РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВЛАТИ ҚАТАР Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон муаррифӣ намуд

«Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад».

                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониашон тоҷику Тоҷикистонро дар тамоми кишварҳои олам мешиносанд ва эҳтиром қоиланд.

Дар замони шӯравӣ Тоҷикистонро ҷаҳониён хуб намешинохтанд. Ҳама моро шӯравӣ мехонданд. Ёд дорам солҳои 1985 – 89 дар шаҳри Киркуки Ироқ ба ҳайси тарҷумон кор мекардам. Рӯзе ду олмонӣ роҳгум зада, хаставу гурусна ба шаҳраки мо омаданд. Онҳоро бо палови тоҷикӣ меҳмондорӣ кардаму мошинашонро бо бензин пур. Онҳо хеле миннатдор шуда, пурсиданд, ки кистӣ ва аз куҷоӣ? Чун гуфтам: тоҷикам аз Тоҷикистон, китф дар ҳам кашиданд, яъне намедонем. Гуфтам, ки шояд кӯҳҳои Помирро донед. Онҳо хушнудона сар ҷунбонданд, ки медонанд. Бо ҳисси ифтихор гуфтам, ки кӯҳҳои Помир дар ватани мо Тоҷикистон  воқеъ гардидаанд.

Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо он ифтихор дорад,  ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат бо ташаббусҳои оламгир  ва суханрониҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ ва таълифи китобҳои арзишманд, ки бо чандин забон тарҷума шуда, дар аксари кишварҳо паҳн гаштаанд, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён  ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд. Имрӯз Тоҷикистон бо беш аз 130 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 150 давлат  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст.

 

Тоҷикистон ва Қатар тавсеаи муносибатҳо

Яке аз ин кишварҳо Давлати Қатар мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 декабри соли 1994 муносибатҳои дипломатиро бо он барқарор кардааст.

 6-7 майи соли 2007 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Қатар ба вуқӯъ пайваст. Боздиди мазкур пояи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро гузошт. Дар ҷараёни ин боздид 4 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Августи соли 2007 Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо сармоягузории Давлати Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бо риояи нозукиҳои меъмории тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бунёд шавад.  Сохтмони он ба итмом расидааст. Дар шаҳри Душанбе 4 санади муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ ба имзо расид.

Баргузории сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 5 – 7 феврали соли 2017 бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва музокироти сатҳи олӣ дар Давҳа  ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид ва самтҳои дурнамои ҳамкориҳоро дар арсаҳои сиёсию амниятӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва фарҳангию башарӣ таъйин кард. Бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ абзори машваратҳои сиёсӣ дар сатҳҳои вазирон, муовинони вазир ва роҳбарони раёсатҳо таъйин шудааст.

Тамосҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, эътимоди мутақобил ва мавқеи ягона ва ё наздики ду кишвар нисбат ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва инчунин тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳошияи СММ ва созмонҳои дигари бисёрҷониба бар сатҳи баланди робитаҳои сиёсии ду кишвари дӯст далолат мекунанд. Тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар дар тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва таъмини суботу амнияти пойдори минтақавию ҷаҳонӣ нақши созанда ва муассир дорад.

 

Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд. Ҳоло сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хусрав Соҳибзода ва сафири фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал – Абдулло мебошанд.

Давлати Қатар дар нимҷазираи Қатар воқеъ гардида, онро аз се тараф Халиҷи Форс иҳота карда, аз тарафи ҷануб бо Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 11 ҳазор 581 километри  мураббаъ буда, теъдоди аҳолиаш ба 2,6 млн (тибқи саршумории аҳолӣ дар соли 2017) мерасад, ки 313 ҳазор шаҳрванди қатарӣ ва 2,3 млн муҳоҷирон аз кишварҳои Ҳиндустон, Непал, Филиппин, Покистон, Шри-Ланка, Бангладеш ва Эрон мебошанд .

 

Қатар аҳолӣ ва масоҳат

Қатар шоҳигарист ва сардори давлат амир маҳсуб меёбад. Забони расмӣ арабӣ ва пойтахташ шаҳри Давҳа мебошад. Ҳарорати ҳаво дар тобистон то ба 50 дараҷа мерасад ва аз моҳи декабр то март салқин аст.  Ҳамагӣ даҳ дарсади заминҳо дар шимоли мамлакат ба кишоварзӣ мувофиқ асту халос, боқӣ қуму регзор аст. 80 дарсади аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Асоси иқтисоди Қатарро истихроҷи газу нефт ва коркарди он дар бар мегирад.  ММД  ба ҳар сари аҳолӣ дар Давлати Қатар 129 360  доллар буда,  дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад.

Давлати Қатар барои гузарондани Чемпионати футбол  соли 2022 - юм 200 миллиард доллар ҷудо кардааст, ки ҳоло сохтмони иншоотҳои бузург ба монанди ҳафт стадион, аз ҷумла «Халифа», «ал – Байт», «ал – Бакра», «ар – Район» идома дорад.

 

Сафар ба Давҳа

Ба мо чор нафар хабарнигор муяссар шуд, ки ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар бо ҳайати расмӣ Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Адҳам Маъмурзода, муовини сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Истанбул ба Давҳа  парвоз намоем. Моро сафир Хисрав Соҳибзода пешвоз гирифт. Мавриди зикр аст, ки иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар баъд аз сафари ҳунарӣ дар Давлати Кувайт бо роҳбарии Ибодулло Машраб, муовини якуми вазири фарҳанг, гурӯҳи эҷодӣ ва маъмурӣ дар ҳайати Носир Саидов, директори муассисаи давлатии телевизионии «Сафина», коргардон,Мирзоолим Саидов, сардори раёсати санъати вазорат, директори барнома, Таҳмина Воҳидова, муовини директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, маъмур – ҳамоҳангсози чорабиниҳо, ҳамчунин, сарояндагон, ансамбли созҳои миллӣ ва ансамбли рақсии «Парасту» се соат қабл ба ҳамон меҳмонхона бо унвони «ар – Район» омада буданд, ки ба ҳар яки мо низ  аз он хонаҳои алоҳида доданд.

Дар чандин суҳбату мулоқоте,  ки бо ҷониби арабҳо баргузор гардид,  бо итминон метавон гуфт, ки сатҳи дипломатияи намояндагони мо хеле баланд буда, онҳо дар иҷрои вазифаҳои хеш пайрави Пешвои миллатанд ва дар ҳифзи манфиатҳои миллии кишварамон саҳми босазо мегузоранд.Чунончи шоир мефармояд:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфту шунидан тавоно бувад.

 

Дар Осорхонаи миллии Давлати Қатар

23 ноябр баъд аз нисфирӯзӣ ҳайати намояндагони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи  шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро  тамошо карданд. Ин осорхонаи шахсӣ дар дунё беназир буда, яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Дар он беш аз шашсад намуди автомобили сабукрав, аз ҷумла аввалин мошинҳои ихтироъкардаи инсоният аз тамоми кишварҳо ҷамъоварӣ  шудааст. Ҳазорҳо навъи нигора ба монанди сару либос, ашёи рӯзгор, силоҳи дастӣ чун корд, шамшер, ханҷару камонҳои мухталиф, тангаҳои давлатҳои қадим ҳатто сиккаҳои тиллоии Корун ҳолгӯи тамаддуни қадимаи инсониятанд. Ҳар рӯз садҳо сайёҳони хориҷӣ ба тамошои ин осорхона меояд. Шайх Файсал зимни муаррифии осорхона иброз дошт, ки ӯ худ узви комиссияи ЮНЕСКО буда, чандин конфронсу чорабиниҳои сатҳи  ҷаҳонӣ маҳз дар ҳамин ҷо баргузор гардидаанд. Тамошои осорхона ба ҳайат хеле писанд гардид. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, таассуроти хешро дар дафтари меҳмонони фахрии осорхона қайд кард.

 

Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 24 ноябр ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар Театри драмавии «Катара» бо суханони ифтитоҳии вазирони фарҳанги ҳарду кишвар - Шамсиддин Орумбекзода ва Салоҳ бини ­Ғоним ал - Алӣ бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфтанд. Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ҳунармандони мумтози ҷумҳурӣ Давлатманди Хол, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии «Парасту» шомил буданд.

Намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи  Театри  драммавии «Катара»  гузошта шуда буданд, таваҷҷуҳи тамошобинон ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Давлати Қатарро, ки ба ин ҳамоиши фарҳангӣ омада буданд, ҷалб кард. Дар намоишгоҳ 50 сурат, аз ҷумла акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ зимни боздиди расмӣ 5-7 феврали соли 2017 дар Давҳа ва дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлолият насб гардида буданд. Мусаввараҳои рассомони тоҷик Фаррух Хоҷаев «Тирамоҳ», «Интизорӣ», Карим Наҷмиддинов «Зилзила», Равшан Рақибов «Манзараҳои Рашт» ва дигар мусаввараҳо аз Меҳриддини Абусаид, Эраҷ Олимов, Олимхон Рабиев, Муҳаммаднаққош Шарифов хеле ҷолиб буданд. Онҳоро Исмоил Муродов, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, масъули мусаввараҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, Ҷамшед Холиқов, рассом, масъули аксҳо ва ороишгар, ба намоиш гузошта буданд.  

Ҳангоми тақдими барнома таваҷҷуҳи меҳмононро, ки шаҳрвандони шаҳри Давҳа ва намояндагиҳои корпусҳои дипломатии муқими Давлати Қатар ташкил медоданд, намудҳои гуногуни рақсу сурудҳои ҳунармандони тоҷик ҷалб намуд.

Баъд аз анҷоми барномаи консертӣ Вазири фарҳанги Давлати Қатар Салоҳ бини ­Ғоним ал - Алӣ таассуроти худро чунин баён дошт: «Ростӣ, ман баъд аз қисмати аввали барнома мебоист тибқи нақша аз толор мебаромадам, вале шавқи тамошои ҳунармандони тоҷик нагузошт, ки толорро тарк намоям. Аз ҳунари баланди санъаткорони тоҷик хеле хушҳолам».

 

Тақдими китоби Пешвои миллат ба Китобхонаи миллии Қатар

Барномаҳои Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар рӯзи 25 ноябр бо ҳузури намояндагони ҳайати кишвар бо шиносоӣ аз Китобхонаи миллии ин кишвар идома ёфт ва меҳмонон бо фаъолияти он шинос шуданд.

Баъд аз  боздид аз ин боргоҳи дониш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (бо забони арабӣ) ва китоби академик Бобоҷон Ғафуров- «Тоҷикон» - ро ба мудири ин китобхона ҳамчун ҳадя такдим намуд.

Ба гуфтаи мудири  китобхона, дар баробари 3 миллион китоби ин махзан, донишҷӯёну кишваршиносон бо тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги тоҷикон бештар шинос мешаванд. Китобхонаи миллии Давлати Қатар баъд аз китобхонаи Миср дар ҷаҳони араб  ҷои дуюмро мегирад.  Ҳамарӯза ба ин даргоҳи илму маърифат беш аз се ҳазор хонанда меояд. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сабти таассуроти хеш дар дафтари осорхона ин байти Соибро навишт:

Соиб, маталаб рӯи касеро, ки дар ин даҳр,

 Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст.

Онро Хисрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар Қатар, ба забони арабӣ бо ҳамон вазну қофия навишт, ки мудир ва кормандони китобхона ба ваҷд омаданд.

 

«Фалак» - рубоиёти халқӣ ва шеъри Устод Рӯдакӣ танинандоз шуд

Рӯзҳои 25 – 26 ноябр консерти ҳунармандони тоҷик дар калонтарин  маркази савдои шаҳри Давҳа – «Қатар мол», ки дар он 8600 нафар кор мекунад, баргузор гардид. Баромади ҳунармандонро чор монитори бузурги доирашакл, ки дар болои саҳна дар баробари табақаи дуюми бино, ҳатто аз он ҳам баланд насб гардида буданд намоиш медод. Пеши саҳнаро ҳавзи мармари сиёҳ бо фаввораҳои паст ва гулҳои рангоранг оро медод. Ба ғайр аз он тамошобинони сершуморе, ки дар атрофи саҳна ҷамъ омада буданд боз садҳо нафар муштариёну фурӯшандаҳо аз дӯконҳо чи дар ошёнаи якум ва чи дар ошёна дуюм аз тариқи мониторҳо баромади ҳунармандони тоҷикро бо шавқи беандоза тамошо мекарданд. Ба тамошобинон бештар суруду таронаҳои ҳунармандон Давлатманди Хол, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва рақсҳои ансамбли рақсии «Парасту» аз қабили «Дилноз», «Дугонаҳо», «Ҷилваи Хатлон», «Хурӯши ҷавонӣ» писанд гардиданд. Назар ба гуфтаи Хисрав Соҳибзода, дар Қатар беш аз сад нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият дорад. Мо бо чанде аз онҳо – Диловар Салимов, Алишер Қосимов, Қосимҷон Саидов, Аббос Шарифов ва дигарон суҳбат доштем, ки дар мағозаву ресторан ва меҳмонхонаҳо кор мекардаанд. Шодиву сурурашон аз тамошои консерт ҳадду канор надошт. Онҳо бо ҳунармандон,   бахусус, бо Ҳунарманди мардуми Тоҷикистон Давлатманди Хол бо камоли мамнунӣ ва шарафмандӣ барои хотира сурат гирифтанд.  

 

Макрам Дарвозӣ: «Ба суроғи аҷдодони хеш ба Тоҷикистон меравам»

Дар байни тамошобинон ду ҷавонмарди аврупоинажоди чашмкабуд, ки яке дар тан либоси расмӣ дошт, бо як ҳаяҷон ва завқи беандоза баромади санъаткорони моро тамошо ва бо телефонҳои мобилӣ сабт мекарданд. Пас аз баромади санъаткорони тоҷик яке аз онҳо худро Ампито Пюме шаҳрванди Англя муаррифӣ карда, иброз дошт, ки ба ман ҳамчун санъатшинос   рақси зебои гулдухтарони тоҷик, савту навои сарояндагону мутрибон хеле писанд аст. Дар ҳақиқат санъати зебо ва  баланди тоҷикон чун ганҷ ва рози нокушудаест, ки омӯзиш ва таҳқиқоти зиёдеро талаб менамояд. Чун ин суханҳоро ҳамроҳаш аз англисӣ ба арабӣ тарҷума кард, чашмам ба корти дар костюм часпондааш афтод, ки дар он Макрам Дарвозӣ мудири хидматрасонӣ ва менеҷери бузургтарин Маркази тиҷоратии ин давлат “Қатар мол” навишта шуда буд. Дар фурсати муносиб пурсидам, ки оё шумо тоҷик ва аз Дарвози Тоҷикистонед?

-Бале, - гуфт ӯ, - аҷдодони мо сесад сол қабл аз Бухоро ба Алҷазоир ва аз он ҷо ба Тунис амадаанд.Чун шуғли асосии онҳо дар Дарвоз деҳқонӣ  будааст, дар ин ҷо низ минтақаи кӯҳистонро интихоб карда, ба кишоварзӣ машғул шудаанд. Онҳо бо меҳнати ҳалол соҳибэҳтиром ва фарзандонашон дар таҳсил ва омӯзиши илму маърифат муваффақ гардида, ба мақомоти баланд расидаанд. Ҳоло яке аз ин авлод ба ҳайси вазири фарҳанги Тунис фаъолият дорад. Ман ҳашт сол қабл аз тариқи озмун ба ин вазифа таъйин гардида, дар ин ҷо кор мекунам. Волидонам ҳамеша таъкид мекунанд, ки мо бояд решапайванди худро  дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон ёбем ва рафтуомад кунем. Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овардааст, ки тамоми кишварҳои олам, хусусан мамолики араб бо Тоҷикистон  равобити дӯстона ва бародарона дошта бошанд ва ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо ривоҷ ёбанд. Ман орзу дорам, ки Тоҷикистонро бубинам ва иншооллоҳ  баҳори соли оянда ба суроғи аҷдодони хеш ба Дарвози Тоҷикистон меравам.

 

Ба вақти рақси мавзунат

Ростӣ,  ҳамаи тамошобинон шефтаи рақси гулдухтарони ансамбли «Парасту» гардиданд ва аз нигоҳи фаттону ғизолона, ҳаракатҳои латифу сариъу дилошуб ва чархзании мутадовим ба ҳайрат омаданду аҳсан хонданд ва аз шавқ кафкӯбӣ карданд, ки ҳамон байти Мирзо Турсунзодаро ба хотир меорад:

Ба вақти рақси мавзунат, ба чашмони пурафсунат,

Кабутар дар ҳаво, оҳу ба саҳро гашта маҷнунат.

Бахусус, вазири фарҳанг ва спорти Давлати Қатар Шайх Солеҳ ­Ғоним Ал - Алӣ ба истеъдоди ҳунармандони тоҷик баҳои баланд дод ва рақсу савту навои санъаткорони тоҷикро нафису зебо, дилошуб ва гӯшнавозу қавӣ арзёбӣ кард.

Исматулло Файзуллоев, сарбалетмейстери Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли «Парасту», зимни суҳбат иброз дошт, ки муваффақият ва бузургии рақс асосан ба  қудрату тавоноии пойҳо вобаста аст. Ҳар як ҳаракат – хамшавии даст, миён, гардан, зарби по ифодагари образ аст. Агар образ пайдо нашавад рақс маъно надорад. Назар ба гуфтаи ӯ ҳафт сол қабл, яъне моҳи майи соли 2012 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар ва Саидбухорӣ Маҷидов, собиқ директори филармония, ансамбли рақсии «Парасту» таъсис ёфт. Мо ба муассисаҳои таълимии оливу миёна рафта, аз тариқи озмун 80 нафарро интихоб кардем, ки аз он 34 нафар қабул шуд. Баъди ду моҳи машқу омӯзиш 11 нафар боқӣ монд. Чун духтарон ба шавҳар баромаданд, бинобар ҳамин соли 2014 ҳайати даста аз нав ба тариқи озмун интихоб шуд. Исматулло Файзуллоев бо таассуф иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ягона мактаби рақс  Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова мебошад, ки он ҳам хобгоҳ надорад ва хоҳишмандон хеле каманд. Ҳамчунин, ҳамкории композиторону балетмейстерҳо он қадар назаррас нест. Аз ин ҷост, ки мусиқӣ барои рақс хеле кам  эҷод мегардад.

-Боиси ифтихор аст, ки ҳунарнамоии гулдухтарони моро дар Федератсияи Россия,Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Хитой ва Кувайту Қатар хеле хуш пазируфтанд. Ҳангоми рақси хитойӣ дар Пекин  ва рақси қирғизӣ дар Бишкек аҳли толор ба по хеста кафкӯбӣ карданд, - мегӯяд Исматулло Файзуллоев.     

Мавриди зикр аст, ки чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос ёфта, аз ҷониби ширкатҳои гуногуни телевизионӣ низ намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, рӯзномаҳои «Ал Ватан», “Ал-Араб”, “Ар-Роя” - и Давлати Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намуданд. Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон баъди ба анҷом расидани сафари ҳунарӣ бо таассуроти баланд ба ватан баргашт.

Мунаввари САФАР, ходими калони

 шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

Душанбе – Давҳа - Душанбе

барчасп: