Бузургонро бузургон зинда медоранд

Устод Садриддин Айнӣ дар таърихи адабиёти тоҷик бо асарҳои илмиаш ҳамчун адабиётшинос ва муҳаққиқи забардаст машҳур аст. Ӯ аввалин шахсе аст, ки бо асарҳои илмии худ, монанди «Намунаи адабиёти тоҷик», «Устод Рӯдакӣ», «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ, «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул вақоеъ», «Мирзо Абдулқодири Бедил», «Аҳмади Дониш» ва ғайра ба эҷодиёти шоирони гузашта ва ҳодисаҳои адабии он замонҳо баҳои сазовор дода, симо ва асарҳои эшонро зинда гардонид. Хидмати арзандаи устод С. Айнӣ аз он иборат аст, ки ӯ ба василаи ин асарҳои пурқиматаш таърих ва адабиёти ғанию қадима доштани халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Зиёда аз он, асарҳои мазкури илмиву таҳқиқии устод дар замоне таълиф шуда буданд, ки мардуми тоҷик нав ба роҳи худшиносии таърихӣ ворид мегардид. Ин ҷараён бахусус дар солҳои 20, замоне, ки аз ҷониби душманони миллати мо ҳастии таърихӣ,ҳувияти миллӣ ва забону фарҳанги мо инкор карда мешуд ва асари устод «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ба ин муносибат ва дар ҷавоби ин ҳама беадолатиҳо навишта шуд, оғоз гардид. Асарҳо ва рисолаҳои мазкури устод низ дар баробари арзиши баланди илмӣ доштанашон, дар зимн ҳадафи муҳими миллатпарастӣ доштанд, яъне мардуми тоҷикро аз адабиёту фарҳанги худ огоҳ месохтанд ва барои бедор намудану таҳким ёфтани ҳофизаи таърихии онҳо мусоидат менамуданд. Тавре академик Муҳаммадҷон Шакурӣ қайд намудааст: «…. тадқиқоти илмии Айнӣ ҳам дар ҳамин роҳ хидмат мекард. Аз навиштаҳои илмии Айнӣ ҳам халқи тоҷик худро мешинохт ва таърихи худро мефаҳмид. Агар меҳнаткашон аз асарҳои бадеии Айнӣ таърихи тараққиёти ҷамъиятӣ ва шуури иҷтимоиву сиёсии худро дарк карда бошанд, аз асарҳои илмии ӯ таърихи инкишофи маънавии худро дар байни халқҳои гуногун, роли худро дар тараққии маданияти Шарқ бештар донистанд».

Ин амали Садриддин Айнӣ, дарвоқеъ, як кори таърихӣ ва миллатдӯстона буд, ки минбаъд диққати аҳли адаби моро аз ҳама бештар ба худ мекашид. Бахусус дар ибтидои солҳои 60- уми асри гузашта, ки дар ҷомеа як андоза озодии нисбӣ ба амал омада буд, дар адабиёт ва шеъри тоҷикӣ масъалаи руҷӯъ ба таърих ва худшиносии миллӣ хеле пурқувват гардид. Ва яке аз намунаҳои ин худшиносӣ зиндагӣ ва корномаи Айнӣ буд.

Чунин корнамоиву қаҳрамониҳои устод С.Айнӣ дар эҷодиёти яке аз шоирони маҳбуби мо Бозор Собир баръало акси худро ёфтааст. Бозор Собир ҳар ҷо, ки аз Бухоро сухан меронад, як нуктаро ба такрор, вале ҳар бор бо сӯзу сози дигар зикр ва таъкид мекунад. Ин шаҳр, ки гањвораи фарҳангу забон ва адаби ҳазорсолаи тоҷикон буд, бар асари хатоиҳо ва худношинохтагиҳо аз даст рафт. Ин ҳам бошад дардҳои кишвари фоҷеабори тоҷикон ва нақши устод Айнӣ дар таҳқиқи таърихӣ ва бадеии ин фоҷеаи гӯшношунид ва таърихнодида аст. Ва ҳар ҷо, ки Бозор Собир аз устод Айнїёд мекунад, симои Айнӣ, саҳеҳтараш корномаи Айниро дар ҷону ҷигари Бухоро ҷо медиҳад ва мехонад. Ба таъбири дигар дар сурудаҳои шоир Бозор Собир Бухоро ва Айнӣ тавъаманд ва имкони аз ҳам ҷудоиро надоранд. Вай дар банди аввали шеъри «Бухоро» ба мисли як муқаддима ба достони  пурфоҷиае сарсухан навиштааст:

Бухорои адабпарвар,                                                        

Нигоҳи гарми ман

                      аз фарқи кӯҳистон,

Ба сӯят чун Зарафшон

                       рӯзу шаб ҷорист.

Бухоро, бо ғаму афсӯс

                        мебинам,

Ки ҷои бас азизонат,

Дар оғӯши ту ҳамчун ҷои

                      Сино ҷовидон холист.

Тавре ки ба мо маълум аст ва Бозор Собир ҳам дар манзумаи «Муҷассамаи Айнӣ» таъкид кардааст, беҳтарин таҳқиқгари сарнавишту саргузашти Ибни Сино устод С. Айнӣ мебошад:

Гар ба дунё рафт Сино

                                 чун табиби иллате,

Кард ӯро ҳиммати Айнӣ

                                табиби миллате.

Бозор Собир дар банди алоҳидаи қасидаи «Бухоро» мисли он ки фоҷиаи умр ва осори Ибни Синоро як навъ ҷамъбаст мекарда бошад, ба Бухоро дар муроҷиат чунин навиштааст ва чунин ба назар мерасад, ки онро на аз номи худ, балки аз номи устод С.Айнӣ гуфтааст:

Ба дасте рафт аз дастат,

Зари сомонию «Қонун»- и синоӣ

Туро ҳар дузд ғорат кард,

Туро ҳар дӯст қисмат кард,

Ба мардум рангу рӯи зард монд аз асри тиллоӣ.

Аз ин мисраъҳо бармеояд, ки Бозор Собир тамоми осори бадеии устод Айнӣ, ба хусус «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Ёддоштҳо» ва осори илмии ӯро, ки зикрашон дар боло рафт, гаштаю баргашта хонда, дар худ ҳазм намудааст, вагарна маншаи тамоми маълумотномаҳои ӯ нисбати тамаддуни давраи тиллоии Бухоро – Сомониён ба ин дараҷа боварибахш ва саҳеҳ намебаромад. Исботи мо ҳамин банди шеъри муҷассамаи Айнист:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,

Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.

Баъд аз ин Бозор Собир пайваста ба корномаи фарҳангӣ, адабӣ ва миллии устод Айнӣ менигарад ва бо як муҳаббати беандоза онро рӯи сафҳа меорад ва мегӯяд: Он чӣ дар дили Айнӣ ҷӯш ва дар сари Айнӣ ҷавлон мезанад, ҳама аз дарди бекаронии миллати тоҷик иборат будааст ва то Айнӣ ҳеҷ кас ин дардро ба ин дараҷа нозук пай набурда ва дармон ҳам набахшидааст:

То ба Айнӣ гарчи дарёи сухан бисёр буд,

То ба ӯ дар зиндагӣ пайроҳае ноёб буд.

Мисли он рӯзе, ки онро метавон дар ёд дошт,

Дар лаби Вахшу Зарафшон мардуме беоб буд.

 

Бозор Собир дар банди дигари ин шеър бевосита ба таҳқиқоти устод Айнӣ дар бораи сардафтари адабиёти классики тоҷик устод Рӯдакӣ - рисолати таърихӣ ва фарҳангии Сомониён бо як назари хоса менигарад ва барои мо мегӯяд:

Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар,

Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.

Дар Фаранг аз аҳди Сомон гар асар мекофтанд.

Дар Бухоро тӯдае дуздона зар мекофтанд.

 

Ва боз ҳам таъкид мекунад:

 

 Гарчӣ табъи Рӯдакӣ шеъри

                                  закӣ эҷод кард,

Офарин бар табъи Айнӣ

                                  Рӯдакӣ эҷод кард.

 

Бозор Собир баъд аз ин ба хулосае меояд, ки то арзи вуҷуди устод Айнӣ адабиёт барои адабиёт вуҷуд дошт ва устод Айнӣ ба адабиёт дарди дили мардумро бипайваст, ҳаммиллатонашро ба ҳушёрӣ ва худшиносии таърихӣ даъват намуд, инсонро тарбият кард, завқи бадеии мардумро боло бардошт. Ба таъбири дигар, Бозор Собир ояндагонро хушдор месозад, ки агар аз адибони дигари тоҷик дафтару девон ба ёдгор монда бошад, аз устод Айнӣ барои халқи тоҷик дар баробари дафтару девон Ватан ва Миллат ба ёдгор мондааст.

Бозор Собир бузургтарин рисолати таърихии устод Айниро дар ҳамин нукта мебинад ва чун фарзанди сипосгузор назди рӯҳи устод Айнӣ, ба хусус пайкараи боҳашамати ӯ, ки пойтахти Тоҷикистони азизи моро оро медиҳад, сари таъзим фуруд меорад ва манзумаи «Муҷассамаи Айнӣ»-ро эҷод менамояд. Шоир дар ин офаридааш ба мисли як муҳаққиқ ба паҳлуҳои алоҳидаи ҷустуҷӯҳои илмии устод Айнӣ бо чашми дилаш менигарад, ки ин амали ӯро қатрае аз баҳри ихлосу сипоси халқи тоҷик ба шумор овардан мумкин аст:

Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,

Чун китоби кӯҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ.

Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст,

Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст.

Ғайр аз «Муҷассамаи Айнӣ»-и Бозор Собир дар бораи устод Айнӣ асарҳоии назмиву насрии зиёд навишта шудаанд, вале ҳеҷ кадом дар баёни хидматҳо ва корнамоиҳои устод ба мисли ин шеър ин қадар самимӣ ва ҳаққонӣ акси худро наёфтааст.

 

Халқ ҳамчун пайкареву пайкаре чун халқ хест,

Кӯҳи хоропайкаре дар ҳайкале бедор шуд.

Рӯйи ӯ бар сӯйи мову рӯйи мо бар сӯйи ӯст,

Халқ дар тимсоли Айнӣ халқи минбардор шуд.

 

Шукри он марде, ки рӯйи хораҳои кӯҳсор,

Дар замин ҳамқомати давру замон истодааст.

Ҳамчу пири тоҷикон боҳайати пиронааш,

Дар мадори Тоҷикистони ҷавон истодааст.

 

Бозор Собир тавассути ин офаридааш хидматҳои арзандаи устодро дар тимсоли муҷассамааш  баён ва таъкид намуда, чеҳраи намодини ӯро чун таҷассуми таърихи қадим ба вуҷуд меоварад. Айнӣ самбули таърихи гузашта ва имрӯзу ояндаи пурсаодоти Тоҷикистони азиз аст.

Хулоса ашъори ба устод Айнӣ бахшидаи шоир Бозор Собир ба машом бӯйи меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ, ватандӯстиву ватанпарастиро меоранд. Ашъоре, ки дар боло ёд шуд, як навъ эътиқоду парастиш ва қадршиносии ӯро нисбат ба бузургон исбот менамоянд. Чуноне, ки фармудаанд:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

 

Мирзоева Ш.

номзади илмҳои филологи

 

барчасп: