Таҳти чунин унвон санаи 26-уми апрели соли 2022 дар Кохи Борбад консерти гурӯҳи ҳунарии этно-фолклории халқии «Шинави» ва эпоссароёну раққосони Маркази милли “Гукак”-и Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Консерти мазкур зери шиори “30-юмин соли барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Корея” доир шуд. Аз сенарияи барнома маълум гардид, ки масъулияти асосии консерти бошукӯҳро маркази миллию фарҳангии “Гукак” ба уҳда дорад. Ба қавли Директори генералии ин Марказ – Ким Ён Вун «консерти имрӯза Роҳи Абрешимро бо роҳи фарҳанг аз Душанбе то Сеул тавассути фарҳанг ва санъат пайваст намуда, нуқтаи оғози омодагӣ барои 30- соли нави ҳамкориҳо мешавад», ки ин шиор дар барномаи чорабинӣ низ дарҷ гардида буд.
Дар оғоз сухан ба сафари Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок дода шуд. Ӯ дар суханрониаш ба ҳамкориҳои судманди фарҳангии ду кишвар баҳои баланд дода, баргузории чунин ҳамоиши фарҳангиро барои устувор нигоҳ доштани муносибатҳои минбаъда фоли нек арзёбӣ намуд. Баъдан муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитсон Обид Назариён ҳам дар суханронии хеш ташрифи ҳозиринро ба чунин як барномаи фарҳангӣ хайрмақдам гуфт. Дар идомаи сухан аз муносибатҳои фарҳангии 30-солаи фарҳангии ду кишвар ба таври мухтасар ёдовар шуд. Назариён О. Қайд намуд, ки Ҷумҳурии Корея яке аз аввалин давлатҳо буд, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикитсонро ба расмият эътироф намуд. Дар фарҷоми сухан аз аҳли ҳунар миннатдорӣ намуда, ба ҳозирин истироҳати бофароғат таманно кард.
Мавриди зикр аст, ки дар консерти мазкур чор номераи консертӣ аз ҷониби ҳунармандони Маркази милли Гукак пешниҳоди ҳаводорони ҳунари асил гардид. Номераҳои консертии мазкур хусусияти сирф этнографӣ-фолклорӣ дошта, аз рӯйи мазмуну муҳтаво эҷодкунанда ё худ муаллифи аслии он рақсу сурудҳо халқи одии Куриё мебошанд. Номераи аввали ин консерт «Рақс бо веер» ном дошт, ки аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд. Веер ин бодпараки махсус аст, ки аз қадимулайём хоси занони олинажоди Куриё маҳсуб меёбад. Веер алорағми бодпараки оддӣ на дар як чӯб бо матои бамбукии ғафс, балки дар чанд чӯбча бо матои ҳарири абрешим омода мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳо ин рақс хоси раққосаҳои дарбори шоҳӣ буда, ҳаракатҳои он ифодакунандаи назокату нафосат ва шарму ҳаёи занон мебошад. Рақс бо веер аз ҳаракатҳои муштарак таҷассум кардани мавҷҳои обу равиши бод, гули нилуфар, таъзими хоси занонаи куриёгӣ ва чун нишони аз чашми бегона ва нурҳои зараррасони офтоб паноҳ додани рӯй бо веер иборат мебошад, ки ҳар як ин образҳои тавассути ин рақс эҷоднамудаи гулдухтарон рамзҳои махсуси худро дорад. Шояд шабеҳияти ин рақс бо «Рақси қу» ва «Рақс дар саҳро»-и мо бошад, ки тамошобини тоҷик онро бо як дилгармии хосса тамошо карданд.
Мусаллам аст, ки ягон консерти гурӯҳҳои халқӣ ва ҳатто имрӯза гурӯҳҳои К-РОР-иро наметавон бидуни Пан ҳаго Сори ё худ Пансори (판소리) тасаввур кард. Зеро ҳар як консерти ҳунарии гурӯҳҳои этно-фолклории ин давлат ва сарояндаҳои Куриё, ки аксаран қалбашон лабрези муҳаббати миллаташон аст, барои ибрози ғурури миллияшон ҳатман ин мероси гаронбаҳои фарҳангияшонро дар номераҳои консертияшон ҷой медиҳанд ва консерти дирӯза низ аз ин эпоси машҳур орӣ набуд. Эпоси “Пансори” дар иҷрои ду санъаткор: Сориккун (소리꾼) – сароянда ва Косу (고수) – таблнавоз иҷро шуда, таҷассумгари муҳаббати поку беолоиши байни зану мард мебошад, ки аз якчанд достон ва хурддостонҳо иборат аст ва дар намоиши консертии «Аз Душанбе то Сеул» бошад, эпоссаро Ҷонг Ҳи Сок бо таблнавоз Ҷо Ён Бок пораи «Ҷунҳаянганын Саранга» (суруди муҳаббат)-ро иҷро намуданд. Мӯҳтавои ин эпос як кам бо эпоси машҳури «Гурғулӣ»-и мо шабеҳ аст.
Номераи сеюм «Шинави» ном дошта, аз мусиқии анъанвӣ шаманӣ маншаъ гирифта, аз иҷроиши ҳамҷояи асбобҳои мусиқии халқии кореягӣ, аз қабили комунго, ҳеким, най иборат аст. Ин мусиқи ба мо нолаи найи “Сайёди ошиқ” аз нигоштаҳои Баҳманиёрро меорад.
Ва ахиран рақси машҳури “Пангут ҳаго Сого” (Пангут ва Сого) намоиш дода шуд, ки саҳнаи иҷроиши он ба ҳарб гуселонидани афсар маҳбубашро дорад. Зарбҳо ва пойкубию саҳнаҳои акробатии ин рақс печутобхурӯии моҳӣ ва тоб додани бупои кулоҳашон ифодакунандаи ҷунбиши мӯйи гулмонанди муйсафед аст. Ин рақс образҳои мухталифро дар худ таҷассум намуда, шаҳодат аз сукунати ин мардум дар соҳили баҳр ва эътиқоду эҳтироми онҳо ба солорон аст.
Хулоса, консерти мазкур барои шахси закӣ чун китоби кушодаи таърихи куҳани ин миллат ва фарҳанги бойи онҳо мебошад. Умед бар он мебандем, ки пас аз ин консерт робитаҳои фарҳангии ин ду кишвар боз ҳам қаринтар шуда, пули мустаҳкаме дар равобити фарҳангии халқҳои Кореяву Тоҷикистон мегардад.
Фарангиси Фармон,
ходими калони илмии
Маркази мероси фарҳангии ПИТФИ