӯ порчаи шеърро мисол овардааст, ки се мисраи он ин мебошад:

    Навоҳо об мегардад,

    Ба рӯи саҳна мерезад,

    Садо аз мавҷҳои реза мерезад…

Шеъри «Нарав, қуи сафеди ман»-и Муъмин Қаноат  аз ҷиҳати ритм (вазн, сохт), мисраи он ба ними мисраи  қитъаи устод Рӯдакӣ  «Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ» шабоҳат дорад. Мисраи мазбур аз чор тақт иборат буда, ҳар ду шеър дар ритми оҳанги ҳафт ҳаштякӣ иншо шудаанд. Нақша ва тақт чунин аст: V– – / – V – – / –V– – / –V– – / –.

Мисраи якуми шеъри Муъмин Қаноат ними ҳамон қитъаи устод  Рӯдакист. Шеъри Муъмин Қаноат аз ҷиҳати шакл шеъри сафед мебошад, ки то Муъмин Қаноат аллакай вуҷуд дошт. Вале ҳама мисраъҳои  шеъри Муъмин Қаноат ритми дақиқ доранду бо ритми ҳамон қитъаи шеъри устод Рӯдакӣ, ки мисол оварда шуд, мутобиқанд. Масалан, мисраи охири шеъри  мисоловардаи муҳаққиқ, ки бо матлаи “Зи ман баъди ту оташхона, оташхона мемонад” пурра дар ритми ҳамон қитъаи шеъри устод  Рӯдакӣ, суруда шудааст. Дар шеъри «Нарав, қуи сафеди ман» танҳо мавзӯъ нав аст. Шеъри нав бошад, танҳо аз  рӯи ритм (вазн) ва шакл (сохт) муайян мегардад.

          Арӯзшинос Рустами Ваҳҳоб дар ҷои дигари мақолааш навиштааст: «Мусиқӣ имконоте дорад, ки дар таркиби он матне бо вазнҳои гуногун ё ҳатто пораҳои  мансур ҷой дода шавад». Ин имконотро танҳо жанрҳои  бисёрқисмаи вокалӣ-симфонӣ кантата ва ораторияҳо, ки аз якчанд қисмҳои мукаммал иборатанд, метавон пайдо кард.  Яъне ҳар як қисм аз ин асарҳои вокалӣ-симфонӣ метавонанд бо шеъри тоза дар ритми нав эҷод шаванд. Аммо дар як суруд истифодаи «вазнҳои гуногун» ғайриимкон буда, қобили қабул нест.

Ин ҷо иқтибосеро аз навиштаҳои Шамси Қайси Розӣ (асри XIII) дар китоби «Ал–мӯъҷам» (саҳ. 13) меорам, ки далели гуфтаҳои банда шуда метавонанд. Қайси Розӣ фармуда: «...ба ҳеҷ сабил (роҳ, услуб) ду баҳрро дар якдигар нашояд омехт ва бар ду вазни мухталиф шеър нашояд гуфт». Фикр мекунам ин гуфтаҳои Қайси Розӣ ба арӯзшиносон низ дахл дорад.

          Муҳаққиқ Рустами Ваҳҳоб дар мақолааш овозхонҳои маъруфи ҷумҳуриро бар он «мутаҳам» карданӣ шудааст, ки гӯё дар сурудҳои онҳо сактаҳои нораво эҳсос мешаванд. Ӯ навиштааст: «…дар сурудҳои ҳатто бисёр овозхонҳои маъруф чунин сактаҳои нораво эҳсос мешавад». Аммо муҳаққиқ ягонтои он овозхонҳои маъруфро номбар накардааст. Чунон ки мо медонем ва репертуари бисёр овозхонҳои маъруфи ҷумҳуриро қариб аз ёд медонем, дар ягон сурудҳои иҷрокардаи онҳо  сактаи нораворо эҳсос накардем. Аз ҷумлаи сурудҳои овозхонҳои маъруф  Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхуҷа Баҳодуров, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Нуқра Раҳматова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева ва даҳҳо овозхонҳои дигар сактаи норавои шеър эҳсос намешавад. Бисёрии ин овозхонон оҳангсоз низ ҳастанду ба сурудҳои сароидаашон худашон оҳанг бастаанд. Фикр мекунам, ин гуфтаҳои шоир Рустами Ваҳҳоб дар ҳаққи овозхонҳои маъруфамон беадолатист.

          Арӯзшиносу «мусиқидон» Рустами Ваҳҳоб ҳатто матни  Суруди миллии Тоҷикистонро мутобиқ ба вазни арӯзии ҳазаҷи мақбуз (v-v-) донистааст. Ӯ навишта: «Матни нави Суруди миллии Тоҷикистон, ба қалами шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ комилан дар вазни арӯзии ҳазаҷи мақбуз (v-v-) ва дар қолаби арӯзи нав бо шумораи гуногуни аркон дар мисраъҳо буда, ба айни ҳамон оҳанг мутобиқат дорад».

          Муҳтарам Рустами Ваҳҳоб! Дар ин гуфтаҳоятон, ки мантиқ нест, ман дар ҳайрат мондам. Дар шеъри Гулназар бо оҳанги С.Юдаков  задаи калимаҳо бо ҳиссаҳои заданоки ритми тақтҳои оҳанг мутобиқат надорад. Яъне талаффузи ҳамаи мисраъҳои шеър бо оҳанг аз ибтидо то интиҳо зиддиритмӣ, чапзарб  мебошанд. Аслан шеъри Гулназар ба вазни арӯз ҳеҷ иртиботе надорад. Чунки оҳанг  бо ритми қаторнуқтадор, ки дар он ҳиҷои «кӯтоҳтар» истифода шудаасту аломати он дар қолабҳои вазни арӯз дида намешаванд, суруда мешавад (ниг. низ ба кит. «Вазн ё ритм?»-и Ҷ. Обидпур, саҳ. 65).

          Банда, ин камбудии Суруди миллиамонро борҳо дар муассисаҳои таълимӣ, ба воситаи телевизион мавриди зинда иҷро шуданаш мушоҳида намудаам. Ҳатто Горди фахрӣ ҳангоми пешвозгирии меҳмонони  олимақоми хориҷӣ Суруди миллиро то охир тозаву дуруст суруда наметавонанд, ин як сабаб дорад: талаффузи матн бо оҳанг зиддиритмӣ, яъне чапзарб аст.

          Шеъри Гулназар Келдӣ ритми хосси худро дорад ва бояд ин ритмро дарк намуда, ба ин шеър оҳанги нав эҷод кард. Хуллас, Суруди миллии тоҷикон ҳамоҳангии матну мусиқиро мехоҳад.

           Банда, муддати зиёда аз як сол аст, ки ин камбудии ҷойдоштаро хостам ислоҳ кунам, вале баъзе шоирон ва композиторон ба ман монеа эҷод намуданд…

           Ин ҷо боз мехоҳам ба як гуфтаи  «мусиқидон» Рустами Ваҳҳоб равшанӣ андозам. Ӯ дар китоби «Поэтикаи вазн ва хусусиятҳои ритмии назми муосири тоҷик»-и худ композитори барҷастаи фаронсавӣ Морис Равелро ғалат оҳангсози испонӣ номида, ҳамчунин «Болеро»-рақси испонии барои оркестри симфонӣ навиштаи  ӯро ғалат  симфонияи  «Болеро» маънидод намудааст. Ҳол он ки  «Болеро»-и машҳури композитор Равел асари рақсӣ буда, барои оркестри симфонӣ эҷод шудааст. Ин асарро нашояд симфония номид.

                    Шоири ширинбаён Нозирҷон Ёдгорӣ низ чанд байте дар ҳаққи арӯзшиносон  навиштааст, ки матлаъ ин мебошад:

 

    Инқилобе мекунем дар шеър мо,

    Вазни шеърро мекунем аз меҳр мо.  

    Мешавем берун аз  вазни араб,

    Мекунем бо тоҷикӣ онро ваҷаб …

    Лафзи мо бошад агар лафзи биҳишт,

    Шеъри моро тоҷикӣ бояд навишт.

 

          Хуллас, дар замони нав шеъри нави тоҷикӣ бештар бо ритми маршӣ (ба истиснои шеърҳои лирикӣ) иншо шуда, композиторон онро дар ҳамон ритм оҳанг мебанданд. Ченакҳои вазни арӯз комил набуда, ин гуна ритмҳоро дар худ надоранд.

          Дар бораи мусиқӣ сухан гуфтан чандон осон нест. Яъне мусиқиро  фаҳмидан кам аст. Мусиқиро бояд донист!

 

          Ҷӯрахон Обидпур,

Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон,

         профессор,  узви ИК Тоҷикистон.

 

барчасп: